Душанбе. 27-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҷиноҳи М.Искандаров) ба мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ пешниҳод месозад, ки дар шароити бӯҳрони молӣ асноди меъёрии қонунгузории зиддибӯҳронӣ таҳия сохта, ҳукумати зиддибӯҳронӣ ташкил намояд.
Чӣ тавре ки дар барномаи зиддибӯҳронии ҲДТ қайд карда мешавад, дар давраи бӯҳрон бояд як силсила қонунҳо дар бораи чораҳои зиддиӯҳронӣ қабул карда шаванд, ки бояд аз қонунҳои қаблан ба тасвиб расида афзалият дошта бошанд. ҲДТ ба ҳукумати кишвар тавсия медиҳад, ки аз ҳисоби коршиносони салоҳиятдори соҳаи ҳуқуқшиносӣ гурӯҳи корие таъсис дода шавад, то ба қабули қонунҳои саҳеҳ мусоидат карда шуда, ин қонунҳо бояд ташкили ҳукумати зиддибӯҳрониро пешбинӣ кунанд. «Чунин ҳукумат бояд бо маслиҳату розигии ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва ҳамчунин аҳзоби сиёсӣ, ТҒД, иттифоқҳои касаба ва иттиходияву созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил гардад», - гуфта мешавад дар барномаи зиддибӯҳронии ҲДТ.
Дар барнома ҳамчунин зикр мегардад, ки ҳукумати зиддибӯҳронӣ танҳо дар давраи бӯҳрон амал хоҳад кард ва ба он баҳри танзими иқтисод, воситаҳои молиявӣ, истифодаи фишангҳои иқтисодӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ва ғайра мебояд ваколатҳои фавқулоддаву махсус дод. «Ҳукумати зиддибӯҳронӣ ҳамчунин бояд шаффофияти иттилоот дар бораи вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриро таъмин созад», - омадааст дар барномаи зиддибӯҳронии ҲДТ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста