Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молияи кишвар супориш додааст, ки барои пур кардани сармояи оинномавии ҶСК “НБО Роғун” 100 млн сомонӣ (беш аз 9,1 млн доллар) ҷудо кунад. Аз ин, 17 млн сомонӣ аз ҳисоби ҷаримаҳои “Шаҳри бехатар” аст. Эҳтимол ин маблағ барои идомаи сохтмони ин нерӯгоҳ сарф шавад.
Дар қарори дахлдори ҳукумат, ки дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи кишвар нашр шудааст, омадааст, ки ин маблағ аз ҳисоби фонди муътадилсозӣ оид ба рушди иқтисодиёт ҷудо мешавад.
Фонд дар навбати худ ин маблағро аз буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби даромадҳои зерин мегирад:
- бақияи суратҳисоби суди саҳмияҳои давлатӣ - 60 млн. сомонӣ;
- бақияи суратҳисоби маблағҳо барои меъёри пардохт аз фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ, ки аз ҳисоби уҳдадориҳои молиявии соли 2022 ворид гардидаанд - 23 млн. сомонӣ;
- бақияи суратҳисоби воридоти ҷаримаҳо аз камераҳои мушоҳидавии низоми "Шаҳри бехатар" - 17 млн. сомонӣ.
Фонди мӯътадилсозии рушди иқтисод тибқи моддаи 16 Қонун “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” аз ҳисоби барзиёд иҷро намудани қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ пурра карда мешавад. Маблағҳои фонди мазкур, пеш аз ҳама, барои рушди саноати сӯзишворию энергетикӣ, таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, рушд додани соҳаҳои иҷтимоӣ ва сари вақт адо намудани қарзи берунии давлатӣ ҷудо карда мешаванд.
Сохтмони НБО-и Роғун то кунун танҳо аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ сурат гирифтааст. Интизор меравад, ки дар соли нав маблағҳои ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои анҷоми кор ҷалб карда шаванд. Сармоягузорони эҳтимолии лоиҳа Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузории Аврупо, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Рушди АвруОсиё ва ғайра мебошанд.
Дар қарори ҳукумат мушаххасан гуфта намешавад, ки ин маблағҳо барои чӣ коре сарф мешавад. Танҳо ишора мегардад, ки “Ҷамъияти саҳомии кушодаи "НБО Роғун" истифодаи саривақтӣ ва мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хароҷоти анҷомдодаро пешниҳод намояд”.
Вале бо ишора ба вазъи молиявии НБО “Роғун” эҳтимол аст, ин маблағ барои идомаи сохтмони ин тарҳ равона карда шавад.
Миллиардҳо лозим
Дар авоили моҳи ҷорӣ вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар дод, ки барои анҷоми сохтмони НБО “Роғун” ҳамасола бояд 1 миллиард доллар масраф шавад ва дар маҷмӯъ барои иҷрои комили ин тарҳ (то соли 2029) 6,2 миллиард доллар лозим аст.
Соли 2008, замоне, ки корҳо дар иншооти нерӯгоҳи “Роғун” барқарор шуданд, нархи он 3 млрд доллар арзёбӣ мешуд. Баъдан, соли 2016 зикр шуд, ки арзиши он 3,9 млрд долларро ташкил медиҳад. Нимаи соли 2022 Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ дар бораи зарурати ҷалби 5 млрд доллар барои анҷоми пурраи татбиқи лоиҳа хабар дода буд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар, рӯзи ҷумъаи гузашта ба “Азия-Плюс” гуфт, ки ҳукумат дар солҳои оянда барои маблағгузории нерӯгоҳи “Роғун” 5 миллиард сомонӣ (456 миллион доллар) ҷудо карданист.
Тибқи иттилои Вазорати молия, аллакай созишномаҳо оид ба ҷалби қарзи имтиёзнок бо Фонди рушди Саудӣ ба маблағи 100 миллион доллар ба имзо расидааст.
Аз оғози соли 2023 барои идомаи сохтмони он зиёда аз 3 млрд сомонӣ, аз ҷумла 2,6 млрд сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва 427 млн сомонӣ аз ҳисоби фурӯши барқи дар ду агрегати ин неругоҳ истеҳсолшуда равона гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар, рӯзи 28-уми декабри соли гузашта, зимни ироаи паёми худ ба порлумони кишвар эълом дошт, ки агрегати навбатии неругоҳи барқи обии Роғун дар соли 2025 ба истифода дода мешавад.
Ду агрегати аввали ин нерӯгоҳ мутаносибан аз соли 2018 ва 2019 бо нерӯи кам (100-200 МВт) кор мекунанд.
Маълумотномаи “Азия-Плюс”
НБО “Роғун” аз бузургтарин лоиҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқаррашудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нерӯгоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.
Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор додани агрегати охирини неругоҳ соли 2029 дар назар аст. Анҷоми пурраи корҳои сохтмон дар нерӯгоҳ соли 2033 пешбинӣ шудааст.
Всемирный банк презентовал в Душанбе Доклад о климате и развитии
Храп и апноэ во сне: как лишний вес ставит под угрозу ваш отдых и здоровье?
Япония построила школу в селе Таги Чинор в Истаравшане
Президент запустил футбольную школу и обувную фабрику на севере Таджикистана
Таджикистан в октябре поставил соседям электричество на 3,8 миллионов долларов
TİKA подарило спортинвентарь баскетболистам-колясочникам Таджикистана
"Мы ничего не знаем". Суд по делу известных политиков вновь прошел за закрытыми дверями
В Казахстане закрыли проезд по мосту между Европой и Азией
Власти Абхазии усмотрели в действиях протестующих признаки госпереворота
На каких условиях Казахстан будет приобретать энергию Рогунской ГЭС?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста