Аз 14 то 16-уми октябр дар Душанбе яке аз рӯйдодҳои асосии соли ҷорӣ - "Форуми сармоягузории Dushanbe Invest-2025" баргузор мегардад, ки ба эҳтимоли зиёд, метавонад роҳҳои наверо барои иқтисоди Тоҷикистон боз кунад. Дар ин бора ва дигар масъалаҳои марбут ба бахши сармоягузории кишвар, аз ҷумла, муҳити сармоягузорӣ, имкониятҳои соҳибкорон ва дигар мавзуҳо Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар суҳбати ихтисоси бо "Азия-Плюс" маълумот дод.
Таваҷҷуҳ ба сармоягузориҳои сабз
- Дар бораи ҳадафи асосии баргузории форуми байналмилалии сармоягузорӣ маълумот медодед. Чаро ин форум ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои ҷомеаи байналмилалии соҳибкорон муҳим аст?
- Яке аз ҳадафҳои асосии форум муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисод мебошад.
Инчунин, пешниҳоди маълумоти зарурӣ ба сармоягузорони дахлдор, фароҳам овардани минбар барои мубодилаи иттилоот, дарёфти маълумот дар бораи тамоюлҳои нав дар ҷомеаи сармоягузорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва албатта, имзои санадҳои ҳамкорӣ, ки метавонанд ба рушди минбаъдаи иқтисоди мо мусоидат намоянд.
Баргузории форумҳои сармоягузорӣ яке аз воситаҳои муҳими ҷалби сармоя ба иқтисоди ҳар кишвар аст. Масалан, Форуми сармоягузории Тошканд, ки ҳар сол баргузор мегардад ё Форуми иқтисодии Санкт-Петербург. Форумҳои ба ин монанд дар кишварҳои халиҷи Форс низ роҳандозӣ мешаванд.
Мо ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта зимни муаррифии ин ғоя миёни шарикони рушд дар Тоҷикистон ба баррасии ин масъала шурӯъ кардем, бо ҳукумат ҳамкорӣ карда, онҳо моро дастгирӣ карданд. Ҳоло ба таҳияи барнома ва даъвати иштирокчиён машғулем.
Форуме, ки имсол баргузор мекунем, соли 2023 низ дар Душанбе доир шуда буд. Яъне ҳукумат ният дорад чунин форумҳоро як бор дар ду сол баргузор намояд, баъдан мебинем, ки чӣ тавр идома хоҳад ёфт.
Имсол шиори асосии форум — "Сармоягузориҳои сабз: имкониятҳои имрӯз барои ояндаи устувор" мебошад.

- Тоҷикистон чӣ гуна мехоҳад худ ва ин форумро ҳамчун майдони сармоягузориҳои устувор ва ба экология нигаронидашуда муаррифӣ кунад? Оё арзёбии мушаххаси лоиҳаҳо аз рӯи меъёрҳои экологӣ ва иҷтимоӣ мавҷуд аст?
— Формати "ESG" ("экология, сиёсати иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ") яке аз бандҳои асосии барномаи форум мебошад.
Мо дар доираи "Dushanbe Invest-2025" се самти асосиро ҳадаф қарор додаем, ҳарчанд барнома аз чорабиниҳои гуногун иборат аст. Тамаркузи асосӣ ба сармоягузориҳои сабз хоҳад буд, аз ҷумла тавассути энергияи сабз. Самти дуюм — рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ, самти сеюм — модели "ESG", ки бояд дар татбиқи ҳар гуна лоиҳаҳое, ки дар оянда дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд, истифода шавад.
Фарогирӣ дар ҷараёни омодагӣ
- Нақши шарикони рушди Тоҷикистон, мисли Бонки осиёии рушд (БОР), Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР дар ин форум чӣ гуна хоҳад буд?
- Шарикони рушди Тоҷикистон ҳамеша кӯшишҳои ҳукуматро дастгирӣ мекунанд, бахусус агар онҳо ба рушди устувор равона шуда бошанд. Тамоми корҳои омодагии форумро мо бо иштироки шарикони худ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, БОР, IFC, ЕБРР ва дигарон анҷом медиҳем.

- Чӣ чиз "DIIF-2025"-ро ҳамчун майдони муносиб барои сармояи венчурӣ ва стартапҳо месозад?
- Яке аз принсипҳои асосӣ дар омодагӣ ва баргузории ин форум фарогирӣ (инклюзивность) мебошад. Ин маънои ҷалби мустақими шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро дорад, ки аз ташкили мавзӯъҳо ва сохтори барнома то ҷалби сухангӯёни асосӣ дар омодагии форум иштирок мекунанд.
Лаҳзаи дуюми фарогирӣ гуногунқишрии ҷомеаи сармоягузорӣ мебошад, аз ҷумла стартапҳо, ки ба чорабиниҳои форум ҷалб карда мешаванд.
Аз ин рӯ, барнома доираи васеи чорабиниҳои гуногунро дар бар мегирад, аз ҷумла тренинг ва дарсҳои маҳорат (мастер-классҳо). Муҳим ин аст, ки шунавандагон мутахассисони ҷавон ва стартаперҳо хоҳанд буд, ки метавонанд аз сармоягузорони пешсаф, ки дар ин самт ба дастовардҳои бузург ноил шудаанд, таҷриба андӯзанд.
Мо ҳамчунин андешаҳои сиёсатмадорон, сармоягузорон ва раҳбарони соҳаи тиҷоратро мешунавем. Аз ин рӯ, барои стартаперҳои ҷавон ва онҳое, ки дар чорчӯби фондҳои венчурӣ ва сармояи венчурӣ фаъолият мекунанд, ин имконияти хуб аст, барои ошноӣ бо тамоюлҳои нав ва ҳамчунин монеаҳое, ки дигарон паси сар кардаанд.

Лоиҳаҳои муваффақи сармоягузорӣ
- Метавонед лоиҳаҳои муваффақи сармоягузории солҳои охирро, ки дар Тоҷикистон амалӣ шудаанд, мисол оред?
- Пеш аз ҳама, ин лоиҳаҳое мебошанд, ки бо ибтикори ҳукумати ҷумҳурӣ оғоз шудаанд. Масалан, НБО-и "!Роғун". Чанд соли охир ҳукумат бо шарикони рушд таҳти "чатр"-и Бонки ҷаҳонӣ кор мебарад, то захираҳои молиявиро барои анҷоми сохтмони ин нерӯгоҳ ҷалб намояд. Барои татбиқи ин лоиҳа ҳукумат бо 11 фонди рушд ва ниҳодҳои молиявӣ ба тавофуқ расидааст.
Ҳамчунин, давоми солҳои 2023–2024 барои иҷрои ин лоиҳа ба маблағи тақрибан 1 млрд доллар созишнома ба имзо расид. Ният дорем бо истифода аз фонд ва ниҳодҳои молиявии гуногун тақрибан 4 млрд доллар сафарбар созем.
Ин ҳама намунаи нодири як лоиҳаи ESG мебошад, зеро, аввалан, он нерӯи обии барқароршаванда, неруи барқи дастраси устувор мебошад. Сониян, он ҷиҳати идораи устувори захираҳои об, коҳиши хатарҳо, сабук намудани оқибатҳои хушксолӣ ва ҳамзамон саҳми бузург дар коҳиши партовҳои гази карбон имконият фароҳам меорад.
Ҳисоб карда шудааст, ки агар ҳамон ҳаҷми неруи барқе, ки НБО-и "Роғун" тавлид хоҳад кард, дар як неругоҳи ангиштӣ истеҳсол шавад, партовҳои солона тақрибан 14 млн тонна хоҳанд шуд. Дар ҳолати истифодаи мазут - 10 млн ва истифодаи гази табиӣ - 7 млн тонна дар сол. Пас, ин намунаи лоиҳаест, ки барои ноил шудан ба рушди устувор аҳаммияти хеле калон дорад ва ин аз нодир будани НБО-и "Роғун" гувоҳӣ медиҳад.

Мисоли дуюм лоиҳаҳое мебошанд, ки бо иштироки бахши хусусии Тоҷикистон амалӣ мегарданд. Ин консорсиуме зери роҳбарии "Avesto Group" аст, ки лоиҳаи татбиқи низоми биллингиро дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе амалӣ намуд. Дар муддати нисбатан кӯтоҳ онҳо тавонистанд сатҳи талафоти неруи барқро аз 19% то 8% коҳиш диҳанд.
Дар заминаи ин комёбӣ мо бо ин консорсиум барои татбиқи чунин лоиҳа дар 16 шаҳр ва ноҳияи кишвар созишномаи нав ба имзо расондем.
Намунаи сеюм, сармоягузорони хориҷие мебошанд, ки дар Тоҷикистон муваффақона фаъолият доранд. Масалан, ширкатҳои чинии "Пакрут", "Зарафшон" ва "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин", ки на танҳо фаъолият доранд, балки сохтмони корхонаҳои металлургиро низ дар Тоҷикистон оғоз намудаанд.
Боз як мисоли дигар ширкати "Анзоб", як ширкати амрикоӣ, ки истихроҷи сурмаро дар Тоҷикистон зиёд кард ва ҳоло кишвари мо аз рӯи ҳаҷми истихроҷи ин маъдан дар ҷаҳон ҷои сеюмро касб мекунад.
Ба ҳар ҳол, яке аз ҷаласаҳои форуми сармоягузорӣ ба маъданҳое бахшида мешавад, ки барои гузариш ба иқтисоди сабз заруранд. Тоҷикистон аз ин захираҳо ғанист ва ман фикр мекунам, ки бо шарофати ин форум мо метавонем таваҷҷуҳи бештари сармоягузоронро ба лоиҳаҳои ҷумҳурӣ ҷалб намоем.
— Дар бораи интизориҳо аз форум чӣ гуфтан мумкин аст? Оё аллакай нақшаҳои имзои созишномаҳои стратегӣ вуҷуд доранд?
— Ҳама гуна форум як майдонест барои муаррифии имкониятҳо ва имзои санадҳои зарурӣ. Мо ният дорем як қатор асноди гуногун, яъне ҳам бо иштироки давлат ва ҳам бахши хусусиро ба имзо расонем. Умедворем, ки ҳадафҳои мо амалӣ мешаванд.
Қонуни нав
- Барои боло бурдани шаффофият ва пешгӯишавандагии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҷорисозии кадом механизмҳои мушаххас ба нақша гирифта шудааст?
- Рақамисозӣ самтест, ки ҳукумати мо фаъолона ба он равона аст. Ин як механизми пурқувват барои таъмин намудани шаффофияти пешбурди тиҷорат ва коҳиши монеаҳое хоҳад шуд, ки дар рушди тиҷорат ҳам вуҷуд доранд.
Самти дуюм, соли 2025 аз ҷониби парлумон қабул шудани қонуни нав аст. Мо ду қонуни қаблан амалдошта - дар бораи сармоягузорӣ ва дар бораи созишномаи сармоягузориро муттаҳид карда, ба як қонун — "Қонун дар бораи сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ" табдил додем.

Ин қонун муносибатҳои тарафҳои гуногунро танзим намуда, имконияти бартараф кардани монеаҳо ва фароҳам овардани имкониятҳои иловагиро ҳам барои ҷалби сармоя ва ҳам барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон пешбинӣ мекунад.
Марҳилаи навбатӣ — аз ҷониби ҳукумат қабул шудани "Стратегияи ҷалби сармоягузорӣ ба ҷумҳурӣ то соли 2040" аст. Ин ҳуҷҷати нисбатан нав дар охири моҳи июни соли ҷорӣ тасдиқ шуд. Дар он самтҳои асосӣ барои татбиқи фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорон муайян шудааст: аз энергетика ва саноат то нақлиёт ва кишоварзӣ. Ба ин ҷо ҳамчунин соҳаҳои сайёҳӣ, бонкдорӣ ва соҳаи технологияи иттилоотӣ (IT) дохил мешаванд. Ҳамаи ин самтҳо дар доираи Стратегия фаро гирифта шуда, мо аллакай иҷрои онро оғоз кардаем.
— Оё иштироки Тоҷикистон дар лоиҳаҳои сармоягузории фаромиллӣ баррасӣ мешавад? Масалан, дар доираи ибтикори Чин ё дигар ташаббусҳои минтақавии Осиёи Марказӣ?
— Тоҷикистон як ҷузъи ибтикори "Як камарбанд — як роҳ" аст. Дар доираи ин тарҳ дар кишвар аллакай якчанд лоиҳа амалӣ шудаанд. Ин дастгирии молиявӣ асосан тавассути ҳукумати Чин роҳандозӣ мешавад, ки чанде аз бахшҳои муҳимро фаро мегирад. Аммо миёни онҳо ман бахши нақлиётро махсус ҷудо мекардам, зеро он ба татбиқи зиёди лоиҳаҳо кумак карда, ба Тоҷикистон ҷиҳати иртиботи бештар ҳам бо минтақа ва ҳам бо худи Чин имконият медиҳад.
Тоҷикистон бо чӣ метавонад сармоягузоронро ҷалб кунад?
- Рақобатпазирии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон аз лиҳози сармоягузорӣ чӣ гуна арзёбӣ мешавад?
- Раванди ҷалби сармоягузорӣ хеле мураккаб буда, ҳар кишвар бояд бартариҳои худро дошта бошад, то ки барои сармоягузорон ҷолиб бошад. Барои Тоҷикистон ин боз ҳам мушкилтар аст: мо дар муқоиса бо кишварҳои дигар давлати хурдем ва ҳамчунин ба баҳр роҳ надорем.
Аммо чанд ҷиҳатҳое ҳастанд, ки Тоҷикистонро дар муқоиса бо дигар кишварҳо ҷолиб мегардонанд.
Пеш аз ҳама, ин захираҳои энергетикаи барқароршаванда мебошанд. Мо ба самти сармоягузориҳои сабз мегузарем, ки яке аз тамоюлҳои асосии солҳои охир аст ва дар оянда низ чунин боқӣ хоҳад монд.
Тоҷикистон дар ин замина бартарӣ дорад. Аввалан, дар ҷалби сармоягузорон ба лоиҳаҳои марбут ба энергетикаи сабз, аз ҷумла гидроэнергетика (нерӯи барқи обӣ). Айни замон танҳо тақрибан 5% аз иқтидори гидроэнергетикии мо истифода шуда, 95%-и боқимонда сармоягузориро интизоранд.
Дар бахши энергетикаи барқароршаванда ин ҳам офтоб ва ҳам бод мебошанд, ки мо захираҳои бузург дорем. Ҳукумат акнун ҳоло ба татбиқи чунин лоиҳаҳои бузург оғоз кардааст.

Айни ҳол бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мешавад. Ҳамчунин, ҳукумат ҷиҳати то дар се соли оянда татбиқи лоиҳаҳое бо ҳаҷми умумии 1500 мегаватт неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ тадбирҳо меандешад.
Ин лоиҳаҳо хеле фаъолона пеш бурда шуда, умедворем, ки дар доираи форуми сармоягузорӣ имконияти имзои чунин созишномаҳо низ пайдо мешаванд.
Ҷиҳати дигар иштироки ширкатҳои хориҷии сармоягузор дар лоиҳаҳои марбут ба маъданҳои ҳаётан муҳим аст. Онҳо барои истихроҷ, коркард ва истеҳсоли маъданҳое имкон медиҳанд, ки барои гузариш ба иқтисоди сабз заруранд, аз ҷумла нуқра, литий, сурма, мис ва дигар минералҳо.
Яке аз афзалиятҳои муҳими дигар он аст, ки айни ҳол тақрибан 98% нерӯи барқи мо аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мешавад, асосан аз об (гидро). Ин рақобатпазирии маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшударо дар бозори ҷаҳонӣ таъмин мекунад. Зеро дар ҷаҳон тамоюли ҷорисозии андози карбон рӯйи кор омадааст.
Масалан, соли 2023 дар Шветсия барои 1 тонна гази карбон ба маблағи 130 евро андоз ҷорӣ шуд. Дар Канада — 36 доллар ва то соли 2030 ният доранд онро то 170 доллар боло баранд. Ҳатто дар кишварҳои дар ҳоли рушд, аз ҷумла Чили, низ андози карбон ҷорӣ шудааст — 5 доллар барои 1 тонна.

Соли гузашта таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ ҳисоботи марбут ба иқлим ва рушди Тоҷикистон нашр шуд ва яке аз тавсияҳои бонк ва шарикони рушд - ҷорӣ кардани андози карбон буд.
Аён аст, ки дар ояндаи наздик ба бисёр кишварҳо чунин тавсияҳо дода мешаванд. агар кишварҳо чунин андозро ҷорӣ кунанд, он барои маҳсулоте, ки бо истифода аз манбаъҳои ғайрибарқароршаванда истеҳсол мешавад, гарон хоҳад буд. Аммо маҳсулоте, ки дар Тоҷикистон бо гувоҳномаи "сабз" истеҳсол мешавад, дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазир хоҳад монд, зеро он ба андози карбон вобаста нахоҳад шуд.
Боз як ҷиҳати муҳими дигар дар он ифода меёбад, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги минералҳои ҳаётан муҳим мебошад, ки таваҷҷуҳ ба истихроҷ, коркард ва истеҳсоли онҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле баланд аст.
- Сармоягузорӣ рақобату мубориза аст. Дар минтақа рақиби асосии мо кист?
- Ҳама рақибанд. Зеро сармоягузорӣ яке аз роҳҳои асосии ҷалби захираҳои молиявист. Аз ин рӯ, ҳамаи кишварҳои минтақа барои ҷалби сармоя кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Аммо ҳар кишвар, чунон ки ман зикр кардам, бартариҳои худро дорад. Ҳадафи мо тавассути форуми сармоягузорӣ ҷалби таваҷҷуҳ ва сармояи ширкатҳои байналмилалӣ ба иқтисоди мо мебошад.
- Аз таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя чиро мехостед ба худ бигиред?
- Масалан, дар Ӯзбекистон механизми шарикӣ байни давлат ва бахши хусусӣ хеле рушд кардааст. Мо таҷрибаи онҳоро омӯхта, айни замон имконияти татбиқи лоиҳаҳои бузургро тавассути ин механизм баррасӣ дорем. Дар мо низ чунин лоиҳаҳо амалӣ мешаванд, аммо зарфияти онҳо ба андозае нестанд, ки мо мехоҳем.
Аз ин рӯ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги зерсохторӣ дар доираи шарикӣ миёни давлат ва бахши хусусӣ ба ҳукумат пешниҳодҳои муайян омода мекунад.
Мисоли ин коркарди кони "Ёшлик I" дар Ӯзбекистон - як қисми лоиҳаҳои ҶСК "Комбинати кӯҳӣ-металлургии Олмалиқ" аст. Дар маҷмӯъ, дар заминаи ин комбинат 9 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии қариб 13,6 млрд доллар татбиқ мешавад.

Дар Қирғизистон низоми андоз ва гумрукро тавассути рақамисозӣ ислоҳ карда, барои тиҷорати хурд имтиёзҳои нав ҷорӣ менамоянд.
Мо ҳамеша меомӯзем, ки ҳамсояҳоямон чӣ кор кардаанд, то онро дар Тоҷикистон низ амалӣ сохта, имконияти ҷалби бештари сармоя ва рушди бештар муваффақонаи тиҷорати хурду миёнаро фароҳам созем.
Дастгирии тиҷорати хурду миёна
- Фазои сармоягузорӣ ва муҳити соҳибкорӣ дар Тоҷикистонро дар муқоиса бо шароити тиҷорат дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Тавре ки ман аллакай зикр кардам, ҳукумат корҳои зиёдеро анҷом медиҳад: қонуни нав, барномаҳои дастгирии рушди бахши хусусӣ, барномаҳои дастгирии соҳибкории занон.
Ба фикрам, иқдоми президенти кишвар дар бораи эълони мораторий ба санҷишҳои соҳибкорон то соли 2027 низ ба рушди минбаъдаи ин соҳа таъсири мусбат расонд. Агар дар 6 моҳи 2024 афзоиши теъдоди соҳибкорон дар Тоҷикистон 3,4% ташкил дода бошад, пас дар соли 2025 ин нишондиҳанда ба 4,6% расид. Яъне, рушди соҳибкории миёна ва хурд бештар тақвият ёфтааст.
Соли гузашта дар ҳамдастӣ бо Додситонии кулли кишвар мо доир ба дастгирии бахши миёна ва хурди тиҷорат дар Тоҷикистон машварат баргузор кардем. Дар кишвар ҳоло 375 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунанд, соли гузашта ин рақам тақрибан ба 360 ҳазор нафар баробар буд. Вобаста ба теъдодии умумии аҳолии кишвар, ин каме бештар аз 3% аст. Ин 3% аҳолӣ қариб 70%-и ММД Тоҷикистон ва 60%-и бо шуғл фаро гирифтании аҳолиро таъмин месозанд. Аз ин рӯ, мо бояд ҳарчи бештар соҳибкорони худро дастгирӣ кунем, то теъдодашон зиёд шавад.
- Дар масъалаи сармоягузорӣ Тоҷикистон то чӣ андоза бо диаспораҳо ҳамкорӣ мекунад? Оё барои ҷалби соҳибкорони хориҷии зодаи Тоҷикистон ягон воситаҳо вуҷуд доранд?
- Мо дар ин самт фаъолият дорем. Дар ду соли охир мо як қатор чорабиниҳо доир намудем, аз ҷумла дар хориҷи кишвар низ. Яке аз охиринҳо хӯроки шомгоҳӣ (гала-ужин)-и пуршукӯҳ дар Абу-Дабӣ мебошад.
Дар чунин чорабиниҳо мо ба ҷалби ҳамватанон, ки тиҷоратро дар хориҷ ба роҳ мондаанд, кӯшиш мекунем. Онҳо ба амалӣ кардани лоиҳаҳои худ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд доранд.
Дар ин замина, ҳамроҳи "Tajinvest" мо як ташаббуси "намояндаи сармоягузорӣ" (инвест-атташе)-ро роҳандозӣ намудем. Яъне ҳамватанонро дар хориҷ ҷалб мекунем ва онҳо бо хоҳиши худ дар чандин самт ба мо кумак мекунанд: таблиғот, муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар хориҷа, ҷалби сармоя, ташкил кардани муколама, ҷустуҷӯи шариконе, ки метавонанд дар иқтисодии мо сармоягузорӣ кунанд.
Дигар, тавассути ин механизм мо мехоҳем худи онҳоро ҷалб кунем, ки ҷузъи ҷомеаи Тоҷикистон шаванд ва барои рушду пешрафти Тоҷикистон кор кунанд.
Дар доираи форуми сармоягузорӣ, мо ният дорем, ки мизи гирди «бидуни гарданбанд (галтстук)» ташкил кунем, ки дар он ҳамватанони мо аз хориҷа, вазирон, раҳбарони вазорат ва идораҳои Тоҷикистон метавонанд масоили муҳимро бо дастрасии кушод ва осон мавриди баррасӣ қарор диҳанд.










