Аз ҷониби Маркази илмӣ-тадқиқотии Вазорати корҳои дохилӣ аз 12 то 28 декабри соли 2018 дар миёни сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба фикру ақидаи мардум нисбат ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ пурсиши иҷтимоӣ гузаронида шуд. Пурсиш дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ гузаронида шуда, шумораи онҳо 2796 нафарро ташкил доданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикитсон, варақаҳои саволномаҳои ба аҳолӣ пешниҳодгардида аз 17 савол иборат буда, он масъалаҳои боварии мардум аз фаъолияти кормандони милитсия, огоҳии аҳолӣ аз комёбиҳо ва дастовардҳое, ки мақомот дар солҳои охир ба он ноил гардидааст, ҳамкориҳои кормандони милитсия бо аҳолӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро дар бар мегирад.
Натиҷаҳои таҳлили пурсиши иҷтимоии аҳолӣ нишон дод, ки аз шумораи умумии пурсидашудагон 2285 нафар аҳолӣ ё 81,7% онҳо ба фаъолияти кормандони милитсия боварӣ дошта, 511 нафари дигар ё 18,3% боварӣ надоранд.
Вобаста ба саволе, ки солҳои охир фаъолияти милитсия чигуна тағйир ёфтааст, 1524 нафар ё 74,5% онҳо ҷавоб доданд, ки фаъолияти милитсия хуб гардидааст, 98 нафар ё 2,5% пурсидашудагон ҷавоб доданд, ки на онқадар хуб гардидааст, 867 нафар ё 21% ҷавоб доданд, ки тағйир наёфтааст ва 307 нафар ё 2% ба савол ҷавоб дода натавонистанд.
Ба саволи кадом самти фаъолияти мақомоти милитсия беҳтар гардидааст, 1062 нафар ё 38% фаъолияти хадамоти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, 363 нафар ё 13% фаъолияти хадамоти БДА, 447 нафар ё 16% фаъолияти хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, 503 нафар ё 18% хадамоти тафтишот ва 280 нафар ё 10% фаъолияти хадамоти таҳқиқотро ном бурда, 140 нафар ё 5% ба савол ҷавоб дода натавонистанд.
Ба саволи он, ки аз ҳамкории кормандони милитсия бо аҳолӣ қаноатманд ҳастед, 2013 нафар ё 72% ҷавоб доданд, ки қаноатмандем, 587 нафар ё 21% пурра қаноатманд набуда, 196 нафар ё 7% ба савол ҷавоб дода натавонистанд.
Вобаста ба саволи Шумо омодаед, ки дар вақти зарурӣ ба милитсия ёрӣ расонед, 2404 нафар ё 86% ҷавоб доданд, ки ҳамеша омодаем дар вақти зарурӣ ба милитсия ёрӣ расонем, 392 нафар ё 14% боқимонда иброз доштанд, ки на он қадар хоҳиши ёрӣ расонидан дорем.
Дар саволи ба милитсия муроҷиат намуда, қаноатманд гаштаед, 1230 нафар ё 74% ҳангоми муроҷиат намудан қаноатманд гаштаанд, 419 нафар ё 15% дигар ҳангоми муроҷиат пурра қаноатманд нагаштаанд ва 1146 нафар ё 11% онҳо ба савол ҷавоб дода натавонистанд.
1901 нафар ё 68% аз фаъолияти «Телефони боварии Вазири корҳои дохилӣ - 221-21-21» огаҳӣ дошта, 895 нафар ё 32% аз телефони қайдгардида пурра огаҳӣ надоранд.
1733 нафар пурсидашудагон ё 62% аз фаъолияти «Телефони мадад - 19-19 дар ВКД» огаҳӣ дошта, 1063 нафар ё 38% аз телефони зикргардида огаҳӣ надоранд.
Оид ба саволи дар бораи фаъолияти созмони дружиначиёни ихтиёрии милитсия маълумот доштан, 2265 нафар пурсидашудагон ё 81% онҳо ҷавоб доданд, ки дар бораи фаъолияти ин гуна ташкилоти ҷамъиятӣ маълумот доранд ва 531 нафар ё 19% онҳо ҷавоб доданд, ки дар ин бора маълумоти пурра надоранд.
Вобаста ба саволи дар бораи фаъолияти милитсия аз кадом сарчашмаҳо маълумот мегиред, 1789 нафар ё 64% ҷавоб доданд, ки ба воситаи телевизион, 244 нафар ё 8,7% ба воситаи радио, 509 нафар ё 18,2% аз шабакаи глобалии «Интернет», 170 нафар ё 6,1% аз рӯзномаю маҷаллҳо ва 84 нафар ё 3% ҷавоб доданд, ки аз шаҳрвандон дар бораи фаъолияти милитсия маълумот мегиранд.
Доир ба саволи ба таври объективӣ инъикос гардидани фаъолияти милитсия дар васоити ахбори омма, 2432 нафар ё 87% ҷавоб доданд, ки фаъолияти милитсия дар васоити ахбори омма ба таври объективӣ инъикос мегардад, 299 нафар ё 10,7% ҷавоб доданд, ки фаъолияти онҳо пурра ба таври объективӣ инъикос намегардад ва 65 нафари боқимонда ё 2,3% ба саволи мазкур ҷавоб дода натавонистанд.
Хангоми пурсиш ба саволе, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худро дар амну субот ҳис менамоед, 2553 нафар ё 91,3% пурсидашудагон ҷавоб доданд, ки бале, худро пурра дар амну субот ҳис менамоянд, 243 нафар ё 8,7% посух доданд, ки онҳо худро на ба таври пурра дар амну субот ҳис наменамоянд, 1790 нафар ё 64% пурсидашудагон ба саволи хоҳиши корманди милитсия шуданро доштан, ба таври мусбӣ ҷавоб доданд, вале 615 нафар ё 22% на онқадар хоҳиш дар милитсия кор намуданро дошта, 391 нафар ё 14% ба саволи қайдгардида ҷавоб дода натавонистанд.
Вобаста ба саволи маъқул будани сару либоси кормандони милитсия ба шаҳрвандон, 2069 нафар ё 74% ҷавоб доданд, ки либоси кормандон зебанда мебошад, 280 нафар ё 10% қисман ва 196 нафар ё 7% ба савол ҷавоб дода натавонистанд.
Вобаста ба саволи ҷавоншавии кадрҳо дар милитсия, 1454 нафар ё 52% ин иқдомро дастгирӣ намуда, 419 нафар ё 15% онро қисман ва 615 нафар ё 22% онро пурра дастгирӣ накарданд. 308 нафар ё 11% ба савол ҷавоб дода натавонистанд.
Ба саволи қаноатманд будани шаҳрвандон ба фаъолияти Маркази идоракунии «Шаҳри бехатар», 1845 нафар ё 66% ҷавоб доданд, ки аз фаъолияти Маркази мазкур қаноатманданд. 335 нафар ё 12% қисман қаноатманд буда, 503 нафар ё 8% пурра қаноатманд нестанд ва 113 нафар ё 4% ба саволи мазкур ҷавоб дода натавонистанд.
Ҳамчунин, аз шаҳрвандон дар бораи кадом самти фаъолияти милитсия ба тағйирот эҳтиёҷ дорад, 783 нафар ё 28% самти фаъолияти хадамоти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, 699 нафар ё 25% самти фаъолияти хадамоти Бозрасии давлатии автомобилӣ, 280 нафар ё 10% самти фаъолияти Хадамот шиносномавию бақайдгирӣ, 280 нафар ё 10% самти фаъолияти таҳқиқот, 224 нафар ё 8% самти фаъолияти тафтишот ва 531 ё 19% ҷавоб доданд, ки ягон самти фаъолияти милитсия ба тағйирот эҳтиёҷ надорад.