Вақте Хадамоти алоқа яке аз сабабҳои сабти такрории сим-кортҳо (бо шиносномаи нав, ки дар он изи ангушт сабт шудааст)-ро “пешгирӣ аз қонунвайронкуниҳо, таҳдиди терроризм ва экстремизм” шарҳ дод, мо суол гузоштем, ки кӣ бояд изи ангушт супорад.

Тибқи моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ» шахсоне таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ қарор мегиранд, ки:

- дар содир намудани ҷиноят гумонбар шудаанд, ба ҳабс гирифта шудаанд, айбдор ва маҳкум карда шудаанд, инчунин шахсоне, ки ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, садамаи роҳи барои муайян кардани шахсият кӯмак мекунанд;

- ба хизмати ҳарбӣ, хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба кор дар корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва ё воҳидҳои сохтории онҳо, ки фаъолияти кориашон ба ҳаёти кормандон хатари калон дорад ё бо режими махсуси махфӣ алоқаманд аст, бо номгӯи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда қабул карда мешаванд;

- ба мақомоти корҳои дохилии ҷои истиқоматашон барои гирифтани иҷозатномаи истифодабарии яроқи оташфишон муроҷиат мекунанд;

- бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё синну сол дар бораи шахсияти худ маълумот дода наметавонанд;

- дар ҳудуди минтақаҳои фавқулоддаи хавфноки дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ истиқомат менамоянд;

- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки аз қудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд.

- шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи панноҳгоҳ меоянд, таҳти бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ қарор мегиранд.

- таҳти бакайдгирли давлатии дактилоскопии ҳатмӣ инчунин ҷасадҳои шахсияташон номаълум қарор мегиранд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №647)

Чаро ин мавзуъ мубрам гардид?

Чанде пештар Хадамоти алоқа дар номаи расмии худ иброз намуд, ки сим-кортҳо бояд бо шиносномаи нав, ки дар он изи ангуштҳо сабт шудааст, аз нав ба қайд гирифта шаванд.

Ёдовар мешавем, ки ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” ба Дастгоҳи Президенти Тоҷикистон мактуб навишта, зикр намуд, ки бо шиносномаи нави дорои изи ангушт сабт кардани сим-кортҳо бо қонунгузории кишвар мухолифат мекунад. Ин мактубро аз Дастгоҳи Президент ба Хадамоти алоқа фиристодаанд:

“Вақти он расидааст, ки барои пешгирии қонунвайронкунӣ, ҷинояткорӣ, таҳдиди терроризм ва экстремизм, ки тариқи телефонҳои мобилӣ содир карда мешаванд, изи ангуштони муштариҳо гирифта шавад”,-гуфта мешавад дар мактубе, ки 20 март санагузорӣ шудааст.

Дар ин мактуб Хадамоти алоқа ба дархости ширкати “Ҳимоя” вобаста ба мушаххас кардани қонунӣ будани сабти дубораи сим-кортҳо бо шиносномаи нав, ки моҳи феврали соли равон маълум гардид, посух гардонидааст.

Дар мактуб омадааст, ки “дар сурати содир шудани ҷиноят, аз рӯйи изи ангушти муштариён пайдо кардани содиркунандаи ҷиноят осон мегардад”.

“Дар робита ба ин ва аз сабаби он, ки дар шиносномаҳои нав (ID-карта, - аз нашрия) изи ангушт гирифта мешавад, зарурати дигарбораи сабти сим-кортҳо бо шиносномаи нав пеш омад”,-гуфта мешавад дар мактуб.

Ба қавли ҳуқуқшиноси ширкати “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев онҳо ба Дастгоҳи Президент бо мактуб муроҷиат намудаанд ва дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки аз нигоҳи онҳо тағйироте, ки тибқи он сим-кортҳои бо шиносномаи соли 1996 гирифташуда, бояд аз нав сабт карда шаванд, ба қонунгузории ҷории кишвар мухолифат мекунад. Ин тағйирот дар қарори ҳукумат оид ба “Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва хизматрасонии вобаста ба он”, ки моҳи феврали соли равон содир шудааст, зикр ёфтааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.