Имрӯз мо дар асри иттилоот – асри интернет зиндагӣ мекунем. Асре ки дар як мижа задан иттилоот аз як кунҷи дунё ба кунҷи дигараш паҳн мешавад. Иттилоот аз манбаҳои мухталиф сарчашма мегирад ва на ҳамеша дақиқу ростин аст. Мутаассифона рӯз ба рӯз шумори хабару паёмҳои “фейкӣ”, бардурӯғ ва таҳрифшуда дар шабакаи интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ меафзоянд. Танҳо ба туфайли тафаккури интиқодӣ, яъне бо назари шубҳа нигоҳ кардан ба маълумот, мо метавонем хабари бардурӯғро аз ростин ҷудо кунем. Барои ҳамин имрӯз тасмим гирифтем дар бораи тафаккури интиқодӣ ва чӣ тавр рушд додани он ба шумо маълумот дихем.
Тафаккури интиқодӣ чист?
Тафаккури интиқодӣ яке аз малакаҳои асосии асри 21 аст, ки ба шахс имкон медиҳад, то иттилоотро таҳлил кунад, хулоса барорад ва дар асоси он маълумотро қабул намояд ва мавқеашро муайян намояд.
Тафаккури интиқодӣ ин қобилияти хуб ва оқилона андеша кардани шахсро мегӯянд, ки дар асоси он шахс чӣ кор кардан ё ба чӣ бовар карданашро муайян менамояд. Он қобилияти тафаккур кардан ва мустақилона фикр карданро дар бар мегирад.
Тафаккури интиқодӣ барои чӣ лозим?
Барои таҳсил: Тафаккури интиқодӣ дар интихоби манбаҳое, ки мо дар вақти таълим такя мекунем, кӯмак мерасонад, ба мо таълим медиҳад, ки муносибатҳои сабабу натиҷа, иттилооти умумӣ ва сохториро муайян кунем, мавқеи худро асоснок кунем ва камбудиҳои мавқеи дигаронро бинем. Тафаккури интиқодӣ дар омӯзиши фанҳое муҳим аст, ки дар онҳо на танҳо дониш, балки қобилияти мулоҳиза кардан доштан зарур аст ва ягона ҷавоби дуруст ба савол вуҷуд надорад: таърих, фалсафа, сиёсатшиносӣ, илмҳои иҷтимоӣ. Ҳар қадаре ки сатҳи тафаккури интиқодӣ баландтар бошад, азхуд кардани барномаи мактабӣ ва барномаи таълимӣ осонтар аст.
Дар вақти фаъолияти корӣ: Имрӯз, мутахассисони ҳар як соҳа бояд натанҳо амалҳои муқаррариро хуб иҷро кунанд, балки қарорҳои навоварона қабул кунанд, роҳу равишҳои навро дар ҳалли мушкилот пайдо намоянд. Бартарӣ ба кормандоне дода мешавад, ки мазӯъро оқилона муҳокима карда нуқтаи назари худро исбот мекунанд. Тафаккури интиқодӣ ба арзёбии вазифаҳои корӣ аз нуқтаҳои гуногун кӯмак мекунад ва барои пешгирӣ кардани хатоҳои вобаста ба носаҳеҳӣ ё маълумоти нокифоя кӯмак мерасонад.
Барои ҳаёти рӯзмарра: Дар ҳаёти ҳаррӯза шахс бояд мустақилона қарор қабул намояд, баъзан ҳолат бар асоси маълумоти нопурра ва носаҳеҳ. Ин қарорҳо ба таҳсил, кор, саломатӣ, ҳаёт ва муносибатҳои шахсӣ рабт доранд. Тафаккури интиқодӣ ба шумо имкон медиҳад, ки роҳи дурусти амалро интихоб намоед ва аз хатоҳои ҷиддӣ худро эмин нигоҳ доред.
Чӣ бояд кард, то тафаккури интиқодиро рушд диҳем?
Бидуни дониши кофӣ ба таври интиқодӣ фикр кардан ғайри имкон аст. Барои рушди тафаккри интиқодӣ шахс бояд аз донишҳо ва маълумоти зиёд бархӯрдор бошад. Пеш аз баҳодиҳии интиқодӣ ба мушкилот, он бояд аз ҳама ҷонибҳо таҳқиқ карда шавад, шахс бояд вазъро дар заминаи рӯйдодҳои дигар бубинад ва бо мурури замон рушди онро пайгирӣ намояд.
- Ҳамеша ба омӯзиши донишҳои соҳаҳои гуногун машғул шавед:
- Ба тарзи доими адабиёти бадеӣ ва илмиро мутолиа намоед.
- Филмҳои ҳуҷҷатӣ ва дарсҳои интернетӣ, ки дар дастрасии кушоди порталҳои омӯзишӣ ва Youtube –каналҳо қарор доранд, тамошо намоед.
- Одамон ва рафтори онҳоро мушоҳида кунед - ин ба шумо кӯмак мекунад, то сабаби рафтори онҳоро фаҳмед ва стратегияи ҳамкорӣ дар вазъиятҳои гуногунро таҳия намоед.
- Бо мардум гуфтугӯ кунед, ба андеша ва таҷрибаи онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунед, ин ба шумо имконият медиҳад, ки мавқеи худро нисбати ягон масъала муайян намоед.
Машқҳо ва методикаҳои махсус барои рушди тафаккури интиқодӣ
1. Бозии шоҳмот. Шоҳмот тафаккури мантиқиро инкишоф медиҳад. Ба шахс меомӯзонад, то сабаб – пайомад ва натиҷаи пешрафти рӯйдодро пешгӯйи намояд. На танҳо бозии шоҳмот муфид аст, балки ҳалли мушкилоти шоҳмот низ барои инсон хеле муфид аст.
2. Муаммоҳо, бозиҳои мантиқӣ, ҳал кардани сканворду кроссвордҳо, инчунин бозии "кубик-рубик". Ҳалли муаммоҳо таваҷҷӯҳ ва мантиқро равнақ медиҳад, суръати тафаккурро такмил медиҳад ва ба ҷузъҳои хурд таваҷҷуҳ намуданро меомӯзад.
3. Бозиҳои мантиқӣ ва тахассусие, ки мантиқ ва хаёлотро рушд медиҳанд.
4. Усулҳои рушди тафаккури ғайримуқаррарӣ. Тафаккури ғайримуқаррарӣ ва танқидӣ аз бисёр ҷиҳатҳо шабеҳанд, бо кӯмаки онҳо шахс мушкилотро аз паҳлӯҳои гуногун баррасӣ менамояд, муносибати навро дар ҳалли мушкилот пайдо мекунад, иттилоотро таҳлил мекунад ва хулоса мебарорад.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
Российские аналитики определили главные вызовы для стран Центральной Азии
«Теперь лезут через заборы». В Душанбе демонтировали 17 пешеходных переходов
В Душанбе стартовали предновогодние ярмарки с продуктами по сниженным ценам
Кто они – новые заместители Эмомали Рахмона в НДПТ?
УМВД: В компьютерном центре в Душанбе подростки употребляли наркотики
Президент Грузии Саломе Зурабишвили отказалась уходить с поста и потребовала назначить новые выборы парламента
Трамп: «Правительство США будет признавать только два пола – мужской и женский»
Таджикские дзюдоисты завоевали медали на международном турнире Russian Judo Tour
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 23 декабря 2024 года
Где заказать торт на Новый год в Душанбе и Худжанде?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста