Интиқоли бастаи нави аслиҳа ба Украина, "ҷанги изҳорот ва қонунҳо" байни Иттиҳоди Аврупо ва Русия, "иттиҳоди газӣ" байни Маскав ва Остона ва даъвати Бастрикин барои фиристодани шаҳрвандони нави Русия ба ҷанг - ин ва дигар хабарҳо дар шарҳи ҳаводиси байналмилалии ҳафтаи гузашта.
Вохӯрӣ дар Рамштайн
Ҷаласаи ҳаштуми кишварҳои иттифоқчӣ ба унвони “Рамштайн”-ро, ки барои баррасии масъалаҳои кумаки ҳарбӣ ба Украина ба таври мунтазам баргузор мешавад, метавон яке рӯйдодҳои муҳимтарини сиёсии ҳафтаи гузашта донист.
Таваҷҷуҳ ба ин вохӯрӣ ба ду омил асос ёфтааст: аввал, он ба аввали соли 2023 рст омада, қарорҳои қабулшуда ҳаҷми кумаки низомиро ба Украина ҳадди ақал ба муддати ним соли наздик муайян мекунад.
Сониян, ин мулоқот дар як марҳалаи гардиш дар ҷанги Русияву Украина, дар пасманзари набардҳои шадид дар Донбасс ва гузоришҳо дар бораи ҳамлаи густардаи артиши Русия дар моҳҳои феврал-март сурат гирифт.
Тавре ки ВВС хабар медиҳад, натоиҷи ин дидор воқеан қобили таваҷҷуҳ будааст - кишварҳои ширкаткунанда дар бораи бастаи кумаки чандмиллиарддолларии низомӣ ба Украина барои чанд моҳи оянда ба мувофиқа расиданд. Ҳамин тариқ, ИМА ба Украина ба маблағи 2,5 млрд доллар аслиҳа, аз ҷумла мошинҳои зиреҳпӯши пиёдагарди (БМП) Bradley, мошинҳои вазнини зиреҳпӯши Stryker, мушакҳои зиддитанкии TOW, мошинҳои фармондеҳию ситодӣ, мошинҳои зиреҳпӯши MRAP, 350 ҷипҳои HMMWV интиқол медиҳад.
Дигар кишварҳо ваъда доданд, ки мошинҳои зиреҳпӯш барои неруҳои пиёдагард, тӯпҳои гуногун, низомҳои дифои зиддиҳавоӣ, чархболу мушак ва дигар муҳимоти ҷангӣ медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, ҷонибҳо бобати интиқоли танкҳои вазнин ба Украина ба истиснои 12 танки “Challenger” -и истеҳсоли Британия, ба созиш расида натавонистанд.
Яке аз масъалаҳои калидии вохӯрӣ таъмини Украина бо танкҳои Леопарди истеҳсоли Олмон буд. Дигар кишварҳо ба интиқоли он омодаанд, лекин барои ин розигии Олмон лозим аст. Канслери Олмон Олаф Шолтс ҳоло бо сабаби ташдиди хатар ба амният дар минтақа интиқоли онро рад мекунад.
Ба иттилои “Мавҷи Олмон” (DW), вазири нави мудофиаи Олмон Борис Писториус санҷиши парки танкҳои Leopard-ро супориш дода, изҳор доштааст, ки “агар бо иттифоқчиён созиш ҳосил шавад”, қарор зуд қабул мешавад. Ин ҷо сари ИМА сухан меравад, ки онҳо ҳам ба ҳалли масъалаи таъмини Украина бо танкҳои “Абрамс” розигӣ намедиҳанд.
Натиҷаҳои ҳамоиши Рамштайн гувоҳи онанд, ки Ғарб ба интиқоли яроқи ҳамлакунанда, ки пештар аз он худдорӣ меварзид, оғоз кард. Ба эҳтимоли зиёд, интиқоли танкҳо ҳам ба наздикӣ сурат мегирад.
Дар ин ҳошия, ба иттилои РБК-Украина изҳороти роҳбари Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина қобили таваҷҷуҳ мебошад, ки гуфтааст, оид ба интиқоли танкҳо ба Украина созиш ҳосил шуда, дар марҳилаи ҳозира гуфтушунидҳои чӣ гуна пешниҳоди маълумот дар ин хусус ҷараён доранд.
Илова бар ин, рӯзи якшанбе DW изҳороти вазири корҳои хориҷии Олмон Анналена Бербокро дар бораи монеъа эҷод накардани Олмон ҷиҳати интиқоли танкҳои Леопард аз Лаҳистон (Полша) ба Украина нашр кард.
Ҷанги қонунҳо ва қатъномаи Шӯрои Аврупо
Тааҷҷубовар нест, ки дар Маскав ба натиҷаҳои форум дар Рамштайн вокуниши манфӣ ба бор омад. Бино ба маълумоти газетаи “Ведомости”, сухангӯи ВКХ Русия Мария Захарова вохӯрии Рамштайнро “иғвогарии ошкорои Ғарб” унвон кард, ки ногузир ба афзоиши қурбониён ва шиддат гирифтани вазъияти хатарнок оварда мерасонад”.
Зери мафҳуми шиддат гирифтани вазъияти хатарнок ӯ бо бардошт аз изҳороти сиёсатмадорони дигари рус, истифодаи силоҳи ҳастаӣ (ядроӣ)-ро дар назар дорад. Бо ишора ба гуфтаҳои раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ТАСС хабар медиҳад, ки интиқоли аслиҳаи ҳамлакунандаи Ғарб ба Украина метавонад ба вокуниши ҷавобӣ аз ҷониби Русия боис гардад.
Нашрияи “Известия” дар ин робита гуфтаҳои муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведевро овардааст: “Кишварҳои дорои яроқи ҳастаӣ муноқишаҳои бузургро, ки аз онҳо тақдирашон вобаста аст, набохтаанд”. Ба гуфтаи ӯ, “бохти давлати дорои яроқи ҳастаӣ дар ҷанги маъмулӣ метавонад ба оғози ҷанги ядроӣ боис гардад”.
Тибқи маълумоти МК, баъдтар Медведев бо хабари “ташкили иттиҳоди нав аз кишварҳои аз ИМА осебдида” ҷонибдоронашро шод карда, изҳори итимон намудааст, ки “ИМА ба наздикӣ ба Аврупо ва украиниҳои бадбахт хиёнат карда, онҳоро тарк мекунанд”.
Ҳафтаи гузашта, равобити Русия ва Аврупо пас аз қарори Парлумони Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар бораи ташкили суди Аврупо "барои баррасии ҷиноятҳои ҷанги Русия дар Украина бадтар шуд." Мувофиқи маълумоти РБК, 472 нафар аъзои парлумон ин ташаббусро дастгирӣ карда, 19 нафар мухолиф ва 33 нафар аз раъйдиҳӣ худдорӣ варзиданд.
DW ҳамчунин хабар медиҳад, ки додгоҳ бояд салоҳияти тафтиши фаъолияти на танҳо Владимир Путин, балки Александр Лукашенко ва шарикони ӯ дар Беларусро дошта бошад.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин, президенти Русия, ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард, ки созишномаҳои байналмилалии Шӯрои Аврупоро бо санаи пешин бекор кунад. Гап сари он аст, ки 16 марти соли 2022 Шӯрои Аврупо Русияро барои ҳамлаи низомӣ ба Украина аз узвияташ хориҷ кард.
Тавре ки нашрияи Белсат иттилоъ медиҳад, ин тасмим ба мақомоти Русия имкон медиҳад, ки “аз ҳама чизе, ки калимаи “Аврупо”-ро дар бар мегирад, комилан ва қатъӣ даст кашанд.
Ғарб, таҳримҳо ва Осиёи Марказӣ
Рӯзи 18 январ вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ зикр кард, ки кишварҳои Ғарб ба давлатҳои Осиёи Марказӣ фишор оварда, аз онҳо талаб мекунанд, ки ба таҳримҳо нисбати Маскав ҳамроҳ шаванд.
Ба ақидаи ӯ, шарикони ғарбӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯянд, ба кумак дар масъалаи канорагирии Русия аз таҳримҳо даст кашед. Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбуранд, ки чунин фишору таҳдидҳоро ба инобат гиранд. Лавров гуфтааст, барои Русия “кофист, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо ба таҳримҳо ҳамроҳ нашуд”.
Аз изҳороти Лавров бармеояд, ки кишварҳои пасошӯравӣ рӯз то рӯз дар ҳолати мушкил қарор мегиранд - маҷбур мешаванд, ки пайваста байни Ғарб ва Русия мавқеъ гиранд, ки равобити хуб бо онҳо шарти зарурии ҳифзи суботи иқтисодиву сиёсӣ дар минтақа аст.
Дар ҳамин ҳол, Русия ба талошҳои худ дар канорагирӣ аз таҳримҳои Ғарб тақвият бахшида, тариқи шарикони худ дар Осиёи Марказӣ мехоҳад, ки ба бозорҳои фурӯши захираҳои энергетикӣ дар ҷануб роҳ ёбад. Ба иттилои нашрияи Infox.ru, роҳбари “Газпром” Алексей Миллер ва муовини сарвазири Қазоқистон Роман Скляр дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи газ “харитаи роҳ” ба имзо расониданд.
Русия инро иқдоми минбаъда дар самти таъсиси “Итифоқи газӣ” байни Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон мешуморад.
Ин ҷо кор дар ихтиёри Тошканд боқӣ мемонад, ки ҳоло барои ҳамроҳ шудан ба созишнома шитоб надорад.
Қонун дар бораи забони давлатӣ дар Қирғизистон
Радиои Азаттик хабар медиҳад, ки парлумони Қирғизистон дар қироати якум қонун “Дар бораи забони давлатии Қирғизистон”-ро маъқул донист, ки дар сурати қабули пурраи он, ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии худидоракунӣ, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, уҳдадор мешаванд, ки қариб ҳамаи самтҳои фаъолияти худро бо забони қирғизӣ ба роҳ монанд.
Зимнан, ин яке аз камтарин кишварҳо дар фазои пасошӯравӣ аст, ки мақоми забони русӣ дар Конститутсия сабт ва ба унвони расмӣ эътироф шудааст.
Саволе ба миён меояд, ки қабули ин ба равобити Бишкек ва Маскав ва дар маҷмӯъ ба сиёсати Русия дар минтақа чӣ гуна таъсир хоҳад гузошт? Маълум аст, ки чун қоида, дар Русия ҳама гуна тадбирҳо барои паст кардани мақоми забони русӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ хеле дарднок қабул карда мешаванд. Дар ин бора нашрияи РБК аз изҳороти муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури байналмилалӣ Светлана Журова истинод кардааст.
Дар мусоҳиба бо радиои “Говорит Москва” ӯ ин вазъро «қадамҳои аввал барои рад кардани забони русӣ дар Қирғизистон» унвон карда, бо Украина муқоиса кардааст, ки “дар он ҷо низ ҳамин гуна оғоз гардида буд”.
Ба амалиёти махсуси ҳарбӣ “дар навбати аввал”
Дар ин ҳошия (изҳороти Лавров, қонун дар бораи забон дар Бишкек ва имзои созишнома дар бораи газ дар Остона), даъвати роҳбари Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия Александр Бастрикин хеле рамзӣ ба назар мерасад.
Ба иттилои нашрияи “Газета.ру”, ӯ ҷонибдори бо тартиби афзалиятнок ба Украина сафарбар намудани зодагони Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҷиҳати иштирок дар амалиёти махсуси ҳарбӣ аст, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.
Ба гуфтаи ӯ, “тайи панҷ соли ахир беш аз миллион нафар аз кишварҳо Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, аз ҷумла 550 ҳазор нафар собиқ сокинони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шиносномаи Русия гирифтаанд ва акнун онҳо "вазифаи дифоъ аз кишвар" доранд”.
Вай ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки тартиби соддашудаи дарёфти шаҳрвандии Русия барои муҳоҷирони ширкаткунандаи ҷанг ҷорӣ карда шавад.
Саволе ба миён меояд, ки ибораи "бо тартиби афзалиятнок" то куҷо бо қонунгузории Русия ва Конститутсияи ин кишвар мувофиқ аст. Яъне, шубҳае нест, ки шаҳрвандони нави Русияро ҳуқуқ доранд, ки ба артиш даъват кунанд, лекин дар қонунҳои Русия гуфта нашудааст, ки онҳо бояд бо “тартиби афзалиятнок”, яъне дар навбати аввал ба ҷанг фиристода шаванд.
Дар ҳар сурат, изҳороти Бастрикин имкони афзояндаи ҳарчи зудтар сафарбаркунии зодагони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаро, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, нишон медиҳад.