Раҳбари Чин барои баррасии тарҳи сулҳи Украина ба Маскав меравад ва коршиносон мегӯянд, ки ӯ барои иҷрои ин кор се вариант дорад. Ахиран дар Анқара нишасти сарони Созмони кишварҳои туркӣ (СКТ) баргузор шуд, аммо бар хилофи ҳаросҳои мавҷуд, СКТ барои Тоҷикистон хатаре надошта, хатар дар эҳёи пантуркизм дар худи ҷомеъаи Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Сафари Си Ҷинпин ба Маскав ҳушдори ҷиддӣ ба Ғарб аст?
Яке аз хабарҳои баҳсбарангези рӯзҳои ахир иттилоъ дар бораи сафари қарибулвуқӯъи Си Ҷинпин, раҳбари Чин ба Маскав буд. Ӯ рӯзи 20 март ба Русия тташриф оварда, ба гузориши хабаргузории ТАСС, бо Владимир Путин мулоқот мекунад.
Бино ба хабари матбуоти расмӣ, дар ҷараёни гуфтугӯҳо “масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳо, шарикии ҳамаҷониба ва ҳамкории стратегии Русия ва Чин” баррасӣ шуда, ҳамчунин оид ба масъалаҳои байналмилалӣ табодули афкор ва имзои як қатор санадҳои муҳими дуҷониба дар назар аст.
Дар ҳамин ҳол, бештари коршиносон бар ин назаранд, ки сафари роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин мустақиман ба ҷанги Украина, дурусттараш, иҷрои тарҳи сулҳи Чин барои ҳалли муноқишаи Русияву Украина рабт дорад.
Сафари президенти Беларус Александр Лукашенкоро ба Чин аввали моҳи март тавре ки “Мавҷи Олмон” менависад, ҳатто "сафари сафири Русия" номида буданд ва ин маънои онро дошт, ки ӯ бо худ ба Пекин як навъ пешниҳодҳои мутақобилаи раҳбарияти Русияро дар бораи тарҳи сулҳи Чин овардааст.
Аз ҳамаи ин фаъолияти дипломатӣ аксари нозирони байналмилалиӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки масъалаи Украина воқеан нуқтаи аслии музокироти Си Ҷинпин ва Путин хоҳад буд. Гузашта аз ин, ба навиштаи Wall Street Journal, дарҳол пас аз музокирот бо Путин, раҳбари Чин тасмим гирифтааст, ки бо президенти Украина Владимир Зеленский мулоқоти онлайн баргузор кунад.
Натоиҷи музокирот дар Маскав метавонад ба созиш атрофи муноқишаи Русияву Украина таъсири ҳалкунанда дошта бошад. Мутаносибан, он бевосита ба манфиатҳои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки иқтисод ва геополитикаашон мустақиман ба Русия ва Чин бастагӣ доранд, дахл кунад.
Агар Пекин нақши миёнаравро дар байни Маскав ва Киев муваффақона ба сомон расонад, он гоҳ Чин мавқеъ ва обрӯи худро дар арсаи байнулмилалӣ ва дар навбати аввал дар фазои Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) хеле мустаҳкам мекунад.
Андеша ва тахминҳои маъмултарин дар ҷомеаи коршиносон бо якчанд вариант/сенарияҳои рушди рӯйдодҳо хулоса мешаванд:
Бар асоси сенарияи аввал, Чин барои тарҳи сулҳи худ, ки қатъи фаврии амалиёти ҷангӣ ва оғози музокироти сулҳи тарафҳоро талаб мекунад, талош хоҳад кард.
Ин як навъ «боздоштани» низоъ дар сарҳадҳои кунунии набард аст, ки умуман ба манфиатҳои Маскав мувофиқат мекунад – пирӯзӣ муяссар нашуд, аммо қатъи амалиёти ҷангӣ ба Русия имкон медиҳад, ки тақрибан 20% қаламрави Украинаро таҳти тасарруфи худ гирад.
Аммо дар ин шакл тарҳи сулҳи Чинро ҳам Украина ва ҳам Ғарб аллакай рад кардаанд, аз ин рӯ, дар ин ҳолат сафари Си Ҷинпин бе натиҷа анҷом меёбад.
Варианти дуюм созишро байни тарҳи сулҳҷӯёнаи Чин ва мавқеи «Ғарби дастҷамъӣ» пешниҳод мекунад.
Зоҳиран, Чин метавонад ба Маскав фишор оварад, то Путинро маҷбур созад, ки нерӯҳояшро аз қаламрави Украина ҳадди аққал то сарҳадҳои 24 феврали соли 2022 берун кашад ва пас аз он раванди музокирот дар бораи сарнавишти Қрим ва Донбасс оғоз шавад.
Бо дарназардошти он, ки Чин имрӯз истеъмолкунандаи асосии захираҳои энергетикии Русия аст, Пекин воқеан фишангҳо ба роҳбарияти Русияро дорад.
Ин барои бисёре аз муттаҳидони Украина дар Аврупо, ки аз низоъ хаста шудаанд ва аз авҷгирии беназорати он метарсанд, як варианти нисбатан қобили қабул хоҳад буд. Аммо дар асл, ҳам Киев ва ҳам Маскав ба чунин варианти созиш мувофиқат намекунанд, зеро дар ҳарду кишвар онро ҷомеа ҳамчун як шикасти низомӣ қабул хоҳад кард.
Варианти сеюм низ ҳаст - тибқи он Чин дар ин ё он шакл ба Киев ва ба Ғарби дастаҷамъӣ ультиматуми воқеӣ мегузорад: ё онҳо ба нақшаи сулҳи Чин розӣ мешаванд, ё Пекин ба таҳвили силоҳи марговар, технология ва лавозимоти ҷангӣ ба Русия шурӯъ мекунад.
Дар ин сурат низоъ солҳои зиёд тӯл кашида, ҳамчун бархӯрди глобалии Шарқу Ғарб ба сатҳи нав мерасад.
Аз рӯи бархӯрд дар расонаҳо ва доираҳои сиёсӣ, Маскав аз чунин вариант истиқбол мекунад. Сиёсатшиносони рус аллакай эълон мекунанд, ки алайҳи Ғарб "ду ҷабҳаи ҷанги сард - ғарбӣ ва шарқӣ" боз мешавад, мулоқоти Путин ва Си Ҷинпин бошад, ҳамчун як мулоқоти "ду сарфармондеҳи олӣ" барои баррасии «вазъи харбию стратегӣ» арзёбӣ мешавад.
Дар шабакаҳои ватандӯстии Русия, аз қабили «По делу», дар бораи “лендлизи бузургмиқёс” (қарзи иҷора) ҳамчун шарти асосии пирӯзии ояндаи Русия дар ҷанги зидди Украина сухан рафт.
Аммо, дар маҷмӯъ, ин вариант барои бозигарони ҷаҳонӣ хеле тундгароёна ва зиёновар ҳисобида мешавад ва аз ин рӯ, эҳтимолаш камтар аст.
Яқинан, дар ниҳоят, ҳама чиз ба табодули пӯшидаи афкор байни раҳбарияти Русия ва Чин хоҳад расид, ки пас аз он Чин танҳо кумак ба Федератсияи Русияро дар канорагирӣ аз таҳримҳо ва интиқоли махфии молҳои таъиноти дугуна афзоиш медиҳад.
Муқовимат бо Ғарб, бешубҳа ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва некӯаҳволии ИА ва ИМА зарари бузург мерасонад. Аммо, ин ба андозаи зиёд ба худи Чин низ бо иқтисоди содиротии худ, ки аз се ду ҳиссаи содирот ба кишварҳои “Ғарби дастҷамъӣ” рост меояд, зарба мезанад.
Ба ин тариқ, эҳтимол воридшавии Чин ба муқовимати мустақим бо Ғарб як иқдоми ғайримантиқӣ ва бефоида, зиёновар ба иқтисод ва сатҳи зиндагӣ, бахусус дар шароити бухрони имрӯз бошад.
Аммо, аз сӯи дигар, магар дар таърихи муосир мисолҳо каманд, ки сиёсатмадорони варзида аз нигоҳи иқтисод ва мантиқи содда, иқдому тасмимгириҳои бемантиқӣ кардаанд?
Додгоҳи байналмилалии дар Гаага: қарори ғайриинтизор
Дар ин замина тасмими ғайричашмдошти Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ (ДБҶ) дар Гаага алайҳи ду намояндаи раҳбарияти олии сиёсии Русия пурсарусадо ба назар мерасад.
Тибқи изҳороти расмии ДБҶ, “17 март амри ҳабси Владимир Путин ва Омбудсмени кӯдакони Русия Мария-Лвова-Беловаяро содир кард.
Айбномаи асосӣ ширкат ва даст доштан дар ташкили ихроҷи маҷбории кӯдакони украинӣ ба қаламрави Русия аст.
Дар таҷрибаи байнулмилалӣ ин як иқдоми бесобиқа аст, зеро маъмулан, сарони давлатҳо (ҳатто собиқ) хеле кам ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дар ин ҳолат, ба навиштаи ВВС, Путин дуюмин дар таърихи сарвари давлати кунунӣ мешавад, ки нисбати ӯ ДБҶ амри ҳабс содир кардааст.
Ҷониби Русия дар симои Мария Захарова, сухангӯи ВКХ Русия дар вокуниш ба ин изҳор дошт, ки "қарорҳои ДБҶ барои кишвари мо ҳеҷ маъное ва аз лиҳози қонун эътибор надоранд”.
Вокуниши нерӯҳои ватандӯст хеле камтар дипломатӣ буд, аз ҷумла, Маргарита Симонян дар канали Telegram-и худ ба эҳтимоли зарбаи ҷавобии ҳастаӣ (ядроӣ) ишора кард: "Ман мехоҳам кишвареро бубинам, ки бо қарори Гаага Путинро ҳабс кунад. Дар давоми ҳашт дақиқа. Ё вақти парвоз то пойтахти он чанд дақиқа аст?”.
Таблиғотчии рус Антон Красновский дар Telegram канали Гейи худ зикр кард, ки акнун ҳама аъзои ДБҶ бояд фоҷиаомез бимиранд ва бинои баргузории ҷаласаи онҳо сӯхта ба хок яксон шавад.
Ба навиштаи РБК, раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар изҳороти ватандӯстонаи худ ин қарори ДБҶ-ро "сафсата" номид; ба ақидаи ӯ, ҳамаи имконоти таҳримии ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ба охир расида, ҳоло онҳо дарк мекунанд: “Путин ҳаст – Русия ҳаст” ва аз ин рӯ “ба ӯ ҳамла мекунанд”.
Умуман, агар хулосаҳои расонаҳои Русия ва Ғарб ва коршиносони ин масъаларо ҷамъбаст кунем, метавон ба ду хулосаи асосӣ расид:
Пеш аз ҳама, аксарияти мутлақи коршиносон иқрор мешаванд, ки иҷрои қарори ДБҶ дар амал ғайриимкон аст. Тавре Радиои Озодӣ менависад, аз нигоҳи ҳуқуқӣ кишварҳои узви Додгоҳ бояд ҳар шахсеро, ки нисбати ӯ амр содир шудааст, бояд ҳабс кунанд.
Пеш аз ҳама, президентҳои феълӣ аз масунияти дипломатӣ бархӯрдоранд; гузашта аз ин, ҳеҷ касе зидди роҳбари давлати дорои яроқи ядроӣ ин гуна душманӣ намекунад. Ғайр аз ин, қарорҳои ДБҶ дар қаламрави ИДМ, муттаҳидони Русия дар СААД, кишварҳои узви СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё амалӣ намешаванд.
Сониян, ризоияти умумӣ вуҷуд дорад, ки чунин қарорҳои ДБҶ ба андозаи бештар оқибатҳои сиёсӣ ва талафоти ҷиддии имиҷро (нуфузро) ба бор меоранд, аз нигоҳи дипломатияи «амалӣ» низ як қатор мушкилот ва саволҳо низ ба миён меоянд.
Аз ҷумла, ҳангоми ба нақша гирифтани сафарҳои президенти Русия ба хориҷа барои ширкат дар нишастҳои байналмилалӣ, ки бештар дар қаламрави кишварҳои узви СБҶ ташкил мешаванд, мушкилот пайдо мешаванд.
Аксари ин давлатҳо ба истилоҳ ба "минтақаи сабз" шомил шудаанд, ки дар он додгоҳҳо мақоми мустақил доранд, яъне онҳо метавонанд мустақилона дар мавриди иҷрои ҳукми ҳабс, ҳатто бидуни иҷозати мақомоти маҳаллӣ қарор қабул кунанд.
Аз боздошти Аугусто Пиночет, президенти собиқи Чили ҳангоми сафараш ба Лондон дар соли 1989 метавон мисол овард; додгоҳи маҳаллӣ ба иттиҳоми иштирок дар куштори шаҳрвандони Испания замони салтанаташ мустақилона ба ҳабс кардани ӯ қарор содир кард ( ба мақомоти бритониёӣ танҳо хабар дод).
Бо ҳар гунае, тасмими ғайричашмдошти ДБҶ ба таври возеҳ сатҳи шиддати вазъро дар муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Русия афзоиш хоҳад дод, ки ногузир ба тамоми кишварҳои ИДМ таъсир мерасонад.
Гузашта аз ин, ба зудӣ як қатор қарорҳои шабеҳи додгоҳҳои байналмилалӣ дар бораи иттиҳомоти дигар, масалан, содир кардани ҷиноятҳои ҷангӣ алайҳи аҳолии осоиштаи Украина дар назар аст. Рӯзи 13 март рӯзномаи The New York Times бо такя ба манобеи худ навишт, ки ДБҶ ният дорад ду парвандаи ҷиноятҳои ҷангии марбут ба ҳамлаи Русия ба Украинаро боз кунад.
Парвандаи аввал дар бораи рабудани кӯдакони украинӣ ва интиқоли онҳо ба лагерҳои бозтарбияи Русия ва дуюм - як силсила парвандаҳои ҷиноӣ дар бораи ҳамлаҳои барқасдона аз ҷониби русҳо ба зерсохтори ғайринизомии Украина аст, ки ҳафтаҳо ва моҳҳои наздик дар назар аст.
Албатта, болоравии нави муқовимат барои муттаҳидон ва шарикони Русия дар СААД ва СҲШ беҳтарин вариант нест, зеро дур шудан аз низоъ ва нигоҳ доштани сиёсати хориҷии чандсамтаро торафт мушкилтар мекунад.
Дар робита ба ин, Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, ҳафтаи гузашта гуфт, ки кишварҳои бузург боисрор аз Тошканд хостаанд, ки яке аз тарафҳои даргирро интихоб кунад: “Ҳоло замони хеле мушкил аст. Кишварҳои бузург ҳоло мегӯянд: «Ӯзбекистон, ту дар кадом тараф ҳастӣ? Бетараф буданро бас кунед, ин ё он тарафро интихоб кунед." Дар ин бора қатъиян сухан мегӯянд».
Дар ҳамин ҳол, раҳбари Ӯзбекистон мушаххас нагуфт, ки маҳз кадом тараф фишор меорад.
Дар ин робита, изҳорот гуногун шарҳ дода мешавад: “Спутник”-и Русия онро бо сафари ахири котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба минтақа рабт дода, ҳамчунин ин ҷо натиҷаҳои сафари ахири сарвазири Русия Михаил Мишустин ба минтақа низ дар назар буда метавонад.
Нишасти кишварҳои туркӣ
Дар Анқара рӯзи 16 март нишасти ғайринавбатии Созмони кишвраҳои туркӣ (СКТ) баргузор шуд.
Тавре «Независимая газета» дар ин робита менависад, дар рӯзномаи расмии ин ҳамоиш баррасии паёмадҳои заминларзаи харобиовари Туркия дар назар буд. Аммо ба қавли коршиносони газета, мавзӯи эълоншудаи нишаст танҳо фурсате барои баррасии масоили дигари доғи иқтисод ва рушди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ин созмон будааст.
Илова бар ин, як ҷанбаи сиёсии дохилӣ низ ҳаст - нишаст дар авҷи маъракаи интихоботӣ дар Туркия ҷараён дорад. Моҳи майи соли ҷорӣ дар кишвар интихоботи президентӣ ва парлумонӣ баргузор мешавад, аз ин рӯ, як нишасти муваффақ метавонад ба имиҷи президент Эрдуғон дар дохили кишвар таъсири мусбат расонад ва имкони ӯро дар сабқат барои курсии президентӣ беҳтар созад.
СКТ 3 октябри соли 2009 бо номи Шӯрои туркӣ таъсис ёфт ва танҳо дар соли 2021 номи кунунии худро гирифт. Ба СКТ Озарбойҷон, Туркия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, инчунин кишварҳои нозир – Туркманистон ва Маҷористон (Венгрия) шомиланд.
Туркия дар СКТ нақши калидӣ дорад, тақрибан мисли Русия дар СААД ё Чин дар СҲШ. Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”, ҳадафи аслии ин созмон тавсеъаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи кишварҳои туркзабон, ҳамчунин саҳми муштарак дар таъмини сулҳу субот дар минтақа ва тамоми ҷаҳон аст.
Дар баробари ин, КТС ҳоло танҳо дар оғози рушди худ қарор дорад - сохторҳои он нав таъсис дода мешаванд ва раванди ҳамгироӣ байни кишварҳои узв танҳо суръат гирифта истодааст.
Яке аз иқдомҳои муҳимтарин дар ин самт таъсиси Фонди сармоягузории туркӣ бо сармояи 1 млрд доллар, инчунин ба имзо расидани Созишномаи савдои озод бо фарогирии соҳаҳои хизматрасонӣ ва сармоягузорӣ мебошад, ки минбаъд барои бартараф кардани монеаҳои фаромарзӣ мусоидат намояд.
Тоҷикистон ягона кишвари эронизабон дар минтақаи пасошӯравист, ки ба таври автоматӣ онро аз чаҳорчӯби Созмони кишварҳои туркӣ берун мегузорад.
Илова бар ин, дар афкори ҷамъиятии тоҷикон (инчунин афкори ҷамъиятии аксари давлатҳои ҳамсоя) ба таври умум нисбат ба пантуркизм, дурусттараш, ба зуҳуроти эҳтимолии сиёсӣ ва геополитикии ин ҷунбиш бархӯрдҳои хеле эҳтиёткорона бартарият дорад.
Сабаб, аз як тараф, дар хотираи таърихӣ аст; дар давраи ташаккули он дар ибтидои асри 20 идеологҳои пантуркизм дар назди ин ҷунбиш вазифа гузоштанд, ки халқҳои туркзабонро дар чаҳорчӯби як Турон – аз баҳри Миёназамин то Сибир аз ҷиҳати сиёсӣ муттаҳид созанд, дари ҳоле, ки ва аксар вақт мавҷудият ва манфиатҳои мардуми ҳамсояи ғайрритуркро нодида мегирифтанд.
Тавре маълум аст, ташаккули Тоҷикистон дар солҳои 20-уми асри гузашта дар як бархӯрди душвор бо пантуркистони маҳаллӣ сурат гирифт, ки мавҷудияти тоҷиконро ҳамчун халқ инкор мекарданд ва мувофиқан ҳуқуқи давлатдории миллии онҳоро эътироф намекарданд.
Сабаби дуюми муносибати эҳтиёткорона ба пантуркизм дар ҷаҳони муосир асосан ба афзоиши фаъолияти геополитикии Туркия, ҳамчун як қудрати минтақавӣ дар саросари қаламрави собиқ Империяи Усмонӣ ва Осиёи Марказӣ вобаста аст.
Дар даҳсолаи охир Туркия бештар кӯшиш мекунад, ки нақши як бозигари бузурги геополитикӣ ва миёнарав дар муноқишаҳо дар Ховари Миёна, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба ӯҳда гирад.
Мувофиқи он, тавре ки Независимая газета менависад, президент Эрдуғон аксар вақт ба ғаразҳои императорӣ, кӯшиши тарғиби пантуркизми сиёсӣ ва «лоиҳаи нави усмонӣ», яъне барқарор кардани Империяи Усмонӣ дар марзҳои нави ҷаҳонӣ муттаҳам мешавад.
Бо вуҷуди ин, пантуркизми муосир ҳамчунон як ҷунбише боқӣ мемонад, ки бештар хусусияти фарҳангӣ ва иқтисодӣ дорад.
Дар кӯтоҳмуддат, СКТ ҳамчун як навъ намунаи Лигаи кишварҳои араб баррасӣ мешавад, созмоне, ки асосан ба рушди ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои араб нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз, ба назари ман, СКТ дар шакли феълии худ барои Тоҷикистон ва кишварҳои ғайритуркии атрофи он хатаре надорад.
Аммо, албатта, бисёр чиз ба он вобаста хоҳад буд, ки вазъи сиёсӣ дар худи Туркия, дар дигар кишварҳои туркзабон, дар минтақа ва дар маҷмӯъ ҷаҳон чӣ гуна рушд мекунад. Аслан, метавон тахмин зад, ки ҳар гуна ҳаракат ва идеология, ҳатто дар назари аввал безарартарин ҳам, дар оянда метавонад дар шароити муайян тундгаро шуда, барои кишварҳо ва халқҳои атроф таҳдид кунад.
Аммо пантуркизм, панславянизм ё панэронизм худ ба худ таҳдид ё омили манфӣ нест – то замоне, ки онҳо аз ҳисоби дигар халқу тамаддунҳо ба амалӣ шудани ҳадафу ғаразҳои худ шурӯъ накунанд.
Агар ба таърихи ташаккули Тоҷикистон баргардем, бояд ёдовар шуд, ки қисми муҳими пантуркистони Осиёи Миёна дар ибтидои асри 20 (ҷадидҳо ё ҷавонбухорииён) тоҷикон ва ё сокинони форсизабонони минтақа буданд.
Он замон бисёре аз намояндагони барҷастаи зиёиёни тоҷик ба идеяи таъсиси давлати ягонаи мусулмонӣ дар Осиёи Марказӣ, ки метавонад ба қудратҳои аврупоӣ дар заминаи баробар муқовимат кунад, таваҷҷуҳ доштанд.
Аммо азбаски аксари мусалмонони минтақа туркзабон буданд, панисломизми аслии ҷадидон ба пантуркизм мубаддал шуд ва ба хотири аҳдофи абстрактии геополитикӣ ва идеологӣ, аз манфиатҳои тоҷиконро дидаю дониста ҳарф намезаданд.
Барои он ки зиёиёни тоҷик пантуркизми сиёсиро тарк ва ба гӯшаи фаромӯшӣ гузоранд, заҳматҳои чандинсолаи поягузорони давлатдории муосири тоҷикон, назири Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум лозим буд.
Аз ин рӯ, агар ба ин мушкил аз лиҳози таърих нигарем, тоҷикон бояд аз пантуркизм на ҳамчун омили беруна, балки ҳамчун омили дохилӣ ҳарос дошта бошанд.
Яъне барои ояндаи Тоҷикистон пантуркизм на дар миёни ӯзбекону, қазоқҳо ва қирғизҳо, балки эҳтимоли эҳёи он дар шаклҳои нав дар худи ҷомеаи тоҷик хатарнок аст.
Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ шиорҳои пешинаи ҷадидӣ дар аввали асри 20 дубора пайдо шудаанд, ки зери ибораҳои умумӣ дар бораи ҳамгироии минтақавӣ, муттаҳид сохтани мардуми Осиёи Марказӣ ва мусалмонон ба муқобили қудратҳои бузург ва ғайра пардапӯшона баён мешаванд.
Гузашта аз ин, дар бахши тоҷикии интернет шиорҳои кӯҳна дар бастабандии замонавӣ ва зебо аксаран аз ҷониби гурӯҳҳои мухталиф, аз рӯшанфикрони зидди Ғарб/Русия сар карда то салафиҳо ва бунёдгароёни исломии кушода таблиғ мешаванд.
Воқеан, самараноктарин (ва ягона) усули муқовимат ба таҳдидҳои мухталифи геополитикӣ, чи воқеӣ ва чи эҳтимлӣ, иқтисоди пурқувват, артиши муосир, сатҳи баланди ҳаёт ва кафолатҳои боэътимоди иҷтимоӣ барои аҳолӣ мебошад. Таърих нотавононро дӯст намедорад ва аз ин рӯ, давлатҳои ноком дер ё зуд ба аз даст додани соҳибистиқлолӣ ва тасарруф аз ҷониби ҳамсояҳои муваффақ ва ё як гурӯҳи ҳамсояҳо - зери шиорҳои зебои рушди муваффақ, муҳофизат аз таҳдидҳои эҳтимолӣ, ҳамгироӣ ва шукуфоии муштарак маҳкум мешаванд.