Теъдоди кормандон аз Тоҷикистон дар Литва зиёд шудааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Хадамоти шуғли ин кишвар хабар медиҳанд.
Дар давоми як сол теъдоди тоҷикон дар Литва аз 5,7 ҳазор то 7 ҳазор афзудааст, ки аз лиҳози теъдод дар ин кишвар панҷум шудаанд. Дар чор зинаи аввал украиниҳову беларусҳо ва ӯзбекону озарбойҷониҳо қарор доранд.
Дар соли 2024 Хадамоти шуғли Литва барои кори мавсимӣ ба шаҳрвандони кишварҳои сеюм (ба Иттиҳоди Аврупо шомил нестанд) 410 иҷозатнома додааст, ки 5 баробар бештар нисбат ба соли 2023 мебошад. Аксарияти онҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ мебошанд. Онҳоро ба корҳои мавсимӣ, аз қабили истеҳсолкунандагони маҳсулот ва дар таъмиру роҳсозӣ ҷалб мекунанд.
Тибқи маълумоти Хадамоти шуғл, то 1 июл дар Литва 138,3 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои сеюм аз 132 давлат кор мекарданд: аз се ду ҳиссаш шаҳрвандони Беларус ва Украина, зиёда аз 6 ҳазор нафар - шаҳрвандони Ӯзбекистон, 5,6 ҳазор нафар - Қирғизистон ва 4,6 ҳазор нафар - шаҳрвандони Тоҷикистон.
Қаблан Вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнати Литва рӯйхати зиёда аз 100 касбро, ки дар нимсолаи дуюми соли 2024 дар онҳо камбуди коргарон ба мушоҳида мерасад, нашр кард.
Тибқи ин рӯйхат, ин ҷумҳурӣ ба коргарон дар бахшҳои сохтмон, саноат, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ ниёз дорад. Барои коргарони хориҷӣ бисёр ҷойҳои корӣ мавҷуданд, аз ҷумла ба сифати бинокорон, бетонрез, хиштрез, насбгар, роҳсоз, андовачӣ, сантехник, рангмол, кафшергар, челонгар, устои барқ, механизатор, ронанда, қассоб, қаннод, бастабанд, дӯзанда, сартарош ва ғайра.
Айни замон дар бисёр касбҳо таҷрибаи кор талаб намешавад. Талаботи асосӣ риояи қонунгузории кишвар, маҳдудияти синну сол то 50 сол ва дигар шартҳо мебошад. Хароҷоти манзил аз маош пардохт мешавад (аз 80 евро ва болотар дар як моҳ).
Хадамоти шуғли Литва агентиҳои шуғл (рекрутингӣ)-и ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳамкорӣ даъват намуд. Ин ба эҳтиёҷоти тиҷорати Литва, ки пештар коргаронро аз Украина ва Беларус ҷалб мекард, вобаста аст. Аммо ҳоло вазъияти геополитикӣ тағйир ёфтааст — Беларус расман душман эълон шуда, Украина пас аз аввалин мавҷи гурезаҳо марзҳои худро комилан баст.
"Ба тиҷорати Литва лозим омад, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ назар кунад, ки аз он ҷо корфармоён қувваи кориро меоранд," - гуфт директори департаменти муҳоҷирати Литва Эвелина Гудзинскайте.
Корҷӯён аз Тоҷикистон асосан тавассути се роҳ ба Литва меоянд: тавассути муроҷиати мустақим ба Хадамоти шуғли Литва, тавассути ширкатҳои миёнарав ва тавассути сафарбарии муташаккилона аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Дар Вазорати меҳнат ба "Азия-Плюс" хабар доданд, ки ҷониби Литва барои коргарон аз Тоҷикистон дар бахши сохтмон ва хидматрасонӣ дархост додааст. Барои шиносоӣ бо рӯйхати касбҳо ва шартҳои ҷалби муташаккилона метавонед ба ин хадамот муроҷиат кунед.
Как советская Центральная Азия встречала Новый год?
В Таджикистане приняты поправки в два десятка законов
Новогодний стол без сюрпризов: как избежать пищевых отравлений в праздники
ФСБ сообщила о задержании выходцев из Центральной Азии, готовивших теракты в отделе полиции
Памяти устода Мардони
«Афзали Хучанд» - единственный производитель майонеза в Таджикистане - представляет новинку под брендом «NISO»
Отмена виз, рост зарплат и счастливые дети. Хорошие новости 2024 года
Центральная Азия становится новой точкой бума e-commerce
Авиакомпания Qazaq Air приостановила полеты в Екатеринбург – по соображениям безопасности
Самые интересные автомобили для семейных путешествий
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста