Вазорати корҳои дохилии Русия рӯйхати шахсони назоратшаванда дар ин кишварро тартиб додааст, ки дар он беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун қонуншикан ба қайд гирифта шудаанд. Дар ин бора рӯзи 18-уми октябр Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод.

Рӯйхати мазкур дар сомонаҳои Вазорати меҳнат, Хадамоти муҳоҷират ва Вазорати корҳои дохилӣ ҷойгир шудааст. Онҳое, ки мехоҳанд будан ё набудани номи худро дар феҳристи тартибдодаи ВКД-и Русия фаҳманд, аз сомонаҳои мазкур истифода бурда метавонанд.

Ҳамчунин, вазорати меҳнат гуфтааст, ба қонунҳои будубоши хориҷиён дар Русия тағйиру иловаҳо ворид гардида, аз 5-уми феврали соли 2025 мавриди иҷро қарор мегиранд.

Ба гуфтаи манбаъ, дар пасманзари қабули ин қонунҳо мақомоти Русия низоми нави ихроҷро ба роҳ мемонанд. Вале мушаххас гуфта нашудааст, ки ин низом чӣ гуна хоҳад буд. Танҳо маълум аст, ки аллакай ВКД-и Русия рӯйхати шахсони назоратшавандаро тартиб додаанд.

 

Рӯйхати шаҳрвандон аз рӯи минтақаҳо:

ВМКБ;

Шаҳри Душанбе;

Вилояти Хатлон;

Вилояти Суғд;

Шаҳру навоҳии тобеи марказ.

Барои гирифтани маълумоти бештар сокиноин кишвар метавонед ба рақамҳои зерин дар тамос шаванд:

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: 250-32-40; 250-32-09; 250-32-42,

Хадамоти муҳоҷират: 225-05-95; 225-05-89; 225-05-77.

Вазорати корҳои дохилӣ: 227-86-31; 221-98-12; 93 876 26 26; 93 922 06 84.

 

Фишор болои муҳоҷирон

Пас аз ҳамла ба “Крокус”, ки мақомоти Русия дар ин қазия ҳамчун гумонбари асосӣ чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт карданд, азияту озор ва боздошту ихроҷи муҳоҷирон дар ин кишвар якбора афзуд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Омбудсмени тоҷик дар пайи зиёд шудани фишор ба муҳоҷирон ва ихроҷи онҳо аз Русия ба таври бесобиқа нигаронӣ карданд.

Аз ҷумла, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия, ки Марат Хуснуллин, муовини сарвазири Русия низ ширкат дошт, гуфт, “Тоҷикистон аз вазъи санҷишҳои муҳоҷирон дар Русия, ки дар ҷараёни онҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ поймол мешаванд, нигарон аст”.

Сарвазири Тоҷикистон зикр кард, ки ҳолатҳои роҳ надодан, манъи вуруд ва ихроҷи шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо баҳонаи "таъмини амният" ба қайд гирифта мешавад.

Ӯ таъкид кард, ки дар марз одамон метавонанд "соатҳо ва ҳатто рӯзҳо" нигоҳ дошта шаванд ва ин мушкилот натанҳо ба шахсони одӣ, балки ба аъзои ҳайатҳои расмӣ, донишҷӯён, пиронсолон ва кӯдакон низ дахл дорад.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар “қаламрави як қатор кишварҳои ИДМ” изҳори нигаронӣ кард.

Мақомоти Русия баъзе донишҷӯёни тоҷикро ба Русия роҳ намедиҳанд ва теъдоде аз муҳоҷирони меҳнатиро дар сарҳадҳои ин кишвар соатҳо нигоҳ дошта, баъдан дубора ба Тоҷикистон мефиристанд ва ё вурудашонро ба Русия манъ мекунанд.

Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмен дар Тоҷикистон низ бо ирсоли як нома ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова аз поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард. Ӯ дар ин нома аз Москалкова хост, ки ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби мақомоти Русия таваҷҷуҳ кунад ва ин масъаларо зери назорат гирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.