Коршиносони Агентии қарзиву таҳлилии Русия (АКРА) ишора мекунанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар раванди рушди худ бо мушкилоти гуногун рӯбарӯ мешаванд – аз гармшавии глобалӣ (ҷаҳонӣ) то фарсуда шудани инфрасохтори энергетикӣ.
«Баъзе аз онҳо бо мушкилоти умумиҷаҳонӣ, аз қабили гармшавии глобалӣ, афзоиши нобаробарӣ ва тағйироти демографӣ мувофиқат мекунанд», – омадааст дар таҳқиқоти агентии мазкур таҳти унвони «Миёни Шарқ ва Ғарб».
Аммо бархе аз хатарҳо, ба гуфтаи муаллифони таҳқиқот, ба минтақа дахл дошта, маҳз барои ин ин қаламрав муҳиманд. Ба чунин мушкилот буҳрон дар масоили об ва фарсуда шудани инфрасохтори обу энергетикӣ, душвориҳои вобаста ба надоштани дастрасӣ ба роҳҳои баҳрии ҷаҳонӣ ва низоъҳои марзӣ дохил мешаванд.
Тағйирёбии иқлим
Мутахассисони АКРА зикр мекунанд, ки ҳар сол тақрибан як миллион сокини минтақа аз обхезӣ ва ду миллион нафар аз заминларзаҳо осеб мебинанд.
«Талафоти ММД аз ин офатҳои табиӣ солона тақрибан 9 млрд долларро ташкил медиҳад. Шумораи офатҳои табиӣ бинобар гармшавии глобалӣ бо мурури вақт танҳо меафзояд. Баландшавии ҳарорати миёнаи солона боиси коҳиши захираҳои об, хушксолӣ, афзоиши рӯзҳои гарми ғайримуқаррарӣ ва кам шудани заминҳои кишоварзӣ мегардад», – пешбинӣ кардаанд онҳо.
Ба андешаи муаллифони таҳқиқот, расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва истифодаи технологияҳои «сабз» метавонад ба муқовимати пурсамар бо ин мушкилот мусоидат намояд.
Буҳрони обу энергетика
Тибқи арзёбии таҳлилгарони Русия, мушкилоти обу энергетика яке аз муҳимтарин таҳдидҳо барои кишварҳои минтақа боқӣ мемонад.
«Хусусиятҳои ҷуғрофии минтақа масъалаи обро барои кишварҳои мазкур ба як мавзӯи калидӣ табдил медиҳанд. Талаби афзоянда ба об ба афзоиши аҳолӣ дар кишварҳои минтақа, суръати баланди шаҳрнишинӣ ва эҳтиёҷоти соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат алоқаманд аст. Дастрасӣ ба об бошад, бо омилҳои иқлимӣ (обшавии пиряхҳо, баландшавии ҳарорати миёна) ва самаранокии пасти истифодаи он маҳдуд мешавад, ки сабаби он фарсуда будани инфрасохтори нақлиёти обӣ мебошад ва он ба навсозӣ ниёз дорад», – омадааст дар таҳқиқот.
Дар таҳқиқот хотиррасон шудааст, ки дар гузашта дар минтақа як низоми ягонаи тақсими захираҳои обӣ амал мекард. Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар манбаъҳои асосии дарёҳо (Сирдарё ва Амударё) ҷойгиранд, дар фасли тобистон обро ба ҳамсоягон интиқол медоданд ва дар иваз аз онҳо барои марказҳои барқу гармидиҳии худ неруи барқ, мазут, ангишт ва гази табиӣ мегирифтанд.
«Дар солҳои 1990-ум кишварҳои минтақа ба пешбурди сиёсати мустақили энергетикӣ рӯ оварданд, ки дар натиҷа самаранокии чунин табодули захираҳо коҳиш ёфта, ҳам дар соҳаи энергетика ва ҳам дар соҳаи об мушкилот ба миён омад. Ҳоло кишварҳо барои беҳтар кардани ҳамоҳангии муштарак дар масъалаҳои энергетикӣ ҳамкорӣ мекунанд, ки бояд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат кунад, аммо ин раванд вақти тақозо мекунад», – таъкид мекунанд мутахассисони АКРА.
Онҳо зикр мекунанд, ки ба масъалаи дастрасии об дар минтақа ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ машғуланд. «Тавсеаи ҳамкориҳои кишварҳо, масалан, дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) бо назардошти таҷрибаи таърихии ҷамъшуда, метавонад барои ҳалли масъалаи об дар минтақа саҳми иловагӣ гузорад», – хулоса мекунанд муаллифони таҳқиқот.
Дигар таҳдидҳо
Ба назари коршиносони АКРА, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ба таваҷҷуҳи хос ниёз дорад, зеро ҳамаи кишварҳои минтақа ба роҳҳои баҳрии ҷаҳонӣ дастрасӣ надоранд.
«Мувофиқи гузориши СММ, як кишвари дар ҳоли рушд, ки ба роҳҳои баҳрии дур дастрасӣ надорад, аз рӯи сатҳи рушд аз як кишвари соҳилии рӯ ба рушд то 20% ақиб мемонад. Рушди роҳҳои мошингард ва роҳи оҳан, коҳиши сарбории бюрократӣ ва сохтмони марказҳои логистикӣ метавонанд рушди тиҷоратро ҳам дар дохили минтақа ва ҳам берун аз он таъмин кунанд», – таъкид мекунанд онҳо.
Ғайр аз ин, дар минтақа низоъҳои даврии марзӣ низ мушоҳида мешаванд. «Асосан, ин низоъҳо ба баҳсҳои марбут ба ҳудудҳо, хусусан дар робита ба анклавҳои мавҷуда дахл доранд. Чунин бархӯрдҳо, одатан дарҳол барои ҳеҷ як ҷониб хатари фаврии иқтисодӣ эҷод намекунанд, аммо дар сурати шиддат ёфтан, метавонанд мушкили вобастагии иқтисодии минтақаро амиқтар ва ҷолибияти сармоягузорӣ дар минтақаро коҳиш диҳанд ва саъю кӯшишҳои ҳамгироиро заиф гардонида, дар маҷмӯъ, имконоти транзитӣ ва тиҷоратии минтақаро коҳиш диҳанд», – омадааст дар таҳқиқот.
Ҳамчунин дар таҳқиқот ҳамсоягӣ бо Афғонистон зикр мешавад, ки «шиддатнокиро дар минтақа афзоиш медиҳад». «Хатари ҳамлаҳои террористӣ, афзоиши паноҳандагон, зиёдшавии ҷинояткорӣ, зарурати таҳкими ҳифзи марзҳо – ин танҳо як қисми мушкилоти вобаста ба тағйири низом дар ин кишвар дар соли 2021 мебошад», – гуфта шудааст дар таҳқиқот.
Бино ба арзёбии коршиносони АКРА, ҳалли мушкилоти зикршуда, ки минтақа бо онҳо дучор мешавад, танҳо бо муттаҳид кардани талошҳои ҳамаи кишварҳои дохили минтақа ва бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалии дахлдор ва кишварҳои калидии шарик имконпазир аст.
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
“Метро созанд, баъд зан мегирам...”. Вокуниши сокинон ба хабари сохтмони метро дар Душанбе
Афзоиши маблағи ҷарима барои қоидавайронкунии роҳу нақлиёт. Барои кадом қонуншиканӣ чӣ қадар зиёд шуд?
Ҳалокати 4 кас ва тақрибан 10 млн сомонӣ зарар. Хисороти сӯхторҳо дар Суғд дар соли гузашта
Таъмини аҳолӣ бо манзил. Дар Тоҷикистон норасоӣ мушоҳида мешавад
Таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия. Чӣ тавр метавон ҳуҷҷат супорид?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста