Дар моҳи ноябр аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи ҳудуди 4,2 млн доллар неруи барқ содир шудааст, ки 10,5% зиёдтар нисбат ба моҳи октябр аст. Дар ин бора Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад.

Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 106,6 млн доллар неруи барқ содир шудааст, ки 1,1% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.

Ҳиссаи интиқоли барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ давоми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 6,1%-ро ташкил додааст.

Қаблан дар ҶСК “Барқи тоҷик” итминон дода буданд, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон вақте ки дар дохили кишвар душвориҳо бо таъмини барқ ба миён меоянд, барқ дар ҳаҷми начандон зиёд барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқоли барқ ва дигар таҷҳизоти зерсохтор танҳо ба Афғонистон интиқол дода мешавад. Бо Ӯзбекистон тибқи маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, қарордод танҳо дар давраи тобистон амал мекунад.

Ширкати электроэнергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS) чанде пеш хабар дод, ки бо “Барқи тоҷик” дар мавриди хариди барқ дар соли нави 2025 қарордод бастааст. Дар хабар ягон хел ҷузъиёти қарордод оварда нашудааст.

Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар доираи созишномаи генералии соли 2008 баимзорасида, ки то соли 2028 амал мекунад, сурат мегирад. Охири ҳар сол кишварҳо дар бораи ҳаҷми интиқол ва нархи барқ барои соли оянда санади иловагӣ имзо мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, аз даҳаи моҳи сентябр сокинони деҳоти Тоҷикистон дар реҷаи маҳдуд - 3 соат субҳ ва 5 соат шом бо барқ таъминанд.

Бино ба маълумоти Агентии омор, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20,2 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 1,8% зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2023 аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.