Дар Душанбе 17 гузаргоҳ барои пиёдагардон, ки ба гуфтаи мақомот боиси танбашавии нақлиёт дар роҳҳо мешуданд, барҳам доданд. Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин гузаргоҳҳо бо сабабаи дар масофаи наздик аз ҳамдигар ҷойгир будан яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани танбашавии нақлиёт буданд.
“Ба назардошти ба стандартҳои қабулгардида мутобиқ намудани роҳҳои мошингарди пойтахт, дар асоси дастури роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, гузаргоҳҳои мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳа барҳам дода шуданд” гуфта мешавад дар изҳороти ин ниҳод.
Тавре аз Раёсати ВКД-и пойтахт ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз 17 гузаргоҳ, ки барҳам дода шуданд, 5-тои он дар хиёбони Рӯдакӣ ҷойгир буд.

Аз байни бурдани гузаргоҳ барои пиёдагардон дар шабкаҳои иҷтимоӣ баҳсеро ба миён овард. Бархеҳо тарафдорӣ қисми дигари дастгирӣ краданд.
Аз ҷумла, як корбар бо номи “Lailohon” дар гурӯҳи фейсбукии “Tajik Mama”-и “Фейсбук” навиштааст, ки “ман мефаҳмам, ки гузаргоҳи назди телевизиони “Сафина”-и собиқ ва кинотеатри “Ватан” он қадар муҳим нестанд. Вале гузаргоҳи назди Академияи илмҳо роҳҳи муҳиме буд, ки ду маҳалро ба ҳам мепайваст ва бисёриҳо аз он истифода мекарданд. <...> акнун барои гузаштан давр задан лозим меояд”.

Корбари дигар бо номи Ирина зикр кардааст, ки “ҳадди ақал бояд як гузаргоҳро мемонданд, зеро ҳоло як гузаргоҳ дар назди “Хонаи матубот” ва гузаргоҳи дигар назди Театри опера ва балет аст. Барои аз роҳ гузаштан ду кӯча пиёда рафтан лози аст”.
Елена ном корбар барҳам додани гузаргоҳҳоро ҷонибдорӣ крада навиштааст, ки “хайрият, ки (гузаргоҳро - муҳар.) барҳам доданд. Дар час-пик мошин ним соат дар ин қисмат дар мемонад”.
Вале Натали ном корбар баръакс гуфтааст, “имрӯз шоҳиди он шудам, ки одамон аз болои панҷара ҷаҳида аз роҳ мегузаранд.
Зимнан, хабарнигори “Азия-Плюс” низ ҳангоми аксгирии ин гузаргоҳҳо шоҳид шуд, ки чӣ гуна аз сабаби набудани гузаргоҳ барои пиёдагардон онҳо аз болои панҷара ҷаҳида мегузаштанд.
Бояд гуфт, моҳҳои охир дар Душанбе танбашавии нақлиёт зиёд ба чашм мерасад, ки боиси норозигии меҳмонон ва сокинони пойтахт шудааст.
Мақомот, ки ин ҳолатро ба зиёд шудани мошинҳо дар пойтахт, дар таъмир қарор доштани баъзе роҳҳо ва садамаҳои нақиётӣ марбут медонанд, кӯшиш доранд, бо гузаронидани рейдҳо ва дигар тадбирҳо танбашавиро пешгирӣ кунанд.





“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста