Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба санаи 1 апрели соли равон 2 млрд. 284,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аввали сол андозаи он ба 2 млрд. 274,1 млн. доллар баробар буд.

Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, дар сохтори қарзи берунаи ҷумҳурӣ 2 млрд. 107,8 млн. доллар ба қарзи бевоситаи давлатӣ рост меояд, ки иҷрои хизматрасониҳои ҳукумати кишварро таъмин мекунад.

Ҳаҷми қарзҳо бо кафолати давлатӣ дар сохтори қарзи беруна 23,3млн. долларро ташкил медиҳад. Қарзҳои корхонаҳои давлатие, ки кафолати ҳукуматро надоранд, ба 31,5 млн. доллар баробар аст.

Қарзи Бонки миллии Тоҷикистон 121,6 млн. долларро ташкил медиҳад, аз ҷумла 108 млн. доллар - ба Хазинаи байнулмилалии асъор, 9 млн. доллар - ба Чин ва боз 4,6 млн. доллар - ба Бонки исломии рушд.

То охири сол Тоҷикистон ният дорад, ки аз сарчашмаҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 215 млн. доллар маблағгузорӣ ҷалб намояд. Дар ҳамин ҳол, барои пардохти қарзи беруна равона кардани ҳамагӣ ҳудуди 140 млн. доллар ба нақша гирифта шудааст.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон айни замон Чин мебошад, ки беш аз нисфи қарз аз ҳаҷми умумӣ ба он рост омада, ҳаҷми он наздики 1,2 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ - 294 млн. доллар, Бонки осиёгии рушд - 225 млн. доллар, Бонки исломии рушд - 110 млн. доллар ва Хазинаи байнулмилалии асъор - 108 млн. доллар қарздор аст.