Заминаи ҳуқуқӣ омода ва аллакай муассисаи қарздиҳӣ ҳам мавҷуд аст, ки мехоҳад ба бонки исломӣ табдил гардад. Акнун танҳо эътимоди мардумро ба даст овардан боқӣ мондааст.

Қонун “Дар бораи бонкдории исломӣ” соли 2014 қабул шуда, баъдан Бонки миллии Тоҷикистон бар асоси таҷрибаи Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия ва Индонезия барои танзиму назорати фаъолияти муассисаҳои қарзии исломӣ санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҳия намуд.

Дар Бонки миллӣ мегӯянд, барои роҳандозии фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ дар ҷумҳурӣ тамоми заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст. “Бар асоси муқаррароти қонунгузорӣ мо ба баррасии дархостҳои гирифтани иҷозатномаи дахлдор омодаем”, - гуфтанд дар Бонки миллӣ.

Нахуст “Бонки рушди Тоҷикистон”-ро, ки “Тоҷиксодиротбонк” харида буд, ба бонки исломӣ табдил доданӣ буданд, лекин аввали соли 2016 “Тоҷиксодиротбонк” ба мушкилоти молӣ дучор гардида, зарур омад, ки аз ин нақшаҳо даст кашида шавад.

Моҳи октябри сол гузашта “Соҳибкорбонк”, ки яке аз 17 бонки тиҷоратии Тоҷикистон аст, дар бораи нияти нахустин бонки исломии кишвар шуданаш эълон дошт.

Дастаи лоиҳавӣ оид ба табдили “Соҳибкорбонк”ба бонки исломӣ моҳи марти ҳамин сол ба кор шурӯъ намуд.
Asia-Plus

Дастаи лоиҳавӣ оид ба табдили “Соҳибкорбонк”ба бонки исломӣ моҳи марти ҳамин сол ба кор шурӯъ намуда, табдилёбӣ бо дастгирии техникӣ ва машваратии Корпоратсияи исломӣ амалӣ мешавад.

Як манбаъ дар бонк дар ин робита изҳор намуд, ки тамоми заминаи қонунгзорӣ дар кишвар аллакай мавҷуд буда, танҳо анҷоми лоиҳа ва муроҷиат ба Бонки миллӣ барои гирифтани иҷозатнома зарур аст, лекин аз кай сурат гирифтани ин кор маълумоти саҳеҳ дода нашуд.

Дар маълумоти нашршуда дар сомонаи “Соҳибкорбонк” дар бораи хусусиятҳо ва тарзи кори бонки исломӣ қайд мешавад, ки тибқи усулҳои иқтисодии исломӣ, бонк аз тиҷорати муштарии худ канор намеравад, балки маблағгузорӣ ҳамчун сармоя ба ин тиҷорат шуморида мешавад, ки фоида аз он байни сармоягузор, яъне бонк ва шарик, яъне муштарӣ тақсим мешавад.

Зикр мегардад, ки ба фаъолияти судхӯрӣ дар ислом, ки дар он гирифтани даромад аз фоиз пешбинӣ шудааст, иҷоза дода намешавад. Бонки исломӣ барои қарз фоиз намегирад, ин гуноҳ аст, лекин аз фоидаи тиҷорат метавонад ҳисса гирад, иштирокчии лоиҳа ё саҳмгузори ширкат шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.