Дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон ду кишвар барои татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ҷиҳати тавсеаи равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.
Завқӣ Завқзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Микоил Оғлу Ҷабборов, вазири иқтисоди Озарбойҷон мулоқот намуд.
Ин вохӯри рӯзи 22-уми ноябр соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳошияи Саммити барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо барои лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ дар соҳаи кооператсияи саноатӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои ба кор андохтани корхонаи коркарди нафти МОИ “Данғара”, бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ (НБО) дар Тоҷикистон, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, ташкили кластерҳои агросаноатӣ, содироти алюминийи аввалия, криолит ва фториди алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон, воридоти гилхок аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти корхонаи ТАЛКО ва пешниҳоди тахфифҳо дар ҳамлу нақли роҳи оҳан тавофуқ карданд.
Бо ин мақсад Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи дуҷониба таъсис дода шуд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои дар боло қайдгардида ҳамкорӣ менамояд.
Таъкид гардид, ки пас аз сафари давлатии Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон ба Тоҷикистон дар моҳи апрели соли ҷорӣ, гардиши савдои хориҷии ду кишвар дар 10 моҳи соли ҷорӣ 1,5 баробар зиёд гардид, ки ҳаҷми ин нишондод аз нишондоди тамоми соли гузашта баланд мебошад.
Бояд гуфт, ки бино ба иттилои оҷонсии омори Тоҷикистон, табодули маҳсулот миёни ду кишвар дар 10 моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7 миллион долларро ташкил додааст, ки ба 0,1 дарсади ҳаҷми умумии гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст. Содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон дар ин муддат 538,3 ҳазор доллар ва воридоти маҳсулотҳои Озарбойҷон ба Тоҷикистон каме бештар аз 6,4 миллион долларро ташкил додааст.
Хотиррасон мешавем, СПЕКА соли 1998 таъсис ёфта, кишварҳои иштирокчии он Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон мебошанд.