Мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ оид ба ҷудо дар Душанбе имсол таҳти унвони "Dushanbe Grand Slam-2025" рӯзҳои 2-4 май доир мегардад. Дар ин бора Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар медиҳад.

Соли 2024 он мақоми силсилаи "Тоскулоҳи бузург" (Большой шлем) соҳиб шуд. Ин маънои онро дорад, ки дар ин мусобиқа варзишгарон метавонанд бештар ба имтиёзҳо дар радабандӣ ва ба зиёдтар мукофотҳои ҷоизавӣ соҳиб шаванд. Ёдрас мекунем, ки соли 2023 бори аввал "Grand Prix Dushanbe-2023" бо иштироки ҷудокорон аз 40 кишвар баргузор шуд.

 

"Тоскулоҳи бузург" чӣ гуна мусобиқа аст?

Қобили зикр аст, ки барои ҷудокорон ин мусобиқа яке аз муҳимтаринҳо дар мавсим аст. "Тоскулоҳи бузург" - мусобиқаи байнулмилалие мебошад, ки аз ҷониби Федератсияи байнулмилалӣ дар доираи силсилаи ҷаҳонии IJF гузаронида мешавад.

Пас аз Бозиҳои олимпӣ, мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва "World Masters" мусобиқаҳои "Тоскулоҳи бузург" мусобиқаҳои муҳимтарини ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд, ки дар онҳо ҷудокорон метавонанд барои радабандиҳо зиёдтар имтиёз ба даст оранд.

Аввалин мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" моҳи декабри соли 2008 дар Токио (Ҷопон) доир гардида, IJF онро на "Тоскулоҳи бузург", балки Ҷоми Кано номида буд.

Соли 2009 мусобиқаҳои иловагӣ ҳамчунин дар Париж, Маскав ва Рио-де-Жанейро баргузор шуданд. Соли 2013 мусобиқа аз Рио-де-Жпнейро ба Боку гузашт. То соли 2013 дар доираи "Тоскулоҳи бузург" ҳамасола 4 мусобиқа гузаронида мешуд.

Соли 2014 тасмим гирифта шуд, ки мусобиқаи панҷум дар Абу Дабӣ илова карда шавад. Соли 2019 боз ду мусобиқаи иловагӣ дохил шуд.

Ба мисли ҳамаи дигар мусобиқаҳои силсилаи IJF, варзишгарон дар мусобиқаҳои "Тоскулоҳи бузург" ширкат варзида, имтиёзҳои WRL ба даст меоранд. Имтиёз вобаста ба ҷойи касбкардаи варзишгар дар мусобиқа дода мешавад. зинаи 1-ум – 1000 имтиёз, 2-юм – 700, 3-юм – 500, 5-ум – 360, 7-ум – 260, 1/16 финал – 160, 1/32 финал – 120, ғалаба дар як рақобат – 100 ва иштирок дар мусобиқа – 10 имтиёз.

Гирандаи медали тилло дар мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” ба 1000 имтиёз дар радабандӣ ва 5 ҳазор евро ҷоизапулӣ (аз он 1 ҳазор евро ба мураббии варзишгар дода мешавад), медали нуқра - 700 имтиёз ва 3 ҳазор евро (600 евро ба мураббӣ) ва медали нуқра - 500 имтиёз ва 1500 евро (330 евро ба мураббӣ) соҳиб мешаванд.

 

Мусобиқаи соли гузашта

Дар мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" дар Душанбе дар соли 2024 ҳайати Тоҷикистон аз 37 ҷудокор - 28 мард ва 9 зан иборат буд. Дар мусобиқа ҳамагӣ 390 ҷудокор аз 65 кишвар ширкат варзиданд.

Дар ҳисоби умумидаставӣ мунтахаби ҷудокорони Тоҷикистон бо касби 7 медал - 1 тилло, 3 - нуқра ва 3 - биринҷӣ зинаи 4-умро касб кард. Дар зинаи аввал ҷудокорони Швейтсария (2 медали тилло, 2 - нуқра, 0 - биринҷӣ), зинаи дуюм - Австрия (2-1-0) ва сеюм - Италия (2-0-1) ҷой гирифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.