Дар машқгоҳи “Ҳарб-Майдон” дар вилояти Хатлон тамринҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия оғоз гардида, марҳилаи фаъоли он аз 7 то 11 апрел баргузор мешавад. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад.
Дар ҷараёни тамринҳо воҳидҳои ҳарбии ду кишвар ташкили амалҳои муштаракро оид ба маҳви гурӯҳҳои террористӣ, омодагии воҳидҳо ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда дар шароити мавзеи кӯҳсор машқу тамрин мекунанд.
“Марҳилаи асосии машқҳо роҳандозии амалиёти муштарак оид ба нобуд сохтани гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, инчнуин идоракунии воҳидҳо дар ҷараёни ҳифзи сарҳад ва маҳви гурӯҳҳои марзро убуркарда хоҳад буд”, - зикр мешавад дар хабар.
Асоси воҳидҳои Русияро қисмҳои пойгоҳи 201-уми ҳарбии Ҳавзаи ҳарбии марказӣ, аз ҷумла воҳидҳои тирандоз, гурӯҳи сарнишинони авиатсионӣ дар чархболҳои зарбазани Ми-24 ва нақлиёти ҷангии Ми-8МТВ5-1 ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин дар тамринҳо мутахассисони алоқа, операторони FPV-дронҳо ва дастгоҳҳои иктишофии бесарнишини, инчунин гурӯҳҳои зудамали муқовимати радиоэлектронӣ низ иштирок мекунанд.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бузургтарин иншооти ҳарбии Русия дар берун аз ҳудуди он буда, дар ду шаҳри ҷумҳурӣ - Душанбе ва Хатлон мустақар аст. Ба ҳайати он воҳидҳои тирандози сайёр, артиллерӣ, иктишофӣ, инчунин қисмҳои мудофиаи ҳавоӣ, ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёвӣ ва алоқа шомиланд.
Машқгоҳи “Ҳарб-Майдон” дар мавзеи кӯҳистону биёбон тқрибан 20 километр дуртар за сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон воқеъ аст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста