Дар суди шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳӣ оид ба баррасии парванда нисбати ҷарроҳи маъруф дар шаҳри Хуҷанд Абдумалик Саломов ба итмом расид. Ӯ ба робита доштан ба равияи мазҳабии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи «Салафия» гумонбар дониста мешуд.

Суд ҷарроҳ Абдумалик Саломовро ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307, қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ба 5,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Дигар ҳаммаслакони дар парванда ҳузурдоштаи ӯ - Илҳом Ғаффоров (ҳамсинфи Саломов) ва Сайдулло Мирзоев (дӯсти табиб) низ тибқи моддаи дар боло зикршуда гунаҳкор дониста шуда, ҳар кадоме 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.

Абдумалик Саломов 41 сол дошта, ба гуфтаи ҳамкоронаш, соли 1999 Донишгоҳи тиббии Душанбе ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кард ва ҳамон сол дар бемористони амрози дили шаҳри Хуҷанд ба кор оғоз кард. Сипас, дар Маскав дар бахши ординатураи ихтисоси ҷарроҳи қалб рисолаи илмии худро ҳимоят кард ва унвони номзади илми тиб ба Суғд баргашт.

Собиқаи кории ӯ дар Маркази ҷарроҳии дилу шарёни Бакулев ва госпитали Вишневскийи Маскав ба ҳайси ҷарроҳи қалб 7 солро дар бар гирифт. Ӯ соли 2015 бо даъвати мақомоти Суғд ба ватан баргашта, дар маркази навтаъсиси ҷарроҳии дилу шарён дар Хуҷанд ба кор шурӯъ кард.

Аз моҳи сентябри соли равон ба ин тараф Абдумалик Саломов дар боздоштгоҳи муваққат ё СИЗО-2-и Хуҷанд қарор дошт.