Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар бораи гузаштани Тоҷикистон ба алифбои дигар (форсӣ)-ро дар пасманзари пешниҳоди Созмони кишварҳои туркӣ барои гузаштан ба “алифбои ягонаи туркӣ” изҳори назар кард ва гуфт, “айни замон гузаштан ба алифбои дигар матраҳ нест”.

Ӯ имрӯз, 4 - уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ба иродаи сиёсии кишварҳои ҳамсоя, ки мехоҳанд ба алифбои ягонаи туркӣ гузаранд “эҳтиром дорем ва ҳар кишвар дар сатҳи афзалияти манфиати миллӣ ва дурнамои рушди фарҳангиаш ба тағйири алифбо тасмим мегирад”.

“Агар чунин тасмим дар сатҳи сиёсии ин кишварҳо қабул шуда бошад Тоҷикистон аз рӯйи одоби дипломатӣ ин иродаҳои сиёсиро зери шубҳа қарор доданӣ нест. Масъалаи вобаста ба алифбои имрӯзаи роиҷи Тоҷикистон, айни замон чунин масъала матраҳ нест, ки гузариши мо ба ягон алифбои дигар мавриди назар бошад”,-гуфт Хайриддин Усмонзода.

Бояд гуфт, ки соли гузашта Созмони кишварҳои туркӣ дар як ҳамоиш масъалаи алифбои ягонаро матраҳ карда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Ӯзбекистон вап Қирғизистон) даъват кард, ки ба “алифбои туркӣ” рӯй оваранд.

Дар Тоҷикистон ҳамчунон хатти кирилӣ роиҷ аст, ҳарчанд бархе фарҳангиён ва зиёиёни кишвар аз зарурати гузаштани Тоҷикистон ба алифбои форсӣ таъкид мекунанд. Онҳо далел меоранд, ки ин хат мероси гузаштаи тоҷикон аст ва ҳамаи гузаштагони ин миллат бо ин хат таълиф кардаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.