Ҳукумати Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар соли 2025 тақрибан 4 млрд 156 млн сомонӣ (380 млн доллар)-ро барои пардохти қарзи давлатӣ равона мекунад.

Ин маблағҳо дар буҷети давлатӣ дар категорияи махсуси «Хароҷоти дигар» пешбинӣ шудаанд, яъне хароҷоте, ки ба дигар гурӯҳҳо мансуб нестанд.

Маблағҳое, ки барои пардохти қарзи давлатӣ дар ин сол пешбинӣ шудаанд, 8,1% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети асосии кишварро ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, тақрибан 3 млрд 977 млн сомонӣ (382 млн доллар) барои пардохти қарзи хориҷӣ (3 млрд 5 млн сомонӣ барои пардохти қарзи асосӣ ва 972 млн сомонӣ - барои фоизҳо) пешбинӣ шудааст.

Дар маҷмӯъ, тибқи ҷадвали пардохт, дар соли 2025 ба қарздиҳандагони хориҷӣ бояд 5 млрд 556 млн сомонӣ (508 млн доллар) пардохт карда шавад. Иловатан 1,4 млрд сомонӣ бояд аз ҷониби корхонаҳои давлатии қарздор, ки бо кафолати ҳукумат қарз гирифтаанд, пардохт шавад.

Барои хизматрасонии қарзи дохилӣ дар буҷети давлатӣ 178,7 млн сомонӣ ҷудо шудааст (106 млн сомонӣ барои қарзи асосӣ ва 72,7 млн сомонӣ - барои пардохти фоизҳо).

Илова бар ин, маблағҳои иловагии берун аз буҷет ба андозаи 320,4 млн сомонӣ барои пардохти қарзи дохилии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ки аз ҳисоби иҷора ва фурӯши амволи «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк»-и барҳамхӯрда ба даст оварда мешаванд.

Вақти пардохт фаро расид

Маблағи буҷетии пешбинишуда барои пардохти қарзи хориҷӣ дар соли 2025 нисбат ба соли гузашта 1 млрд 470 млн сомонӣ ё худ 58,6% зиёд шудааст.

«Сабабҳои афзоиши ҳаҷми пардохт барои баргардонидани қарзи хориҷӣ азхудкунии қарзҳои ҷалбшудаи созмонҳои байналмилалии молиявӣ, анҷоми давраи имтиёзнок, фарорасии муҳлати пардохти қарзи асосӣ, аз ҷумла пардохти қарзи евробондҳо, инчунин пешбинии тағйироти қурби пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА мебошад», - шарҳ медиҳанд дар Вазорати молия.

Тибқи маълумоти Вазорати молия, қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1 октябри соли гузашта 3 млрд 250,4 млн долларро ташкил додааст, ки 0,2% ё худ 7,1 млн доллар зиёдтар нисбат ба нишондиҳандаи 1 январи соли 2024 мебошад.

Тақрибан 96%-и сохтори қарзи хориҷии кишварро қарзи мустақими давлатӣ ташкил медиҳад, ки иҷрои ӯҳдадориҳои молиявии ҳукуматро таъмин мекунад.

Қарзҳое, ки бо кафолати давлатӣ дода шудаанд, 138,8 млн долларро ташкил медиҳанд.

Таносуби қарзи хориҷӣ ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар сатҳи қобили қабул — 27% қарор дорад.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Чин боқӣ мемонад, ки кишвари мо ба он тақрибан 1 млрд доллар қарздор аст.

Қарзҳои нисбатан зиёд инчунин аз Бонки ҷаҳонӣ ($370 млн), Бонки осиёии рушд ($260 млн), Бонки исломии рушд ($212 млн) ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ($167 млн) гирифта шудаанд.

Қарзи асосии евробондҳо ($500 млн), ки соли 2017 барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” дастрас гардида буд, низ то ҳол пардохт нашудааст.

Интизор меравад, ки ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар соли ҷорӣ баъди дар парлумон ба тасвиб расидани созишномаҳои ҷалби қарзҳо аз мададрасонҳои хориҷӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад.

Дар паёми охирини президент зикр шуд, ки барои идомаи сохтмони НБО “Роғун” ҷалби беш аз 33 млрд сомонӣ ($3 млрд) маблағҳои шарикони рушд, аз ҷумла 20,5 млрд сомонӣ ($1,9 млрд) қарзҳои имтиёзнок ва 12,5 млрд сомонӣ (беш аз $1,1 млрд) грантҳо ба нақша гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар нимсолаи дуюми соли 2024 ҳукумат аллакай бо шаш ташкилот дар ҳаҷми умумии 10 млрд сомонӣ созишномаҳо ба имзо расонидааст, ки 6,2 млрд сомонӣ ($567 млн)-и онро қарзҳои имтиёзнок ва 3,8 млрд сомонашро грантҳо ташкил медиҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.