Дар чаҳорчӯби мусобиқаи АСА 184 дар вазни нимасабук намояндаи Тоҷикистон Беҳрӯз Зуҳуров (16-7) бо лақаби «Ong Bak» бо размикор аз Қирғизистон Шерғозӣ Кенҷабоев (5-3) рақобат мекунад. Дар ин бора нашрияи «Sherdog» хабар медиҳад.
Рақобат рӯзи 22 феврал дар Маскав баргузор мешавад. Рақобати ахири худро Зуҳуров моҳи августи соли 2024 дар мусобиқаи АСА 178 муқобили размикори Русия Глеб Хабибуллин гузаронида буд. Рақобат тамоми вақти муқарраргардида се раунд давом карда, бо қарори якдилонаи доварон Хабибуллин ғолиб дониста шуд.
Размикори тоҷик Беҳрӯз Зуҳуров 16 ғалаба ва 7 бохт дорад.
Беҳрӯз Зуҳвров размикори ММА аз Тоҷикистон аст, ки дар вазни нимасабук ҳунарнамоӣ мекунад. 17 январи соли 1993 таваллуд шудааст. Бори аввал дар ММА соли 2013 ба рақобат баромадааст. Рақобати нахустинашро дар ташкилоти нисбатан бузург соли 2015 дар Лигаи Alash Pride гузаронидааст.
Пас аз ин Беҳрӯз барои фатҳи Чин рафт. Дар ин ҷо Зуҳуров ба сурати умум 5 рақобат гузаронид, 4-то дар промоушени WBK. Дар ҳамаи рақобатҳо размикори тоҷик рақибонашро мағлуб кард.
Баъди Чин Беҳрӯз ба Лигаи Fight Nights Global омада, аз 4 рақобат дар 3-тоаш дастболо шуд. Дар ду рақобат ӯ ҳарифонашро ба нокаут фиристод. Соли 2020 размикори умедбахшро ба АСА қабул карданд.
Моҳи ноябри соли 2023 Зуҳуров дар мусобиқаи NAGA Europe Grappling Championship дар вазни 75 кг медали нуқра ба даст овард. Мусобиқа дар шаҳри Лимбурги Нидерланд барпо шуд.
Размикори тоҷик моҳи сентябри соли 2022 дар мусобиқаи EMC 10 низ ба майдон баромада, дар раунди аввал аз Фабиано Силва Консейсау бо нокаут шикаст хӯрд.