Соат  чори субҳ аст, бо афрӯхтани гулхани рамзӣ дар Боғи ғалабаи пойтахт тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни Наврӯз оғоз шуданд. Дӯстдорон ин иди байналмилаӣ аз кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ҳамроҳ бо сокиони пойтахт бо рақсу сурудҳои аҷдодӣ ин тантанаҳоро гарм мекунанд. Ҷашне, ки тақрибан таърихи 6 ҳазорсола дорад ва ин шабу рӯз онро даҳҳо кишвари дунё таҷлил мекунанд.

Беҳзоди Булӯр, хабарнигори ББС барои дидан ва инъикос намудани ҷашни Наврӯз махсус ба Тоҷикистон омадаст. Ӯ мегӯяд, тоҷикистониён аз ҳар мардуми дигар ҷашни Наврӯзро фавқулода таҷлил мекунанд.

Баъди маросими гулханафрӯзӣ тантана дар боғҳои бузурги пойтахт идома намуд. Дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ муҳассилини мактабу донишгоҳ ва сокинони ноҳияи Рудакӣ дастурхони идона оростанд. Гуруҳи ҳунармандони бо суруду рақсҳои идона табъи ҳозиринро болида мегардонданд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон Наврӯзро 21-уми март таҷлил мекунанд ва бахшида ба он як қатор мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили бузкашиву гуштингирӣ, бандкашиву кабкҷанг ва дигар бозиҳои мардумӣ доир мекунанд.

Дар мусобиқаи калони бузкашӣ, ки дар шаҳри Ҳисор барпо шуд, даҳҳо човандоз аз тамоми кишвар барои автомашина ва дигар туҳфаҳои гаронарзиш миёни ҳам сабқат карданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз дар наврӯзгоҳи пойтахт мусобиқаи Ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ баргузор шуд, ки дар он даҳҳо варзишгар аз кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд. Майдондорони асосии мусобиқа бешубҳа варзишгарони тоҷик буданд, ки барои ин рӯз тамоми сол тайёрӣ диданд.

Ҳамид Фаман президенти Федератсияи кураш дар Осиё бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон меояд ва мегӯяд гуштингирии варзишгарони тоҷик барояш хело писанд омадааст:

“Миёни гуштини тоҷикӣ ва кураш тафовут андаке вуҷуд дорад. Чун ин навъи варзиш барои тоҷикистониён аслӣ аст. Кураш бошад дар ҳоли ҳозир танҳо як навъи варзиши миллӣ аст, аммо ман дӯст дорам гуштини тоҷикиро!” 

Тантанаҳои Наврӯзӣ  давоми ҳафта дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон идома хоҳад кард. Мардум барои болидарӯҳии худ бо аҳли оила ба тамошо ва таҷлили  ин ҷашни  миллӣ  ба боғҳои фарҳангиву фароғатии кишвар мераванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

.