Дар Тоҷикистон ҳудуди 160 ҳазор маъюб ба сар мебарад. Ин қишри воқеан осебпазири ҷомеа аст, ки ба меҳрубониву ғамхорӣ ниёз дорад. Зеро маъюбӣ муаммои як шахс ё гурӯҳи одамон нест, балки тамоми ҷамъият бояд барои беҳтар кардани шароити ин қишри ҷомеа талош кунад.
Дар сатҳи давлатӣ ҷиҳати эҳтироми ҳуқуқҳои маъюбон тадбирҳои муҳим андешида мешаванд, вале то ҳол гуфтан мумкин нест, ки фарогирӣ (инклюзия), яъне ҷалби маъюбони дорои маҳдудиятҳои ҷисмонӣ ба ҳаёти фаъолона дар ҷомеа дар сатҳи баланд қарор дорад.
Омили муҳим ин аст, ки Тоҷикистон яке аз 6 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид аст, ки дар он то ҳол Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кишварҳои узви СММ-ро муайян кардааст, тасвиб нашудааст.
Моҳи июл дар чаҳорчӯби 75-умин солгарди қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар коршиноси байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар, узви Кумитаи ҳуқуқи маъюбони СММ, доктор Маркус Шефер ба Тоҷикистон ташриф овард.
"Азия-Плюс" бо ӯ дар бораи муҳим будани тасвиби Конвенсияи ҳуқуқи маъюбон барои Тоҷикистон сӯҳбат кард.
Барои чӣ Конвенсия муҳим аст?
- Вазъи ҳифзи ҳуқуқу шароит барои маъюбон дар Тоҷикистон ба назари шумо чӣ гуна аст?
— Дар рафти сафар ба Тоҷикистон бо бисьёр одамони маъюб шинос шудам. Бархе аз онҳо намояндагони созмонҳои маъюбон буда, бархеи дигар дар чорабиниҳое, ки барояшон баргузор гардид, иштирок карданд.
Таҷриба ва фидокории бисёре аз онҳо маро ба ҳайрат овард. Аммо дар маҷмӯъ, чунин ба назар мерасад, ки сарфи назар аз кӯшишҳои зиёд, аксари маъюбон то ҳол аз бисёр ҷанбаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ дар канор мондаанд.
Ба вазъи маъюбон дар Тоҷикистон баҳои умумӣ дода наметавонам. Ин вақте имкон дорад, ки Тоҷикистон Конвенсияро ба тасвиб расонида, гузориши аввалини худро ба Кумита пешниҳод кунад.
Мақсади сафари ман дар аввали ҳамин моҳ ба кишвар фаҳмонда додани аҳаммияти тасдиқ намудани конвенся ва аз ҳукумат даъват кардани он буд, ки онро бетаъхир ба тасвиб расонад.
- Конвенсия чиро пешбинӣ мекунад ва чаро тасвиби он муҳим аст?
- Конвенсия ҳуқуқҳои маъюбонро кафолат дода, уҳдадориҳои давлатро муайян мекунад. Ҳадафи он ба кафолати иштироки маъюбон дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, мисли дигарон пеш бурдани зиндагии худ равона шудааст.
Бо тасдиқи Конвенсия давлат ва ҷомеа асосу чорчӯбаи умумие мегиранд, ки андешидани тадбирҳои зарурӣ ва ба кадом мақсад ноил гардиданро шарҳ медиҳанд.
Илова бар ин, Конвенсия аз давлат талаб мекунад, ки бо созмонҳои маъюбон машварати густарда дошта бошад. Ин талабот инчунин ба ҳамоҳангсозии беҳтар ва тағйироти пурмазмун оварда мерасонад.
- Сабабҳои то ҳол ба тасвиб нашудани Конвенсия дар баъзе кишварҳо чист? Ба мо бигӯед, ки он чӣ гуна вазифаҳо мегузорад ва кадом имтиёзҳо медиҳад?
- Аз 193 кишвари узви СММ 187-тои он Конвенсияро ба тасвиб расонидаанд. Танҳо 6 кишваре ҳастанд, ки то ҳол ин корро накардаанд. Ман сабабҳои инро намедонам.
Конвенсия аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муфассали фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёт иборат аст. Он ҷомеаи фарогиреро, ки дар он табъиз ва ҷудосозӣ (сегрегатсия) манъ аст, тақозо мекунад. Ба ин, масалан, соҳаи маориф, ки комилан ба маъюбон мутобиқ карда шудааст, бозори меҳнат, ки маъюбон дар асоси баробар иштирок карда метавонанд ва зерсохтори дастрас, ба монанди биноҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ дохил мешаванд.
Имкон барои Тоҷикистон
- Оё Конвенсия вижагиҳои ҳар як кишвари алоҳидаро ба инобат мегирад ва оё бо ҳар гуна тавзеҳот пазируфтани он қобили қабул аст?
- Баъзе ҳуқуқҳо, аз қабили кафолати муносибати инсондӯстонаро барои ҳар як кишвар мутобиқ кардан лозим нест. Аммо ҳуқуқҳои дигар, аз ҷумла ҳуқуқҳои иҷтимоӣ аз давлат талаб мекунанд, ки барои кафолати онҳо чораҳои мусбат андешад.
Дар конвенсия гуфта мешавад, захираҳои дар ихтиёри давлат қарордошта бояд ба назар гирифта шаванд. Ин чунин маъно дорад, ки Конвенсия аз давлатҳое, ки захираҳои кофӣ доранд, назар ба давлатҳое, ки захираҳои онҳо маҳдудтаранд, чораҳои бештар муассиру густардаро талаб мекунад.
Вақте ки Кумитаи мо иҷрои Конвенсияро дар ин ё он кишвар назорат мекунад, вобаста ба захираҳои иқтисодие, ки давлати узв метавонад сафарбар кунад, тафовути дақиқ мегузорад.
Шарҳу эзоҳ лозим нест. Татбиқи Конвенсия раванди пайвастаи ноил шудан ба ҳадафҳои муқарраршуда мебошад. То ҳол ягон кишваре нест, ки дар замони тасвиб ба тамоми талабот ҷавобгӯ бошад.
- Агар таҷрибаи он кишварҳоеро, ки Конвенсияро ба тасвиб расонидаанд, таҳлил кунем, дар онҳо чӣ тағйироти ҷиддие дар ҳуқуқи маъюбон ба амал омадааст?
- Яке аз муҳимтарин тағйироте, ки ман мушоҳида кардам, дар он ифода меёбад, ки созмонҳои маъюбон фаъолтар, ҳадафмандтар мешаванд ва дар равандҳои қонунгузорӣ ва иҷроия бештар фаълона иштирок карда метавонанд.
Умуман, дарки зарурати қабул кардани тадбирҳои самарабахш зиёд мешавад.
Бо вуҷуди ин, он комилан аз давлати узв вобаста аст, ки дар куҷо ва чӣ гуна амалҳоро анҷом медиҳад. Дар ин бобат байни давлатҳо тафовути калон мавҷуд аст, зеро ҳар як давлат ва ҷамъияти он бояд афзалиятҳои худро муайян ва тадбирҳои худро роҳандозӣ кунад.
Дар саросари ҷаҳон ман чунин далелро мешунавам, ки норасоии маблағ ҷиҳати рӯйи даст гирифтани иқдомоти ҷиддӣ барои амалӣ намудани ҳуқуқҳои маъюбон имкон намедиҳад. Бо вуҷуди ин, таҷриба гуногун аст. Мо фаҳмидем, ки давлат бояд тадбирҳои зиёдеро, ки камхарҷ бошанд, амалӣ созад.
Душанберо сайругашт карда мебинам, ки чӣ кадар биноҳои нав, аз ҷумла биноҳои баландошьёна сохта мешаванд. Агар аз ибтидои раванди банақшагирӣ меъёрҳои дурусти дастрасӣ ба назар гирифта шаванд, хароҷоти иловагӣ ба дастрасии биноҳои нав хеле кам хоҳад буд. Ин як фурсат барои Тоҷикистон аст. Ин ба кишвар имкон медиҳад, ки аз рушди босуръати иқтисодии худ барои ба таври назаррас пеш бурдани ҳуқуқҳои маъюбон истифода барад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ низ нишон медиҳад, ки Конвенсия натанҳо ба хидматрасонӣ ба маъюбон дахл дорад. Албатта, он ҳуқуқҳои зиёдеро ба хидматҳо дар бар мегирад, аммо бо онҳо маҳдуд нест. Конвенсия инчунин ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро кафолат медиҳад, аз ҷумла ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ ё ҳуқуқ ба қарор нагирифтан ба мавридҳои муносибати ғайриинсонӣ ва таҳқиркунандаи шаъну шараф.
Аз ҷумла, иштироки сиёсии маъюбон дар рушди осоиштаи ҳар як низоми сиёсӣ муҳим аст, зеро онҳо ақаллияти хеле калонро, ки тақрибан ба 20% аҳолӣ баробар аст, ташкил медиҳанд.
“Аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунам, ки тасвиби Конвенсияро ваъда диҳад”
- Тасдиқи Конвенсия ба ҷомеаи кишвар дар маҷмӯъ чӣ гуна метавонад таъсир расонад?
- Тасдиқи Конвенсия оғози равандӣ тӯлонӣ мебошад. Иҷрои муқаррароти Конвенсия натанҳо тағйири қонунҳо ва истифодаи дурусти онҳо, балки дар сатҳи хеле бунёдӣ тағйир додани муносибати ҷомеаро нисбат ба маъюбон тақозо мекунад.
Маъюбии шахс набояд ҳамчун як иштибоҳи тиббӣ, ки шахсро камтар арзишманд мекунад, баррасӣ шавад, зеро маъюбӣ танҳо як ҷанбаи гуногунии одамон аст.
Мо бояд ин гуногунрангиро чун дар бисёр дигар соҳаҳои ҷомеа қадр кунем ва гиромӣ дорем. Чунин дигаргунӣ вақт талаб мекунад ва худ аз худ ба амал намеояд.
Ҳар як давлати алоҳидаи иштирокчӣ, ки гузоришашро ман баррасӣ кардам, сарфи назар аз рушди иқтисодӣ ва сиёсии он, бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ аст.
- Барои тасвиби Конвенсия Тоҷикистон ба чӣ ниёз дорад? Ба назари шумо, муҳлати омода шудани кишвари мо ба он чӣ қадар аст?
- Ба Тоҷикистон лозим нест, ки ба ҳамаи ҳадафҳои дар нақшаи амали худ гузошта расад; кишвар метавонад бе таъхир Конвенсияро ба тасвиб расонад. Интизор шудан лозим нест ва ба таъхир андохтани ин раванд фоидае ҳам надорад.
Тасдиқи Конвенсия ба кӯшишҳои ҳозира дастгирии назаррас хоҳад буд. Аз ҷумла, раванди баррасии давлати узв, ки дар он Кумитаи мо ба давлат тавсияҳо медиҳад, роҳнамо барои амалҳои минбаъдаи давлатро фароҳам меорад.
Дар ҳоле ки имсол 75-умин солгарди Эъломияи ҳуқуқи башар таҷлил мешавад, СММ рӯзҳои 11-12 декабр дар Женеваи Швейтсария бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо як чорабинии сатҳи баланд баргузор мекунад. Ин имкон медиҳад, ки кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ниятҳои худро барои тағйирот ва пешрафт дар ҳифзи ҳуқуқи инсон эълом кунанд.
Дар ин замина, ман аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунам, ки ба тасвиби Конвенсия ваъда диҳад, зеро он яке аз ду конвенсияи асосии ҳуқуқи инсон аст, ки кишвар то ҳол ба тасвиб нарасонидааст.