Зиндагии мардуми яғноб пур аз асрору муаммо аст. Шеваи зист ва анъанаҳои онҳо ҳамеша таваҷҷуҳи муҳаққиқону рӯзноманигоронро аз мамлакатҳои гуногун ба худ мекашад. Имрӯз яғнобиҳо ба шароити душвори рӯзгор нигоҳ накарда, баъди бадарғаи маҷбурӣ тадриҷан ба зодгоҳашон бармегарданд. Онҳо на танҳо забони нотакрори худро мехоҳанд ҳифз кунанд, балки мехоҳанд сарзамини аҷдодии худро ба гаҳвораи сайёҳӣ табдил диҳанд.
Мо ба Яғноб сафар намудем, то бубинем, ки авлоди Суғдиёни бостон имрӯз чӣ гуна зиндагӣ мекунанд, бо чӣ мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд ва чӣ гуна онҳоро мустақилона ҳал мекунанд.
Водии Яғноб яке аз мавзеъҳои зебоманзар, вале дастнораси Тоҷикистон аст. Беҳтар аст ба ин сарзамин то тирамоҳ сафар кард, зеро дар зимистон ва то охири баҳор он аз ҷаҳони беруна ҷудо мешавад. Ҳаракат қад-қади ягона роҳи хокӣ бо сабаби резиши санг душвор аст.
Вале манзараи афсонавӣ диққати касро аз пастхамиҳои хатарнок ба худ мекашад. Дар фасли тирамоҳ кӯҳистони ин мавзеъ боз ҳам зеботар мешавад.
Дараи кӯҳӣ гоҳо он қадар танг аст, ки сангҳои калонро дидан мумкин аст. Онҳо пораҳои ҳалвои азими шикастаро ба хотир меоранд. Дарёи аз пиряхҳо сарчашмагирифта баъзан тезу баъзан ором ҷорӣ мешавад.
Ронандаи мо Карим писари яке аз сокинони куҳансоли Яғноб аст, ки ба хонаи онҳо меҳмон мешавем. Ӯ ҷавони камгап аст, вале роҳро ба мисли панҷ ангушти панҷааш омӯхтааст. Аксар вақт барои онҳое, ки мошин надоранд, аз маркази вилоят хӯрока дастрас мекунанд. Баъди дастррас намудани ангишт ва орди ҳамдеҳагон, ба манзили ронанда расидем.
Сардори оилаи серфарзанд Ниёз Каримов аз омадани меҳмонон ҳамеша шод аст. Дар хонаи ӯ аксар вақт сайёҳону рӯзноманигорон меҳмон мешаванд. Карим хеле чақон печкаро даргиронда, дастархонро барои меҳмонон кушод. Занони маҳаллӣ аз сабаби зиндагӣ дар макони дурдаст аксар вақт худро ба меҳмонон нишон намедиҳад ва бо рӯймол рӯяшонро пинҳон мекунанд. Аз ин рӯ, ба меҳмонон асосан мардон хизмат мерасонанд.
Пас аз сафари дуру дароз як пора нони маҳаллӣ, ки бо равған омода шудааст ва як коса чойи гарм аз хӯрокҳои тарабхонаҳо болаззатар аст. Бо меҳмонон бо эҳтироми хос муносибат мекунанд, мисли онҳое, ки аз хонаи худ маҳрум шудаанд.
Чун замоне яғнобиҳо худ маҷбур шуданд, ки заминҳояшонро тарк кунанд. Солҳои 70-уми асри гузашта онҳоро бар хилофи хоҳишашон аз баландкӯҳ ба даштҳои ноҳияи Зафаробод кӯчонида буданд. Баъзеҳо баъдтар ба Душанбе ва Варзоб кӯч бастанд.
Имрӯз дар Яғноб ҳудуди 70 оила зиндагӣ мекунад. Онҳо танҳо баъди ба даст овардани истиқлолият ба сарзамини худ баргашта тавонистанд. Аммо аз деҳаҳое, ки пештар дар ин ҷо мавҷуд буданд, фақат нисфи он боқӣ мондаасту халос.
Дар сари роҳ деҳаҳо ҳастанд, ки дар онҳо танҳо биноҳои сангини вайрона боқӣ мондаанд ва аз ҳаёти пешини ин деҳаҳо гувоҳӣ медиҳанд.
Ниёз Каримов яке аз аввалинҳо шуда, ба зодгоҳи худ баргашта, дар деҳаи Махтимайн, ки падараш дар он ҷо зиндагӣ мекард, маскан гирифт. Номи деҳаҳои Яғнобӣ аз замонҳои қадим, ки сокинони Суғд бо забони модарии худ муошират мекарданд, тағйир наёфтааст. Ин забон то имрӯз зинда аст ва яғнобиҳо охирин муҳофизони он ҳастанд.
Картошкаю чорводорӣ - нишондиҳандаи сарват
Занони оилаи Каримовҳоро танҳо субҳи барвақт, ҳангоми рондани чорво ва говҷӯшӣ дидем.
Дар ин ҷо аз сабаби сералаф будани чарогоҳ чорво худаш мечарад. Муҳим ин ки рамаро пагоҳӣ ба тарафи дуруст равона карда, бегоҳӣ боз ба оғилхона овард. Ин корро асосан занон анҷом медиҳанд.
Инчунин, тааҷҷубовар аст, ки дар як оғилхонаи хурд беш аз даҳ сар бузу гусфанд нигоҳ дошта мешаванд.
Хонаводаи Каримовҳо аз рӯи меъёрҳои маҳаллӣ сарватманд ҳисобида мешавад: онҳо мошин ва рамаи калон доранд.
Анборҳо сари ҳар вақт тоза карда мешаванд ва ин ҳам асосан кори занон аст. Саргини ҳайвонот таппак мешавад ва барои гарм кардани хонаву пухтани хӯрок чун сузишворӣ истифода мегардад.
Ягнобиҳои муосир мисли гузаштагони худ бо кишоварзӣ ва чорводорӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҷо асосан ба картошкапарварӣ машғул ҳастанд, ки кайфияти хос дорад. Сокинон ҳосилро ҷамъ карда, қисмеро барои худ нигоҳ медоранд, қисмеро яклухт мефурӯшанд ё ба дигар маҳсулоти зарурӣ - орд, биринҷ, шакар, чой, собун иваз мекунанд.
Маводи заруриро барои зимистон аз маркази ноҳияи Айнӣ меоранд. Дар баъзе деҳаҳо ҳамагӣ як-ду бинои истиқоматӣ мавҷуд буда, худи деҳаҳо аз ҳамдигар дур воқеъ гардидаанд, ки касе ба кушодани мағозаи хӯрокворӣ ҷуръат намекунад, бинобар ин барои хурокворӣ захира карда мешавад.
Дар ҳавлии Каримовҳо занон дар ошхона, як бинои хурди чӯбӣ, ба картошкаву гӯштбирён банд ҳастанд.
Мардони оила пас аз сафари дирӯза мошинро аз назар гузаронада, барои сафари навбатӣ омода мекунад.
Ҳамин лаҳза мошини боркаш бо семент омад. Ниёз чанд ҳафта онро интизор шуда буд. Ӯ нақша дорад, ки барои писари хурдии муҷаррадаш хона созад. Ба гуфтаи ин мард, хона таҳхонаи калони анбор хоҳад дошт.
Равғани барра ва забони нобудшаванда
Барои зинда мондан дар шароити кӯҳистон ҳам мардон ва ҳам занон бояд баробар кор кунанд. Ба ғайр аз корҳои кишоварзӣ ба зиммаи занҳо корҳои хона, ҷамъоварии ҳезум ва тарбияи кӯдакон гузошта шудааст.
Майдамо, ҳамсари Ниёз Каримов мегӯяд: “Чор фарзанди авваламро дар Зафаробод таваллуд кардам, чаҳор фарзанди боқимонда дар ҳамин ҷо. Дар ин ҷо таваллудхона нест, барои ҳамин ман ҳамаро дар хона таваллуд кардам. Доя хушдоман буд. Бисёре аз кӯдакони деҳа дар дасти ӯ таваллуд шудаанд”.
Набудани таваллудхонаҳо ягона мушкил нест, ки яғнобиҳо дучор меоянд. Дар ин ҷо ягон беморхона ва ҳатто пункти тиббӣ нест. Дурусттараш, вуҷуд доранд, вале тақрибан 70 километр дур аз Яғноб.
Мардум илоҷе надоранд, ки бо усулҳои анъанавӣ табобат гиранд. Онҳо аз усулҳои халқӣ истифода мекунанд. Масалан, Майдамо мегӯяд, ки равгани барраро асосан барои зидди шамолхӯрӣ истифода мебаранд. Онро на танҳо чун ғизо истеъмол мекунанд, балки ҳангоми беморӣ ба тани бемор момоланд.
Ва мушкили аз ин ҳам бузургтар дар Яғноб мактаб аст. Дар бисёре аз деҳаҳое, ки мо дидан кардем, кӯдакони синни мактабӣ дар хона буданд, на аз он сабаб, ки онҳо таҳсил кардан намехоҳанд, балки онҳо ҷойи рафтан надоштанд.
То чанд сол пеш, ба гуфтаи Ниёз, дар се деҳа барои 17—20 нафар бачагон мактабҳои маълумоти ибтидоӣ мавҷуд буд.
Дар яке аз онҳо дар Муштифе худаш дарс омӯхт. Баъд мактаббачагон таҳсили худро дар мактаб-интернати шаҳраки Анзоби ноҳияи Айнӣ давом доданд.
“Баъди кушода шудани интернат оҳиста-оҳиста ҳамаи омӯзгорон онҷо рафтанд ва мактабҳои мо баста шуданд. Мо дар ин ҷо мутахассис надорем. Ба чунин чойҳои дурдаст кӣ омада кор кардан мехохад?” — шикоят мекунад Ниёз.
Ӯ мегӯяд, кӯдакони хурдсол бояд ба мактаб раванд ва дар хона зери назорати волидон зиндагӣ кунанд. Набераҳоям ҳоло тамоми соли хониш дар интернат мехонанд, ҳамеша гиря мекунанд, чун падару модари худро ёд мекунанд.
Ҳама умед, ба гуфтаи ин мард, ба писараш Бобо аст, ки барои омӯзгорӣ дар донишгоҳи Душанбе таҳсил мекунад. Шояд дар он сурат, бо омадани мутахассис, имкон пайдо шавад, ки ақаллан як мактаби ибтидоӣ таъсис ёбад ва забони яғнобӣ, ки дар остонаи нобудӣ қарор дорад, эҳё гардад.
Имрӯз забони суғдиёни бостонӣ танҳо ба шарофати муошират дар оила зинда аст ва он ҳам на дар ҳамаи оилаҳо. Бисёре аз сокинон, ки дар шаҳрҳо ба сар мебаранд тадриҷан онро фаромӯш карданд. Дар мактаб-интернати Анзоб забони яғнобӣ аз барномаи таълимӣ комилан хориҷ карда шудааст.
Худашон ГЭС ва роҳ месозанд
Каме поинтар аз хонаи Ниёз Каримов хонаи оилаи Сиддиқовҳо аст. Сарвари он Холмурод ду даҳсола пеш ба зодгоҳи падараш баргашт, ҳарчанд бештари умри худро дар Душанбе сипарӣ намудааст.
“Дар оила мо панҷ бародар ҳастем. Падарам пеш аз маргаш дастур дода буд, ки як нафари мо ба Яғноб баргардем ва дар ҳамин ҷо зиндагӣ кунад. Ман аз хурдӣ бо замин кор карданро дӯст медоштам, бинобар ин тасмим гирифтан ба ман душвор набуд. Дар ин ҷо зан гирифтам, хона сохтам, чор фарзандам дар ҳамин ҷо таваллуд шуданд”, - мегӯяд мард.
Ба гуфтаи ҳамсараш Зуҳро, бо вуҷуди ҳама мушкилоти зиндагӣ дар Ягноб онро дӯст медорад. Яғнобиҳо аз рӯи қонун аз тамоми андозҳо ва пардохтҳои манзил озод карда шудаанд, ки кӯмакест ба оилаҳои серфарзанд.
“Чун зан ман то ҳол шароити хуби зиндагӣ мехоҳам. Масалан, мехоҳам танӯри барқӣ ва яхдонро истифода барам, аммо мушкилоти барқ ҳаст. Чун, нерӯи барқи мавҷуда танҳо барои рӯшноӣ кифоят мекунаду бас”, - мегӯяд Зӯҳро.
Аз сабаби дурдаст будани водӣ, ба ин ҷо овардани хатти электрикӣ ниҳоят душвор аст. Сокинон ин масъаларо мустақилона — бо роҳи сохтани БНО-и хурд бо иқтидори аз 1 то 3 киловатт ҳал мекунанд.
Зимнан, дар ин ҷо алоқаи мобилӣ вуҷуд дорад, аммо на дар ҳама деҳаҳо ва на ҳама вақт. Манораҳои мобилии насбшуда тавассути энергияи офтобӣ кор мекунанд, аз ин рӯ ҳангоми ғуруби офтоб телефонҳои мобилӣ дастнорас мешаванд.
Ба баъзе деҳаҳои баландкӯҳ низ бо мошин наметавон рафт. Чун мушкили роҳ мубрам боқӣ мондааст.
“Агар мо техникаи роҳсозии худро медоштем, пас ин мушкилиҳои зиёдеро ҳал мекард. Мо на фақат роҳрро месохтем, балки онро аз сангу сел тоза мекардем”, - мегӯяд Ниёз Каримов.
Ҳама барои наҷоти Яғноб
Худоёр Худоёров 7 сол пеш бо занаш Мошариф дар деҳаи Номиткон маскан гирифта буд. Мард низ бо даъвати дилу ниёгон ба зодгоҳаш баргашт.
Оилаи меҳмоннавоз ба сайёҳони хориҷӣ, ки барои омӯхтани ин минтақаи аҷиб меоянд, бо хушҳолӣ сарпаноҳ медиҳанд. Амандаи австралиягӣ солҳои зиёд аст, ки дар хонаи онҳо зиндагӣ мекунад. Набототи маҳаллиро меомӯзад ва рисолаи номзадии худро дар бораи гиёҳҳои шифобахши Яғноб ба се забон – тоҷикӣ, яғнобӣ ва англисӣ чоп кардааст.
“Ман хурсандам, ки асрори гармхонаҳоро ба дигар сокинон меомӯзам. Баъзе одамон онро истифода мебаранд, аммо дигарон манфиатдор нестанд. Замини ин ҷо ҳосилхез, об ба кадри кифоя, хаво тоза аст ва машғул нашудан ба боғпарварӣ гуноҳ мебуд. Бояд гӯям, ки ҳамсояам бо маслиҳати ман дар замин карам кишт кард ва 40 халта ҷамъ кард, ҳоло намедонад, ки дар куҷо гузорад”, - механдад Худоёр.
Мард замини худро самимона дӯст дошта, орзу дорад, ки рӯзе Яғноб ба маркази сайёҳӣ табдил ёбад. Ва барои ин, таъкид мекунад, ки таъмини минтақа бо нерӯи барқи доимӣ ва интернет муҳим аст.
“Ин чизҳо барои сайёҳон ниҳоят заруранд, зеро баъзе одамон қайдҳо ва аксҳоро дар интернет нашр мекунанд ва бо оилаҳо тамос мегиранд. Агар қуввату саломатиам иҷозат диҳад, чанд хайма мехарам, то дар тобистон сайёҳон дар онҳо бимонанд ва аз манзараҳои зебои мо баҳра баранд”, - нақл мекунад ӯ.
Ниёз Каримов ҳам орзуи обод кардани зодгоҳашро дорад. Ва умед аст, ки орзуҳои яғнобиҳо ҷомаи амал пӯшанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2019 расман ба Яғноб мақоми Боғи миллии табиию этнографӣ дод, ки ин на танҳо мероси фарҳангию таърихӣ ва гуногунии биологии минтақаро ҳифз мекунад, балки ба рушди сайёҳӣ мусоидат мекунад.