Вазорати корҳои дохилии Русия дар рӯзҳои наздик ба гирифтани изи ангушт (дактилоскопия) ва аксбардории муҳоҷирони воридшаванда дар фурудгоҳ шурӯъ мекунад. Чаро ин зарур аст ва он ба тоҷикон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Аз кай изи ангушти муҳоҷирон гирифта мешавад?

Шурӯъ аз соли 2021 аз ҳамаи муҳоҷироне, ки ба муддати беш аз се моҳ вориди Русия мешаванд, изи ангушт гирифта, аз онҳо шаҳодатномаи тиббии мавҷуд набудани бемориҳои хатарнок (масалан, ВИЧ ё сифилис) талаб мешуд.

Ҳамаи ин расмиётҳоро шаҳрвандонии хориҷӣ бояд дар давоми 90 рӯзи ворид шудан ба Русия  гузаронад. Аммо агар шахс барои кор кардан ба ин давлат рафта бошад (на таҳсил ё истироҳат), пас давоми 30 рӯз бояд аз ташхис гузарад.

Пас тағйироти нав чӣ гуна аст?

Бояд гуфт, ки қаблан низ изи ангуштҳо гирифта мешуданд, аммо ҳоло ин корро аз даромадгоҳи кишвар - дар фурудгоҳҳо мехоҳанд ба роҳ монанд.

Аз як ҷониб ин амал хуб аст ва шаҳрванди воридшударо лозим намеояд, ки ба нуқтаҳои махсус рафта, вақти бештари худро масраф кунад. Ҳамчунин, ҳамеша хатари фаромӯш кардани ин расмиёт ва ё мӯҳлати он вуҷуд дошт.

Аммо тағйироти нав барои онҳое, ки қасд доштанд дар кишвар ҳамчун муҳоҷирони ғайриқонунӣ бимонанд, мушкилоти иловагиро беш меорад.

Акс аз сомонаи moslenta.ru

Гирифани изи ангушти муҳоҷирон оғоз шуд?

Гуфтан ба маврид аст, ки ҳанӯз гирифтани изи ангушт дар фурудгоҳҳо оғоз нашуда, танҳо ба нақша гирифта шудааст. Аммо сардори Сарраёсати ВКД оид ба масъалаҳои муҳоҷират Валентина Казакова мегӯяд, ки “мутаассифона, мо то ҳол гирифтани изи ангуштро дар сарҳад ҷорӣ накардаем, вале бо назардошти пешниҳодҳои Маскав, ман фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик ба гузаронидани ин таҷриба шурӯъ мекунем”.

Яъне, тасмими расмӣ дар бораи оғози гирифтани изи ангуштон мустақиман дар фурудгоҳ ҳанӯз гирифта нашудааст ва ин танҳо пешбинӣ аст. Гузашта аз ин, агар чунин таҷриба ба роҳ монда шавад, он дар марҳилаҳои аввал танҳо дар фурудгоҳҳои Маскав ҷорӣ хоҳад шуд.

Ҳоло изи ангуштро дар куҷо мегиранд?

Ҳоло изи ангуштон дар марказҳои муҳоҷират (агар муҳоҷири корӣ бошед) ё дар шӯъбаҳои ноҳиявии Сарраёсати ВКД Русия (агар танҳо барои таҳсил омадаед ё зиндагӣ кардан мехоҳед) гирифта мешавад.

Изи ангушт барои чӣ лозим аст?

Изи ангуштон дар махзани махсус нигоҳ дошта мешаванд ва дар сурати доштани маълумоти шубҳанок ё қайриқонунӣ, он барои зудтар ошкор кардани он кӯмак мекунад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, аз соли 2021 то ба ҳол тавассути гирифтани изи ангушт беш аз 2 ҳазор ҷиноят ошкор карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, гирифтани изи ангуштони шаҳрвандони хориҷӣ на танҳо амнияти дохили кишварро таъмин мекунад, балки метавонад ба худи шаҳрванди хориҷӣ низ кумак расонад. Масалан, дар сурати гум шудани шиноснома шаҳрванди хориҷиро тавассути изи ангуштон ба осонӣ пайдо мекунанд.

Гирифтани изи ангушт ҳуқуқи инсонро поймол мекунад?

Дар ҷаҳони мутамаддин маълумоти биометрӣ барои таъмини амнияти ҷомеа хидмат мекунад.

Пойгоҳи маълумотҳо бо изи ангушти шаҳрвандони ватанӣ ва хориҷӣ воситаи маъмули баланд бардоштани самаранокии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Чунин пойгоҳҳо на танҳо дар Русия, балки дар бисёр кишварҳо таъсис дода шудаанд.

Албатта, баҳсҳо сари ин масъала вуҷуд доранд, ки оё изи ангуштон метавонад ба ҳуқуқи инсон таҳдид кунад?  Чун, масалан, шахсони сеюм метавонанд ба пойгоҳи мазкур дастрасӣ пайдо кунанд ва маълумоти шахсии шуморо бигиирад.

Аммо усулҳои махсуси мавҷудаи ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумоти шахсӣ ба пешгирии чунин ҳолатҳо нигаронида шудаанд.

Тоҷикон дар ин вазъ осебпазиранд?

Не, талаби пешниҳоди изи ангушт ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз кишварҳои ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо вориди Русия мешаванд, дахл дорад. Истисно танҳо барои шаҳрвандони Беларус аст.

Илова бар ин, изи ангушт дар Русия на танҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ, балки барои худи русҳо, масалан, ҳангоми муроҷиат барои шиносномаи биометрӣ гиртифта мешавад.

Аммо бо вуҷуди он ки ин тадбири хос (изи ангушт) дар таҷрибаи ҷаҳонӣ густарда буда, табъиз нест, дар маҷмӯъ, коршиносон қайд мекунанд, ки будубоши муҳоҷиронро дар Русия маҳдудтар мекунад.

Агар изи ангушт гирифта нашавад чӣ?

Агар шумо супоридани изи ангуштони худро фаромӯш карда бошед ё дидаву дониста онро пешниҳод накунед, мӯҳлати будубоши муваққатии шумо дар Русия кӯтоҳ карда мешавад. Шумо бояд дар давоми 3 рӯзи корӣ Русияро тарк кунед. Дар акси ҳол – аз ин кишвар хориҷ мешавед.

Дар Тоҷикистон изи ангушт гирифта мешавад?

Бале. Инро Қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии изи ангушт” танзим мекунад. Дар Тоҷикистон ҳам аз шаҳрвандони кишвар ва ҳам аз шаҳрвандони хориҷие, ки ба меҳмонӣ меоянд, изи ангушт гирифта мешавад.

Масалан, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон баъди расидан ба синни 16-солагӣ бояд ҳангоми муроҷиат барои гирифтани шиноснома, шаҳодатномаи ронандагӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият изи ангуштро пешниҳод кунад.

Дар ҳамин ҳол, хариди симкортҳо ва телефонҳои мобилӣ танҳо ба шахсоне иҷозат дода мешавад, ки аллакай аз изи ангушти худро супоридаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.