Рӯзи 31-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд нахустин нишасти сеҷонибаи президентони се кишвари ҳамсоя, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад.
Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон бо такя ба Эдил Байсалов, ноиби раиси Девони вазирони Қирғизистон иттилоъ дода, навиштаанд, ӯ ин нуктаро зимни иштирок дар иҷлосияи 58-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева зикр кардааст.
Ӯ гуфтааст, “ин нишаст барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ қадами муҳиме хоҳад буд”.
Дар ин мулоқот созишномаҳое, ки қаблан байни раисҷумҳурҳои се кишвар дар робита ба масъалаҳои марзӣ мувофиқа шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ҳамчунин, Эдил Байсалов аз ин минбар эълон кардааст, ки хатти марзи байни Қирғизистон ва Тоҷикистон мувофиқа шудааст.
“Барои расидан ба ин созиш ҷасорат, қатъият ва садоқати қавӣ ба сулҳ зарур буд. Ин созиш қудрати дипломатия ва ҳамкориҳои минтақавиро собит месозад ва мо омодаем, ки ин дастовардро боз ҳам рушд диҳем”, - зикр кардааст ӯ.
Қаблан, 21 феврали соли ҷорӣ, Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон (КДАМ) созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо карда буданд. Ҳамакнун, ин созишномаро парлумон бояд тасвиб ва президентони ду кишвар имзо кунанд.
Ин нахустин нишасти сеҷонибаи сарони се кишвар – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, Содир Жапаров, президенти Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон хоҳад буд.
Қаблан 8-уми январ сарвазирони ин се кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар нуқтаи пайванди марзҳои се кишвар мулоқот анҷом доданд. Дар ин нуқта марзҳои вилояти Суғди Тоҷикистон, вилояти Ботканди Қирғизистон ва вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон пайваст мешаванд.
Бояд гуфт, ки ин кишварҳо байни ҳамдигар мушкили марзӣ доштанд, ки он чандсолаҳо боиси задухӯрд байни аҳолии наздимарзӣ ва солҳои охир байни сарбозону афсарон гардида буд. Тоҷикистону Ӯзбекистон чандин сол пеш ва Қирғизистону Ӯзбекистон ду-се сол пештар масъалаи марзро пурра ҳал карданд. Ҳоло танҳо масъалаи марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон боқӣ мондааст, ки эҳтимол соли равон пурра ҳал гардад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста