Агар хеле мухтасар иброз намоям, дар қисми аввали ёддошт оид ба ангезаи сафар ба Арманистон, тарзи дурусти пешниҳоди дархост, ҳузур ба Фурудгоҳи Душанбеву таҳайюр аз рафтори як корманди он ва фуруд дар Фурудгои Олмотиву ҳайрати бештар аз рафтори кормандони он сухан мерафт.

Инак, пас аз интизории зиёд ман ниҳоят вориди шаҳри Олмотӣ шудам. Пеш аз сафар, чун яке аз бародарони дар Олмотӣ кору зиндагидошта фаҳмид, ки тариқи ин шаҳр ба Истанбул парвоз мекунам, маро ба хонааш даъват кард. Чун то парвози навбатӣ ҳудуди 10 соат вақт доштам, таклифро қабул кардам.

“Шароит беҳтар аз Русия аст”. Сӯҳбат бо муҳоҷирон

Дар хонаи иҷораи дӯстам, ки муқими Олмотӣ аст, чанд ҳамватани дигарамон низ зиндагӣ мекардаанд. Онҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла сохтмон кор мекардаанд. Суҳбати мо гарм шуд ва зимни он маълум гардид, ки ҳамаи онҳо Тоҷикистон ва пайвандонашонро пазмон шудаанд.

Яке аз онҳо ки худро Садриддин муаррифӣ кард, гуфт, пас аз чанд соли кор ва ихроҷ аз Русия, ҳамакнун се сол аст, дар Олмотӣ ба кори сохтмон машғул аст. Ӯ афзуд, ҳоло ҳамроҳаш дар сохтмон тахминан 15 тоҷики дигар кор мекунанд ва бештари онҳо қаблан барои кор ба Русия мерафтанд. Баъзе пас аз ихроҷ, баъзеи дигар баъд аз оғози ҷанг дар Украина, аз бими сафарбарӣ ба артиши Русия, ба Олмотӣ барои пайдо кардани бурдаи нон омаданд.

Аз нақли ӯву дигар дӯстонаш маълум гардид, ки солҳои охир теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон, ба вижа дар Олмотӣ афзудааст.

“Таҳияи ҳуҷҷат барои кор содда ва муносибати муқомот, аз ҷумла пулиси Қазоқистон беҳтар аз Русия аст. Ҳар сари қадам боздошту бозпурсӣ намешавед. Касе муҳоҷирони кориро таҳқир намекунад”, - мегӯяд Садриддин.

Вақте ба онҳо аз навигарҳои Тоҷикистон нақл мекардам, соҳибхона, ки якҷо бо онҳо дар як ҳавлӣ мезист, дарро зад. Маълум шуд, ки ӯ аз ҳузури меҳмон дар нимашаб нигарон шудааст ва хост, ки дар бораам “маълумот” гирад. Ӯ гумон карда, ки ман барои зиндагии дарозмуддат омадаам, аз ин сабаб таъкид мекард, ки нархи иҷораро боло мебарад. Ба ӯ фаҳмонидем, ки меҳмонам ва субҳ меравам...

Субҳ он бародар барои ман кирокаш фармоиш дод ва ман ҳам ба рафиқони нав сипос гуфта, бидуни мушкил ба фурудгоҳи Олмотӣ ва аз он ҷой ба Истанбул парвоз кардам.

Тассуроти аввалин аз Истанбул

Бори аввал аст, ки ба Истанбул сафар мекунам. Таассуроти аввалин ба дилхоҳ кишвар, бештар дар фурудгоҳи он ба вуҷуд меояд. Фурудгоҳи Истанбул воқеан бузург аст ва ҳар дақиқа тайёрае ба он фуруд меояд. Агар ба аломатҳои ишоравии он аҳаммият надиҳед, эҳтимол роҳгум занед.

Чизи ҷолиби дигар дар ин фурудгоҳ хидматрасонии мураттаби он мебошад. Агар дар гузаргоҳи сарҳадии Олмотӣ ҳудуди 1-1,5 соат дар навбат истода бошем, дар фурудгоҳи бузурги Истанбул дар 15 дақиқа ҳама гузаргоҳи сарҳадиро гузаштанд. Дуруст аст, ки муқоисаи ин ду фурудгоҳ аз рӯйи инсоф нест, вале он чизе ки дар фурудгоҳи Олмотӣ дидаму онро дӯстам “вабои кишварҳои пасошӯравӣ” гуфт, дар Истанбул умуман ба мушоҳида нарасид. Ҳама бо навбат ва баъди 1-2 дақиқаи пурсиш вориди шаҳр мешуданд.

Мазҳаб Ҷумъа

Дастрасӣ ба интернет ҳам дар ин фурудгоҳ осон аст: саҳифаи аввали шиносномаро ба дастгоҳи махсус наздик мекунед ва он дар варақа калидвожа. Онро ба телефони худ ворид карда, роҳат як соат метавонед аз интернет истифода баред.

Нуктаи дигари ҷолиб адами пешвозгирандаҳо дар дохил ё беруни фурудгоҳ буд. Кирокашҳо ҳам дар берун аз фурудгоҳ нестанд. Пешвозгирандҳо дар варақ рақами “блок” -и интизориашонро навишта, дар таблои беруни фурудгоҳ насб мекунанд ва шуморо дар “блок”-и навишта, дар таҳхонаи фурудгоҳ интизор мешаванд. То он ҷо шуморо кормандони масъули фурудгоҳ роҳнамоӣ мекунанд.

Ман ҳам ба ин тариқ ба таҳхонаи фурудгоҳ рафтам ва пас аз омадани ҳамкасбон аз дигар давлатҳо, бо кирокаше то меҳмонхона расидем.

Сайри Мармарӣ ва Босфор

Истанбул шаҳри калон ва бо муҳандисии хосаш зебо аст. Махсусан, биноҳои зиёди пасти якранг дар канори роҳ, ҷаззобанд. Ин шаҳр бо ҳудуди 15 млн аҳолӣ яке аз серҷамъияттарин шаҳрҳои дунё мебошад.

Мо давоми 3 рӯзи иқомат дар ин шаҳр, дар меҳмонхонаи “Ibis Styles Istanbul Merter” маскун шудем. Дар рӯбарӯи он масҷид ҷойгир буд. Яке аз вижагиҳои ин шаҳр садои баланди азон аст, ки таваҷҷӯҳи хориҷиҳо, махсусан ғайримусалмонҳо ба худ мекашад.

Рӯзи аввал, пас аз хӯроки нисфирӯзӣ, бо пешниҳоди дӯстон ба Баҳри Мармарӣ (минтақаи Мармарӣ) барои оббозӣ рафтем. Соҳили он пур аз одам буд ва бештар онҳо шахсони калонсол буданд. Соҳили баҳр бошад, тозаву озода ва бо вуҷуди моҳи сентябр, ҳарорати об ҳам нисбатан мӯътадил буд. Ин баҳр дар байни қаламрави Аврупо ва Осиёи Хурд воқеъ аст. Он ба воситаи гулӯгоҳи Босфор ба баҳри Сиёҳ ва тавассути Дарданел ба баҳри Эгей мепайвандад.


Бегоҳии ҳамон рӯз, 15-уми сентябр, дастандакорони сафар моро ба тамошои гулӯгоҳи Босфор роҳнамоӣ карданд. Ин гулӯгоҳ Баҳри Мармарро бо Баҳри сиёҳ пайванд ва Аврупоро аз Осиёи хурд ҷудо мекунад. Ҳарду тарафи ин гулӯгоҳро Истанбул иҳота кардааст.

Босфор ҳамеша аз нуктаи назари тиҷоратӣ ва низомӣ аҳамияти бузург дошта, имрӯз низ аз ҷиҳати стратегӣ муҳим боқӣ мемонад ва ягона роҳи баҳрӣ барои Булғористон, Гурҷистон, Руминия ва Украина аст.

Мо ҳудуди 2 соат бо киштӣ дар Босфор сайр кардем, ҳамзамон, хӯроки шомро ҳам онҷо хӯрдем. Воқеан, хӯроки шом дар киштӣ ва тамошои баҳр гуворо ва хотирмон буд. Аксари мо бори аввал ба Туркия сафар карда будем, аз ин лиҳоз аз зебогиҳои шаҳри Истанбул ба ваҷд омада будем. Атрофи вазъи рӯзноманигорӣ дар кишварҳои якдигар ва  самти фаъолияти расонаи ҳамдигар низ сӯҳбатҳо кардем.

Вақти шом ба кӯчаҳои Истанбул рафтем. Сари ҳар қадам навозандаву сарояндаҳои кӯчагӣ суруд хонда оҳанге менавохтанд, ки мардуми маҳаллию меҳмононро бо ваҷд меовард ва онҳо бо ҳамнавозӣ рақсу бозӣ мекарданд.

Таҳаммулпазии шоиста

Рӯзи дуввуму сеюми сафар пурра ба омӯзиш машғул будем, ки ба манфиат буд ва паҳлӯҳои зиёди навиштани лоиҳаҳо перомуни рӯзноманигориро бароямон ошкор кард.

Дар поёни рӯзи сеюм вақт пайдо кардему боз ба тамошои шоми Истанбул рафтем. Тавре болотар ишора шуд, шабҳои ин шаҳр пурғалоғула ва серодам аст. Дар яке аз кӯчаҳое, ки мо рафтем, тарабхонаву маконҳои фароғатии зиёд фаъол буданд. Ҷавонони зиёд бо ҳамсафару дӯстдухтару дӯстписарашон сайр мекарданд. Дар назари аввал, як чизи маъмулӣ аст, вале гап сари ҳамсояи ин кӯча аст.


Дар ҳамсоягии ин кӯча як масҷиди бузург ва мадрасаи хурде ҳам буд, ки он ҳам шабона фаъол буд ва диндорон, махсусан ҷавонони зиёд дар он ҷо ба тоату ибодат машғул буданд.

Ҷолиб буд, ки дар ду кӯчаи ба ҳам ҳамсоя диндорону мудернҳо зиндагӣ мекунанд ва касе ба касе кор надорад ва ҳарду кӯшиш мекунанд ки рафтори якдигарро таҳаммул кунанд.

Воқеан, дар Истанбул масҷид, аз ҷумла масҷидҳои қадима хеле зиёд аст.

Ҳамин тавр, бо тассуротҳои зиёд, субҳи рӯзи 18-уми сентябр тавассути даромадгоҳи 4-и фурудгоҳи Истанбул ба Ирвон парвоз кардам ва тавре гуфтам, агар ба аломатҳои ишоварӣ таваҷҷӯҳ намекардам, роҳгум мезадам.

Давом дорад

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.