Дар бахшҳои гузашта оид ба ангезаи сафар ба Арманистон, тарзи дурусти пешниҳоди дархост, ҳузур ба Фурудгоҳи Душанбеву Олмотӣ ва таҳайюр аз рафтори кормандони ду фурудгоҳ, шароити муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистону Туркия, таассуроти аввалин оид ба шаҳри Истанбул, сайри маконҳои дидании шаҳр ва таҳаммулпазирии ҷомеаи он, ҳамчунин аз самимият то мусибати мардуми Арманистон дар пайи воқеаҳои охири ин кишвар бо Озорбойҷон, нақл карда будам.

Дар ин навишта мехоҳам таассуроти аввалини худ аз шаҳри Ирвон (Ереван), муносибати аҳолӣ, чанд махсусияти пойтахти Арманистон ва ягона масҷиди муслулмонон дар пойтахти ин кишварро бозгӯӣ кунам.

“Шаҳри анорӣ” бо хидматрасонии иҷтимоии муносиб

Аввалин таассуроти ман аз Ирвон кӯчаҳои росту дароз, биноҳои чоркунҷа ва меъмории ғайриодии он бо истифодаи сангҳои туф аст, ки бисёр ҷолиб ва фарқкунанда мебошад. Қариб ҳамаи биноҳо бо ин санг сохта шудааст ва намуди зоҳириашон сурхранг аст. Ин аст, ки анор яке аз рамзҳои Арманистон гардидааст. Аксари ин биноҳо дар замони Шӯравӣ, вале бо тарҳи таърихӣ сохта шудаанд, ки шахс гумон мекунад, биноҳои куҳнаи таърихӣ бошанд. Вале осори Шӯравӣ дар ин шаҳр то ҳол боқӣ мондааст.

Ирвон 20 км2 аз шаҳри Душанбеи мо бузургтар, вале аҳолиаш тақрибан баробари пойтахти Тоҷикистон аст. Яке аз хадамоти иҷтимоии танзимшудаи шаҳр ин фаъолияти бонизоми метро аст, ки ҳамарӯза ба аҳолии беш аз 1 миллионнафараи он хидмат мерасонад.

Метрои Ирвон

Метро ҳар 5 дақиқа меояд ва бо хариди як “жетон” бо нархи 100 драми арманӣ (баробар ба 2,5 сомонӣ) метавонед як маротиба аз метро истифода кунед.

Дар Ирвон нақлиёти “маршрутка” умуман фаъолият намекунад ва аз нақлиёти ҷамъиятии рӯйизаминӣ танҳо автобусу трелейбус ва таксиҳо ба аҳолӣ хидмат мерасонанд. Фаъолияти онҳо ҳам бонизом ба роҳ монда шудааст. Бо нақлиёти пойтахти мо ду умумият дидам: якум инҷо низ мусофиронро аз меъёр зиёд мегиранд ва дуввум тамбашавии мошинҳо дар роҳҳо зиёд аст.

Ҷанбаи дигари фарқкунандаи шаҳр тозагии он аст. Хадамоти тамизкории шаҳрро қариб дар кӯчаҳо намебинед, вале он ҳамеша тозаву озода аст. Аҳолӣ ҳам кӯшиш мекунад, ки ба тозагӣ риоят кунад ва сари қадам сатилҳои партов гузошта шудааст.

Бахши дигари қобили таваҷҷуҳи шаҳр (дар дигар шаҳрҳои ин кишвар ҳам мушоҳид кардам) оби нӯшокӣ дар кӯчаҳо фаровон аст, ки сари қадам гузошта шудааст, махсусан дар ҷойҳои серодам.


Чӣ гунае, ки ба мо маълумот доданд, оби нӯшокии ин кишвар яке аз тозатарин обҳо дар тамоми дунё ба ҳисоб мерафтааст. Барои санҷиш рӯзе ҳамроҳи дӯстони арманӣ ба “кран”-и об ниқоби тиббиро бастем, обро сар додем ва давоми ним соат интизор шудем. Боварии кас намеояд то ба чашм набинад, ҳеҷ як чирку ифлосӣ дар полои ниқоби тиббӣ набуд.

Муносибати аҳолии бумӣ бо хориҷиён ва "маркази пайдоиши одаму олам"

Чизи ҷолиби дигар муносибати самимонаи аҳолии шаҳр бо хориҷиён, махсусан бо сайёҳон, ки дар ин кишвар зиёд мебошанд, аст. Ҳамеша кӯшиш мекунанд ба онҳо меҳрубон бошанд ва самимона мехоҳанд ёрӣ расонанд. Онҳо дар симои ҳар як меҳмон сайёҳро мебинанд. Вале дар баробари ин ҳастанд онҳое, ки бо хориҷиён муносибати хуб надоранд.

Масалан, яке аз ҳамсояҳои ман, ки дар ошёнаи якум зиндагӣ мекард, дар рӯзи дуввуми зиндагии ман эътироз кард, ки ба онҳо халал мерасонам ва дар хона оҳиста роҳ гардам. Оҳанги бархӯрди ин зан қотеъона буд ва маълум буд, ки ҳадафаш “огоҳӣ” додани ман аст, ки ин ҷо мизбон ӯст. Ҳарчанд, дар рӯзҳои дигар ӯ боре шикоят накард.

Майдони марказии Ирвон

Дар ин шаҳр шумораи занон нисбат ба мардон зиёдтар аст. Ҳатто омори расмӣ ҳам нишон медиҳад, ки занҳо нисбати мардон дар ин кишвар ҳудуди 200 ҳазор бештаранд. Мизбонони ман гуфтанд, ки аксари мардон дар ҷанг бо ҳамсоякишварҳо, махсусан Озорбойҷон ҳалок шудаанд ва аз ин рӯ, шумораи мардон нисбат ба занон камтар гардидааст.

Чизи дигари қобили таваҷҷуҳ дар ин кишвар, ин бархӯрд ва ё муносибати аҳолии он бо таърихи ин кишвар аст. Онҳо дар бораи таърихи кишвари худ босароҳат ва боифтихор суҳбат мекунанд. Ҳатто ба он ҳадде, ки Арманистонро маркази пайдоши одаму олам медонанд ва чанд ривоят ҳам дар ин бора мавҷуд аст, ки дар навиштаҳои баъдӣ ба он муфассал истода мегузарем. Ҳоло мехоҳам дар бораи яке аз масҷидҳои мусулмонон, ки дар чандкилометрии маркази шаҳр мавҷуд аст, истода гузарам.

Ягона масҷиди мусулмонон дар маркази Ирвон

Дар рӯзи аввал, бо тақозои рафиқе, ки дар бахши армании “Спутник” кор мекунад ва таҷрибаи кор дар Тоҷикистонро низ дорад, ба ягона масҷиди мусулмонон дар ин шаҳр - “Масҷиди кабуд” дидан кардем.  Ин масҷид дар чандкилометрии маркази Ирвон, дар кӯчаи марказии ин шаҳр - хиёбони Месроп Маштос ҷойгир аст. Аз рӯйи манбаъҳои таърихӣ он дар солҳои 1765-1766 сохта шудааст ва тамоми масоҳати имрӯзаи он 7 ҳазор метри мураббаъро дарбар мегирад. Манора ва гумбази он бо сафолакҳои кабуд пӯшонида шудааст. Қаблан ин масҷид аз чаҳор манораи 25-метра иборат будааст, вале баъди соли 1945 се манораи онро тахриб карданд ва ҳоло он танҳо як манораи 24-метра боқӣ мондаасту халос. Он инчунин аз 28 айвон, китобхона, толори асосӣ, гумбаз ва саҳни ҳавлӣ иборат аст.

Дохили масҷид

Дар ибтидои асри 20 он яке аз 7 масҷиди амалкунанда дар Ирвон будааст.

Дар ҷараёни бозсозии шаҳр дар замони Шӯравӣ он ҳифз шуд. Аммо нахуст дар соли 1931 ба Осорхонаи шаҳри Ирвон, баъдан ба планетариум табдил дода шуд. Масҷид  солҳои 1996-1999 бо маблағгузории Эрон барқарор карда шуда ҳоло яке аз марокизи фарҳангии ҷамъияти эронӣ дар Арманистон ба шумор меравад. 

Дӯсти рӯзноманигорам қисса кард, ки замони тасарруфи форсҳо дар асри 13 қисме аз мардуми Арманистон, аз ҷумла гузаштагони ӯ ба шаҳрҳои Эрон ҳиҷрат карда буданд.

Ӯ гуфт, дар гузашта мардуми мусулмон, махсусан эрониҳо, ки дар ин шаҳр зиёданд, дар ин ҷо тоату ибодат мекарданд, вале ҳоло он ба як маркази фарҳангӣ табдил шудааст. Он аз хоначаҳои хурд иборат буд, ки як зани арманитабори эронӣ ба хоҳишмандон дар чанде аз ин хоначаҳо забони форсӣ меомӯхт. Вай нақл кард, ки гузаштаҳояш аз Арманистонанд ва худи ӯ эронӣ буда, барои хоҳишмандон дарси форсӣ медиҳад.

Ӯ нақл кард, нафарони зиёде ба омӯзиши хатти форсӣ ва фарҳангу анъанаи форс таваҷҷуҳ доранд ва ӯ ҳоло дар ду баст ҳудуди 30 нафарро ба таълим фаро гирифтааст, ки аксари онҳо мардуми бумӣ мебошанд.


Хоначаҳои дигар ҷои намоиш ё фурӯши тӯҳфаҳои дастии эронӣ аст. Чанди дигар холӣ ва ҳамчун намоишгоҳи фарҳанги форсҳо истифода мешаванд. Вале дар чандтои он дипломатҳо ва эрониҳо намоз мегузоранд. Ин ягона мерос аз фарҳанги форсҳо мебошад, ки чандин сол ин ҷо ҳукмрон будаанд.

Чанд сол пеш ҳукумати Арманистон ин маконро ба сафорати Эрон дод, то онҳо таъмиру тармим карда, ба маркази фарҳангӣ табдил диҳад. Он макони тамошобоби мусулмонанд, махсусан эрониҳо, сайёҳон ва мардуми бумӣ.

Чизе ки диққати маро бештар ҷалб кард, ин нимпайкараи Абдулқосим Фирдавсӣ буд, ки дар айвони яке аз ин хоначаҳо қомат афрохта ва чанд шеъри ӯ ҳам дар пояаш ҳаккокӣ гардида аст.

Ёдбуди қурбониёни ҷанг

Рӯзи 27-уми сентябр дар Арманистон ҳамчун рӯзи ёдбуди ҷанги 44-рӯзаи ин кишвар бо Озарбойҷон таҷлил карда мешавад. Ман ҳамроҳи чанде аз мизбононам ба мазори ҳарбии Ераблур (дар се теппа сохта шудааст)-и Ирвон, ки аксари шаҳидони барқарорсозии Арманистон ин ҷо хок шуда будаанд, рафтам.

Ин қабристон дар баландии 95 м ва дар масоҳати беш аз 19 км квадратӣ ҷойгир аст ва соли 1988 бунёд ёфтааст. Ин ҷо аксаран ҳарбиёне, ки дар ҷангҳои соли 1994 ва ҷанги Қарабоғ (Арсах) ва Шуш (ҷанги 44-рӯза бо Озарбойҷон дар соли 2021) ширкат доштанд, дафн шудаанд.

Мо аз кӯчаҳое, ки бо сангҳо оро дода шудааст, ҳамроҳи сокинони зиёд боло меравем. Онҳо гурӯҳ-гурӯҳ пеши қабрҳои алоҳида меистанд, гул мемонанд ва он мазорҳоро тоза мекунанд.


Як мушоҳидаи кӯтоҳ аён месозад, ки аксари қурбониён, ки акси онҳо сари мазорашон насб шудааст, ҷавонон мебошанд. Фазои ороми ин теппаҳоро танҳо ашки занон халалдор мекунад. Онҳо аз субҳ сари қабри фарзандони худ гул мегузоранд ва аксаран бо фарзандонашон “суҳбат”-и маҷозӣ мекунанд. Ин манзара воқеан, риққатовар аст ва ҳар кас наметавонад бе оби чашм онро бубинад.

Ин зиёрати мо баъди таслими Қарбоғ сурат гирифт ва наздикону қурбониёни ҷанги 44-рӯза бо овози паст дар сари қабр шикоят мекарданд, ки чӣ гуна онҳо барои ҳифзи он қурбон шуданд, вале ҳукумат ва ҳарбиёни рус имрӯз ба осонӣ онро ба Озарбойҷон доданд.

Арманистон дар буди худ як кишвари таърихӣ аст ва дар он маконҳои динии зиёде мавҷуд аст, ки аксари сайёҳон барои дидани онҳо мераванд. Воқеан, Арманистон яке аз аввалин кишварҳое аст, ки дар асри 3 мелодӣ дини христианиро дар сатҳи расмӣ қабул кард ва баъди он марокизи зиёди динии худро сохт, ки то имрӯз фаъол аст ва аксаран барои тамошои он мераванд. Дар навиштаҳои баъдӣ ба таври алоҳидагӣ дар бораи чанд марказҳо ва ё шаҳрҳои таърихӣ ва таърихи динии ин кишвар маълумот хоҳем дод.

Давом дорад.