Дар бахшҳои гузашта дар боби ангезаи сафар ба Арманистон, тарзи дурусти пешниҳоди дархост, ҳузур ба Фурудгоҳи Душанбеву Олмотӣ ва таҳайюр аз рафтори кормандони ду фурудгоҳ, шароити муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистону Туркия, таассуроти аввалин оид ба шаҳри Истанбул, сайри маконҳои дидании шаҳр ва таҳаммулпазирии ҷомеаи он, ҳамчунин аз самимият то мусибати мардуми Арманистон дар пайи воқеаҳои охири ин кишвар ва таассуроти аввалин аз Ирвон, баъзе махсусиятҳои ин шаҳр ва дар бораи ягона масҷиди мусулмонон дар ин шаҳр нақл карда будам.
Ҳоло мехоҳам дар робита ба бахши гардишгарӣ дар Арманистон, ки яке аз рушдкардатаринҳо ба шумор меравад ва баъзе маконҳои таърихӣ ва илмӣ-фарҳангии ин кишвар, ки таваҷҷуҳ маро ҷалб кард, қисса кунам.
Шароит барои сайёҳон ва 4 ҳазор ёдгории нодир
Ҳукумати Арманистон барои сайёҳат ба минтақаҳои таърихиву фарҳангӣ ва динии кишвар хатсайрҳои сайёҳии зиёд ташкил кардааст. Ширкатҳои зиёди сайёҳӣ бо нархи дастрас сайёҳонро ба минтақаҳои таърихӣ ва сайёҳӣ (ҳатто ба Эрону Гурҷистон) мебаранд. Хадамоти осону қулайро роҳандозӣ кардаанд. Дар ҷойҳои серодам мошинҳои зиёд бо навиштаҳои махсус истода, шуморо ба тамошо даъват мекунанд. Дар интернет низ онҳоро пайдо карданду фармоиш додан осон аст.
Чунин мошинҳо барои хадамоти роҳбалад ва интиқолу бозпас овардан пул мегиранд. Барои хӯроки нисфирӯзӣ ва чиптаҳои вуруд ба маконҳои таърихӣ худ маблағ медиҳед. Мошинҳо бо интернети баландсуръат муҷаҳҳаз буда, сари ҳар қадам ошхонаву қаҳвахонаҳои зиёд мавҷуданд.
Сайёҳӣ барои иқтисодиёти Арманистон яке аз бахшҳои муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамасола беш аз 1,5 млн сайёҳ аз Арманистон дидан мекунанд ва аз ин ҳисоб маблағи ҳангуфт ба даст меояд.
Дар Арманистон зиёда аз 4 ҳазор ёдгории нодири таърихӣ мавҷуд аст, ки бештари сайёҳон барои дидани онҳо ба Арманистон меоянд. Ва барои онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.
“Метанадаран”- махзани китобҳо дар Ирвон
Яке аз маконҳои таърихиву фарҳангии Ирвон осорхона - пажӯҳишгоҳи дастхатҳои қадима ба номи Месроп Маштос ё “Метенадаран” (Махзани китобҳо) аст.
Он дар хиёбони марказии шаҳр - Месроп Маштос дар баландие ҷоёгир аст, ки аз он намои шаҳр дида мешавад. Он соли 1997 ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуда, ба рамзи Арманистон ва пойтахти табдил ёфтааст ва аксари навхонадорон барои аксгирӣ ба ин макони таърихӣ меоянд.
“Матенадаран” аз 15 толори намоишӣ иборат аст, ки дар онҳо ҳазорҳо ёдгорӣ барои намоишгоҳҳои доимӣ, тағйирёбанда ва истисноӣ пешбинӣ шудааст. Беш аз 100 ҳазор дастхату китобҳои қадима ва ё порчаҳои онҳо, ҳуҷҷатҳои таърихӣ, асарҳои алоҳида, дастнависҳо ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла форсиву арабӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Дар пештоқи бино муҷассамаи Месроп Маштотс, созандаи алифбои арманӣ дар даст алифбояш ҳамроҳи шогирдаш, ҳамчун рамзи таълими устод ба шогирд қомат афрохтааст. Дар ду тарафи даромадгоҳи он, муҷассамаҳои Мовсес Хоренатси, Мхитар Гош, Фрик, Торос Рослин, Григор Татеватси ва Анания Ширакатси, мутафаккирони барҷастаи Арманистони қадим гузошта шудааст. Он расман соли 1959 дарашро барои тамошобинон боз кардааст.
Тибқи иттилои масъулин, аз ин марказ ҳамасола 50 ҳазор нафар дидан мекунанд, ки 80 дарсади онҳо сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Аксари китобҳои он динӣ (махсусан дини масеҳӣ) буда, ҳамчунин китобҳо дар бораи гиёҳҳои шифобахш, тарзи омода кардани хӯрокҳо, маълумот дар бораи аввалин нашриётҳо, ашёҳое, ки аз он варақ истеҳсол мекарданд, мавҷуд аст.
Аксари китобҳо аз пусти ҳайвон ё рӯи сангҳо навишта шудаанд. Ҳар яке аз ин китобҳо дар шишаҳои алоҳида бо тарзи махсус нигоҳдорӣ мешаванд. Дар поёни ҳар яке аз онҳо ном ва соли нашрашон бо се забон, арманӣ, англисӣ ва русӣ навишта шудааст. Дар яке аз махзанҳо дар устухони каллаи моҳӣ акси пешвоёни динӣ тавсир ёфтааст.
Нархи тамошои он барои хориҷиён 1,5 ҳазор драми арманӣ баробар ба 40 сомонӣ аст. Онҷо нафарони алоҳидае ҳастанд, ки бо пардохти 5 ҳазор драми арманӣ ё беш аз 100 сомонӣ шуморо роҳнамоӣ мекунанд ва дар бораи ҳар як дастхат маълумот медиҳанд.
Доромадгоҳи дохили бино ва девораҳои он бо расми манзараҳои эҷодиёти ҳунармандони халқ ва мавзуъҳои динӣ оро дода шудааст. Дар ошёнаи дуввуми он толорҳои намоиш ҷойгар аст. Толори марказӣ ба илму маданияти асримиёнагӣ бахшида шудааст. Дар толори дастнависҳои Артсах осори пурарзиши мактаби артсахиро аз Киликия, Қрим ва Константинопол дидан мумкин аст.
Дар толори дастхатҳои шарқӣ асноди форсӣ, арабӣ, усмонӣ гирдоварӣ шудааст. Ин матнҳо асосан ба дин ва тиб бахшида шудаанд. Дар ин ҷо як толории алоҳида барои дастнависҳои тибби асримиёнагӣ, инчунин барои харитаҳои қадим таъсис дода шудааст.
Дар толори дастхатҳои қадимӣ дастнависи сангшудаи асри 5-ро шоҳид шудам. Дар асри 7 барои ҳифзи он онро зери замин гӯр кардаанд ва обҳои зеризаминӣ онро дар тӯли чанд аср мустаҳкамтар кардаанд.
Қадимтарин дастнависи Бунёди Матенадаран “Инҷили Марями бокира” (Веамор Аветаран) мебошад, ки ба асри 7 тааллуқ дорад. Зимнан, дар он раисони ҷумҳури Арманистон савганд ёд мекунанд.
Калимаи “Матенадаран” аз тарҷумаи забони арманӣ “анбор ё махзании дастхатҳо” аст. Он дар заминаи фонди дастхатҳои савмаа (монастир)-и Эчмиадзин, маркази динии Арманистон, ки соли 1920 миллӣ кунонда шуд, ташкил шудааст. Соли 1939 хазина аз Эчмиадзин ба Ирвон оварда шуд.
Таъсиси ин махзан ба асри 5 рост меояд. Дар соли 1892 фонд аз 3158 нусха, дар соли 1897 — 3338, дар соли 1906 — 3788, дар соли 1913 — 4060 дастхат иборат буд.
“Метанадаран” аз Маскав то Ирвон ва алифобе, ки ҳамчун рақам истифода мешуд
То соли 2015 фонди “Матенадарон” зиёда аз 17 ҳазор дастнависи қадимӣ ва зиёда аз 100 ҳазор ҳуҷҷати бойгонии қадимиро дар бар мегирифт. Дар баробари дастхатҳои арманӣ (11 ҳазору 230 пурра ва 2200 порча), нусхаи дастхатҳо ба забонҳои форсӣ, арабӣ, русӣ, ибрӣ, лотинӣ, сурёнӣ, юнонӣ, гурҷӣ, ҳиндӣ ва японӣ маҳфуз аст. Дар хазинаи осорхона 2 ҳазору 281 китоби таърихӣ (то соли 1800 чопшуда) мавҷуд аст. Хазинаи он дар ҳоли афзоиш аст ва ҷолиб ин аст, ки намояндагони диаспораҳои арманӣ дар Аврупову Амрико ва дигар кишварҳо барои рушд ва пурра шудани хазинаи маҷмаа бо роҳи харидорӣ ё туҳфа саҳм мегузоранд.
Қадимтарин порчаҳои дастхатҳо ба асрҳои 5-6 тааллуқ доранд ва қадимтарин тасвирҳо ва минётураҳо дар Инҷили Эчмиадзин, ки ба асри VI тааллуқ доранд, мавҷуд аст. Дастнависҳои дар Матенадаран пешниҳодшуда дар бораи тамоми соҳаҳои илми асримиёнагии Арманистон, маълумоти умумӣ медиҳанд.
Дар замони ҷанги якуми ҷаҳон, дар соли 1915 хазинаи осорхонаро пурра ба Маскав кӯчониданд ва дубора соли 1922 ба Ирвон баргардониданд.
Чизи дигари қобили таваҷҷуҳ дар ин осорхона дастхати калонтарин ва хурдтарин мебошад. Китоби хурдтарин “Тонацуйц” (Тақвим) ном дорад, ки соли 1434 офарида шуда, вазнаш 19 гр ва калонтарин “Мшо Чарентир” (Маҷмуаи нутқ ва маъвизаҳои мунтахаб), ки дар солҳои 1200—1202 сохта шуда, вазнаш 27,5 кг мебошад, ки ҳар як саҳифаи он аз пусти як гӯсола омода шудааст.
Идома дорад
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста