Дар бахшҳои гузашта дар боби ангезаи сафар ба Арманистон, тарзи дурусти пешниҳоди дархост, ҳузур ба Фурудгоҳи Душанбеву Олмотӣ ва таҳайюр аз рафтори кормандони ду фурудгоҳ, шароити муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистону Туркия, таассуроти аввалин оид ба шаҳри Истанбул, сайри маконҳои дидании шаҳр ва таҳаммулпазирии ҷомеаи он, ҳамчунин аз самимият то мусибати мардуми Арманистон дар пайи воқеаҳои охири ин кишвар ва таассуроти аввалин аз Ирвон, дар бораи ягона масҷиди мусулмонон дар ин шаҳр ва рушди бахши гардишгариву калонтарин махзани китоб дар Ирвон нақл карда будем.
Дар ин навишта мехоҳам оид ба сафари чандрӯза ба Тифлис, пойтахти Гурҷистон, вохӯрии ногаҳонӣ ва пешбинишуда бо чанде аз ҳамватанон ва муқоисаи вазъи Тифлис бо чаҳор соли пеш нақл кунам.
Хидматрасонии фаъоли кирокашҳо ва “ҳилла”-и ронадаҳо
Баъди ду ҳафтаи сафар ба Ирвон, Одинаи Маҳмад, як дӯсту ҳамкасбам аз Душанбе барои тамошову истироҳат ба ин шаҳр омад ва давоми чанд рӯз бо ман буд.
Соати муайяншуда тавассути барномаи “Яндекс таксӣ” кирокаш фармоиш додам. Тибқи ҳисоби пешакӣ, роҳкиро аз хонаи ман то фурудгоҳ, ки ҳудуди 15 дақиқа роҳ тавассути нақлиёт буд, 2 ҳазор драм (1 ҳазор драм 25 сомонӣ аст)-и арманиро ташкил медод. Ва ҳазор драми дигар барои интизор шудани кирокаш дар ҳудуди фурудгоҳ. Дар маҷмуъ, бояд 3 ҳазор драм пардохт мекардам. Бо тавсияи кирокаш ман ба ӯ 2,5 ҳазор драм додам ва ӯ маро то фурудгоҳ расонид, аммо интизор нашуд. Вақте дустамро пешвоз гирифтам, ӯ дубора ба фурудгоҳ ворид шуда, моро то манзил бурд.
Бояд гуфт, ки ҳар кирокаше, ки дар ҳудуди фурудгоҳи Ирвон аз 10 дақиқа бештар ист мекунад, муваззаф аст 1 ҳазор драм пардохт кунад. Ҳар қадар зиёд истад, маблағи бештар месупорад. Бинобар ин, бархе кирокашҳо чунин “ҳилла”-ҳое, ки ронандаи мо истифода кард, ба кор мебаранд.
Зимнан бояд ишора кунам, ки хидматрасонии таксӣ дар Ирвон, аз “Яндекс таксӣ” сар карда, то ширкатҳои маҳаллӣ бисёр роҳат ва қулай ба роҳ монда шудааст. Нахуст, онҳо тез фармоишро қабул мекунанду меоянд. Дуввум, роҳкиро пешакӣ тариқи барномаи махсус ва ё телефонӣ муайян мешавад ва ронанда ҳақ надорад, ки аз маблағи муайяншуда бештар талаб кунад. Дар ин миён ронандаҳои беинсофро ҳам вохӯрдан мумкин аст.
Кирокашҳо ранг ё рамзи махсус надоранд ва ҳар кас метавонад, бо бастани шартнома бо ширкат бо мошини худаш, навобаста ба тамғаву соли бароришаш ба кирокашӣ машғул шавад. Кирокашҳои бо “шахмат” фаъолияткунанда ҳам ҳастанд, ки арзиши бештар хидмат мерасонанд.
Ҳамин тариқ, қарибиҳои сотаҳои 12-и шаби Ирвон, ки баробар ба 1-и шаби Душанбе аст, мо ба хона расидем.
Сафар ба Гурҷистон. Монандиҳои табиати Тоҷикистону Арманистон
Субҳи дигар, ки ҳавои Ирвон боронӣ буд, Одинаро то Майдони ҷумҳурӣ роҳнамоӣ кардам. Ӯ аз маконҳои таърихии шаҳр дидан карда, хӯрокҳои миллии ин кишвар чашид.
Тасмим гирифтем, рӯзҳои истироҳатӣ ба шаҳри Тифлис сафар кунем. Моро дар ин шаҳр Шералӣ Ризоён, сиёсатшиноси тоҷик ва дӯсти ман, ки барои ширкат дар як ҳамоиш рафта буд ва ҳамчунин, чанд ширкаткунандаи барномаи табодули тарҷиба, ки ба Гурҷистон роҳхат гирифтанд, интизор буданд.
Бо тавсия ва миёнаравии як рафиқи арманӣ, аз ширкати сайёҳие барои ду нафар бо харҷи 18 ҳазор драм то Тифлис ду ҷой банд кардем.
Тавре дар бахши гузашта ишора кардам, дар Ирвон ширкатҳои зиёде ҳастанд ки сайёҳону меҳмононро аз ин кишвар то Гурҷистон мебаранд. Ширкате, ки бо он сафар кардем дар як шабонрӯз 6 сафари омаду рафт байни ду кишвар дошт. Қариб ҳамаи мошинҳое, ки мераванд пур аз мусофир аст.
Соати 7-и субҳи Ирвон ба ҷои муайяншуда рафтем. Маълум шуд, ки ҳамроҳи мо 14 нафари дигар, ки аксарашон рус буданд, ба Гурҷистон мераванд.
Мо вақти муайяншуда ба роҳ баромед. Кирокаш бо интернети баландсуръат муҷаҳҳаз буд ва то сарҳади Гурҷистон аз он истифода кардем.
Мошини мо аз пойтахти Арманистон берун шуда, ба минтақаҳои кӯҳӣ наздик шуд. Роҳҳои ҳамвор, табиати зебову дилфиреб, ки монандиҳои зиёде ба Тоҷикистон дорад ва ҳавои софу беғубор сафари моро хотирмонтар кард.
Одина ҳамеша таъкид мекард, ки мо ҳамеша аз табиати худ меболем, вале хатсайрҳое надорем, ки меҳмононро аз Душанбе то Ҳисору Норак барад.
Барои тановули субҳона дар назди яке аз марказҳои савдову хидматрасонӣ, ки махсус барои мусофирон сохта шудааст, ист кардем. Он ҷо ҳамаи шароит барои сайёҳон ва умуман онҳое, ки сафар мекунанд, маҳайё буд.
Воқеан, роҳе, ки аз Ирвон то ба сарҳади Гурҷистон мебарад, ба роҳи Душанбе-Хуҷанд монанд аст. Ин роҳ низ аз миёни кӯҳҳо мегузарад. Табиат ҳам монанд аст.
Тафтиши ҷиддӣ дар сарҳади Гурҷистон
Қад-қади роҳ ҳоҷатхонаву маконҳои истироҳати зиёде сохтаанд. Чашмаҳои бисёре мавҷуд аст, ки дар наздашон рамзҳои динӣ насб кардаанд. Ронандагон махсус дар чунин ҷойҳо меистанд то меҳмонон истироҳат ва аз манзараҳои зеборо бинанд.
Баъди се соати ҳаракат ба гузаргоҳи сарҳадии Баграташени Арманистон наздик шудем ва 20 дақиқа дар навбат истодем. Баъди пурсидани ҳадафи сафар ва рақами қайди давлатии мошине, ки мо ба Гурҷистон меравем, корманди гузаргоҳи сарҳадӣ ба мо иҷозаи тарк кардани хоки ин кишварро дод.
Дар гузаргоҳи сарҳадии Садахлои Гурҷистон баъди пешниҳоди шиноснома корманди гузаргоҳ ҳадафи сафарамонро пурсид. Баъди санҷиши шиносномаҳоямон моро гуфт, мунтазир шавем ва тариқи телефон акси шиносномаҳои моро ба касе равон кард, то ҳуввияти моро тафтиш кунад.
То посухи ҳамкораш дигаронро санҷида, ба кишвараш “хуш омадед” мегуфт. Мо ҳудуди 20 дақиқа интизор шудем ва ман дубора аз ӯ пурсидам, ки “чӣ мушкил аст ва чаро мо ҳаққи вуруд ба Гурҷистонро надорем?”. Ӯ бо лаҳни тунд посух дод, ки мушкиле нест ва онҳо ному насаби моро месанҷанд.
Аз ман пурсид, ки “бори аввал ба Гурҷистон меравам?”. Посух додам, ки “не, соли 2019 барои як ҳафта ба ин кишвар омада будам”. Ин саволро ба дӯстам ҳам дод. Бо гузашти ҳудуди 30 дақиқаи дигар ба мо ҳам иҷозаи вуруд ба Гурҷистон дод.
Мехоҳам тафтиши ҷиддии ҳуввиятамонро шарҳ диҳам. Ду ҳафта пеш аз сафари мо, дустоне аз Душанбе барои ширкат дар як омӯзиш ба Тифлис рафтанд ва кормандони гузаргоҳи сарҳадӣ ду нафари онҳоро мисли мо “бозпурсӣ” кардаанд. Баъдан маълум шуд, ки яке аз онҳо давоми чанд соли охир бори дуввум ба ин кишвар меравад ва сабаби бозпурсии нафари дигар муҳри кишвари Арабистони Саудӣ дар шиносномааш аст.
Шояд сабаби тафтитши ҷиддии ҳуввияти ман ҳам ба сафари пештар доштаам рабт дошта бошад. Ва шояд тирпарронии шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Кишинёви Молдав сабаби эҳтиёткории сарҳадбонони Гурҷустон шуда бошад.
Ҳамин тавр мо вориди Гурҷистон шудем ва баъди 1,5 соат ба Тифлис расида, хӯрок хӯрдем ва ба маркази шаҳр - назди бинои парлумони ин кишвар рафтем.
Руҳияи зиддирусӣ ва ягона эътирозгар
Моҳи октябри соли 2019 вақте аз ин кишвар сафар кардам, назди бинои парлумони ин кишвар анбӯҳи одамон буд. Қазияи ҳузури вакилони парлумони Русия дар парлумони ин кишвар ва аз ҷойи раиси парлумони Гурҷистон суханронӣ кардани яке аз вакилони рус дар тобистони он сол хашми сокинони Тифлисро овард ва онҳо гирдиҳамоӣ карда буданд. Бо гузашти қариб чаҳор моҳ аз ин қазия, дар моҳи октябр низ сокинони зиёде назди бинои парлумон хайма зада, эътироз ва роҳпаймоӣ мекарданд.
Ин маротиб дар назди бинои парлумон касе набуд ва рӯҳияи эътирозӣ ҳам дида намешуд. Танҳо парчами Иттиҳоди Аврупо ва худи Гурҷистон парафшон буд. Як ҷавон тавассути баландгӯяк бо забони гурҷӣ эътироз мекард ва на пулис, на муҳофизи бино ва на сокинон ба ӯ аҳамият намедоданд.
Аҳолӣ пайи ташвиши худ, аммо руҳияи зиддирусӣ эҳсосшаванда буд. Сабаби асосии рӯҳияи зиддирусӣ ба ҳодисаи соли 2008 дар Осетияи ҷанубӣ ва Абхазистон рафта мерасад, ки ин ду минтақа дар натиҷаи кашмакаши ду кишвар аз Гурҷистон хориҷ шуданд. Аз ҳамон сол гурҷиҳо русҳоро чун ғосиби қаламрави худ медонанд. Баъди ин ҳодиса гирдиҳамоиҳои густурда ва даъватҳои наздик шудан ба Ғарб оғоз ёфт, ки то ҳол гоҳ-гоҳ дида мешавад.
То ҳол аксҳои Владимир Путин, Президенти Русия ва парчами ин кишвар бо шакли тазҳқиромез дар кӯчаҳои Тифлис дида мешавад. Бархӯрд ё муносибат бо забони русӣ ва русҳо ҳам тағйир нахурдааст. Чор сол пеш ҳам кӯшиш мекарданд, ба сайёҳон бо забони англисӣ посух диҳанд, ҳарчанд сайёҳ бо забони русӣ суҳбат мекард. Ҳоло ҳам вазъ чунин аст.
Бо вуҷуди ин, русҳо дар ин кишвар зиёданд, ки аксаран сайёҳ ё соҳибкору тоҷиранд. Ҳатто як шом шоҳиди он шудем, ки русҳо дар чандметрии маркази Тифлис мусиқиии русиро баланд карда, ба қавле “фароғат доштанд”. Аз сабаби он ки ба дигарон халал мерасониданд, баъди чанде онҳоро пулис бо худ бурд.
Ҳоло сари ҳар қадам парчами Украинаро вохӯрдан мумкин аст, ки дар дару девор ва дохили тарабхонаву қаҳвахона ва баъзан дар беруни бинои корхонаву ташкилотҳо парафшон аст. Ин як навъ ҳамовозӣ ба аҳолии Укроин ва ҳамин тариқ, эътироз ба амалкарди Русия аст, ки ба андешаи гурҷиҳо, тақрибан чунин амалро 15 сол пеш нисбати онҳо раво диданд. Гурҷиҳо чунин меандешанд, ки маҳз бархурди нарми созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои Ғарб ба ҳаводиси Оситияи Ҷанубӣ ва Абхазистон сабаб шуд, ки Русия дар соли 2014 Қрим ва ҳоло мехоҳад пурра Укроинро соҳиб шавад.
Яке аз вижагиҳои дигари Гурҷистон ин аст, ки бо фарқ аз Арманистон дигар ба як кишвари пасошӯравӣ монанд нест ва мекӯшанд худро як кишвари аврупоӣ муаррифӣ кунанд. Махсусан насли ҷавон тақрибан бо забони русӣ суҳбат намекунанд ва ба аврупоиҳо тақлид мекунанд.
Ҳамин тариқ, бегоҳии ҳамон рӯз бо дустоне, ки дар доираи барномаи мо ба Гурҷистон омада буданд, вохӯрдем ва аз чанд макони таърихиву фароғатии шаҳр дидан кардем.
Боғи Мтасминда ва “Модари Гурҷистон”-рамзи Тифлису Гурҷистон
Боғи Мтасминда ҷои тамошобоби сайёҳон ва сокинони Тифлис аст. Он дар баландии 770 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст ва нуқтаи баландтарин ин шаҳр аст. Боғ таърихи беш аз 100-сола дорад ва масоҳати он 100 гектар аст.
Он ба се минтақа - экстремалӣ, кӯдакона ва оилавӣ тақсим шудааст. Дар он ба ғайр аз атраксионҳо ресторану қаҳвахонаҳо, мағозаҳо, майдончаҳои истироҳатӣ, маркази дилхушӣ мавҷуд аст.
Манораи телевизионии Тифлис маҳз дар ҳамин боғ ҷойгир аст. Баландии он 275 метр буда, он соли 1955 сохта шудааст ва қариб аз тамоми гӯшаи шаҳр намоён аст. Манора яке аз рамзҳои Тифлис аст.
Аз Мтасминда тамоми шаҳри Тифлисро дидан мумкин аст. Ба ин баландӣ тавассути мошин ва тариқи роҳи танобии заминӣ, ки соли 1905 сохта шудааст, баромадае мумкин аст. Аз маркази шаҳр то ин баланди 7,5 км аст ва аз онҷо тавассути мошин 12-15 дақиқа ва тавассути роҳи танобӣ 3-4 дақиқа мебароед.
Сайёҳони зиёде аз ин минтақа дидан мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо барои баромадан тавассути роҳи танобии заминӣ навбат меистанд. Махсусан, дар шомгоҳон онҷо серодам аст. Шаҳрдории Тифлис дар ин минтақа кори зиёде накардаанд, танҳо инфрасхтори онро дуруст таҳрезӣ кардаанд, ки аз ин ҳисоб ҳамасола маблағи зиёде ба буҷаи шаҳр ворид мешавад. Иҷо ҳам назар ба чаҳор соли пеш тақрибан тағйир наёфтааст, танҳо як бинои нави хидматрасонӣ ва тарабхона сохтаанд.
Чизи дигаре, ки дар Тифлис таваҷҷуҳи маро ҷалб кард, шаҳри зинда будани он аст. То дери шаб дар кучаҳои шаҳр сокинон сайру гашт мекунанд ва дидани шоми Тифлис як манзараи дигар аст.
Дар шаҳр ҳостелҳои зиёд аст ва гарон ҳам нест. Ҳарчанд онҳо калону барҳаво нестанд, вале мешавад, дар як ҷои роҳат шабро рӯз ва истироҳат кард.
Чанд дирам болотар аз арзишҳои ҳамзабониву ҳамфарҳангӣ
Рӯзи дигар, мо барои тамошои Муҷассами “Модари Гурҷистон ё “Модари Картли” баромадем. Ба он ҷо низ тавассути мошин ва ё роҳи танобӣ, ки он аз болои дарёи Курӣ ё Мткаварӣ мегузард, баромадан мумкин аст. Нархи роҳи танобӣ 2,5 ларии гурҷӣ ё 10 сомонӣ аст ва ҳудуди 2 дақиқа то боло мебарад.
Муҷассамаи “Модари Гурҷистон” дар қисми таърихии пойтахт дар болои теппаи Сололакӣ ҷойгир аст. Баландии он ба 20 метр мерасад. Муҷассама соли 1958 сохта шуда, яке аз рамзҳои Гурҷистон ва пойтахти он аст.
Дар ҳайкал зане тасвир шудааст, ки дар як даст пиёлаи шароб ва дар дасти дигар шамшер дорад: май барои дӯстон, шамшер барои душман. Дар паси муҷассамаи Боғи ботаникии Тифлис воқеъ аст.
Тавассути муҷассама, ба қисми таърихии пойтахт - Тифлиси кӯҳна фаромадан мумкин аст. Нархи хидматрасонӣ ва молҳо дар ин ҷо гаронтар аст, аммо сайёҳон ин ҷойро барои меъмории нотакрораш дӯст медоранд. Тифлиси кӯҳна бо меъмории ғайриоддии худ сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд.
Баъди боздид аз муҷассамаи “Модари Гурҷистон” тибқи маслиҳати пешакӣ бо Шералӣ Ризоён вохӯрдам. Мо аз кӯчаҳои тангу сафолин, вале дилфиреби Тифлис қадам задем ва каме поинтар аз маркази шаҳр дар тарабхонаи “Ҳазору як шаб”, ки моли эрониҳои муқими ин кишвар буд, хӯроки шом хӯрдем.
Зимнан, ба фарқ аз Ирвон нархи молу маҳсулот ва хидматрасониву озуқаворӣ дар Тифлис гаронтар аст.
Чанд дақиқа пас Одина омад ва аз бархӯрди пешхидмати эронӣ барои чанд тетри (воҳиди хурди пулии Гурҷистон), ки баробар ба чанд дирами тоҷикӣ аст, ошуфта шуд ва то ҳол бо шӯхӣ мегӯяд, ки “ҳамфарҳангу ҳамзбонамон барои 1 дирам қариб моро сарзаниш мекарданд”.
Воқеан, мисли Арманистон дар Гурҷистон ҳам эрониҳои зиёдеро вохӯрдан мумкин аст. Аз сабаби наздик будани ин кишвар бо Арманистону Гурҷистон онҳо бештар барои сайру саёҳат ба инҷо меоянд. Эрониҳоеро ҳам вохӯрдан мумкин аст, ки барои тиҷорат ва савдо ба Гурҷистон омадаанд.
Ҳамин тариқ, баъди сӯҳбати дуру дароз бо Шералӣ Ризоён ба ҳостел баргаштем.
Зимнан, дар ҳостел бо як ҷавони озарбойҷонӣ вохӯрдем, ки дар Гурҷистон ба тиҷорати мошин машғул буд. Ӯ гуфт, дар Гурҷистон нархи мошин арзон аст ва ӯ чанд сол аст, ки аз ин савдо фоидаи хуб ба даст меорад. Вале таваҷҷуҳи маро ин чиз бештар ҷалб кард, ки чӣ гуна як тоҷири мошин дар ҳостел ҷой гирифтааст. Аксаран чунин тоҷирон дар меҳмонхонаву хонаҳои қашанг ҷой мегиранд. Салоҳ надонистам ин саволро аз ӯ пурсам.
Субҳи рӯзи дигар, мо ба Арманистон баргаштем. Дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҳам мушкиле пеш наомад ва то ҷои зарурӣ будуни мушкил, вале каме аз вақти муайяншуда дертар расидем.
Давом дорад.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста