Ташаккули санъати мусиқии касбии тоҷик ба Зиёдулло Шаҳидӣ, Артисти халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ (1914-1985) пайванди ногусастанӣ дорад. Асарҳои эҷоднамудаи ин поягузори мусиқии касбии тоҷик на танҳо дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, балки дар бисёр кишварҳои олам мақоми махсус дорад. Шаҳидӣ муаллифи беш аз 225 асари мусиқӣ буда, ҳар яки онҳо дар санъати мусиқии тоҷик ҷойгаҳи худро дорад.
Эҷодиёти рангини Зиёдулло Шаҳидӣ саропо аз меҳру муҳаббат ба Ватан, ба ниёгони пуршарафи халқи азизаш бахшида шуда буд ва ин ҳама меҳру муҳаббати самимӣ ва ифтихор аз тоҷик будани ин нобиғаи олами мусиқӣ башорат медод. Зеро Шаҳидӣ бо осори классикон, аз қабили Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Хайём ва Бедил, аз дурдонаҳои беназири “Шашмақом” огаҳии хос дошт ва албатта ин ганҷинаи бебаҳои ниёгони миллати мо ба эҷодиёти пурғановати ӯ таъсири амиқ расонидааст.
Аммо табиист, ки қисмат ва роҳи тайнамудаи нобиғаҳо на ҳамеша ҳамвор буд. Аз ҷумла Толибхон Шаҳидӣ, писари ӯ дар яке аз хотираҳояш менависад, ки “падарам солҳои охири умрашон як навъ бепарвоиеро нисбат ба санъати мусиқӣ аз ҷониби роҳбарони вақти вазорати фарҳангу иттиҳодияҳои эҷодӣ эҳсос менамуданд, аммо ба ин чизҳо кӯшиш мекарданд аҳамият надода, кори худро идома диҳанд. Ҳеҷ фаромӯш намекунам, ки яке аз рӯзҳои сарди феврали соли 1985 падари беморам дар беморхона ноумедона хоб буданд. Шоир Мирсаид Миршакар омада, ба он кас дипломи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро супориданд".
Ҳамчунин, Мунира Шаҳидӣ, фарзанди калонии Зиёдулло Шаҳибӣ ёдовар мешаванд, аз замоне, ки худро шинохт, манзили онҳо доимо пур аз меҳмонон -санъаткорони шинохта, мутрибону адибон буд. Ҳанӯз устод оҳанги тозаеро ба анҷом нарасонида, сарояндагони номии кишвар байни худ талош мекарданд, ки ин оҳанг барои онҳост.
Аҳмад Бобоқулов, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Рена Ғолибова, Ҳанифа Мавлонова, Туҳфа Фозилова ва дигарон зуд- зуд назди устод омада, эҷоди оҳанги ҷадидеро хоҳиш менамуданд. Чун устод худ донандаи осори адабиёти классикии форсу тоҷик буданду назму қофияро хуб мефаҳмиданд, боре ба талаффузи А. Бобоқулов эрод мегиранд. Пас аз машқ Бобоқулов ба ҳамсари устод Марҳабохон “шикоят” мекунанд:
- Ина бинед янгамулло, ман Артисти халқии СССР, аммо шавҳаратон ба тарзи иҷроиши ман эрод мегиранд...
Шаҳобиддини Ҳақназар, журналисти тоҷик менависад, ки “фарзанди баруманди ӯ, Толиб Шаҳидӣ дар мавҷҳои оҳанги падар ҷаҳонгир шуда, оламро бо оҳангҳои тоҷикӣ ошно сохт, ҳатто ба ҳайрат овард. Духтари доною оқилааш Мунира Шаҳидӣ бо илму дониш, бо мусиқадонию бо мақолаҳои оммавию маърифатомӯзӣ ва китобҳояш ба дилу дидаҳо нур кашид ва оҳанги падарро ба гӯшу ҳуши ҳамагон боз шевотару бурротар расонида тавонист”.
На танҳо фарзандони ӯ, балки набераҳояшон Фарангис Нуруллохӯҷа ва Табрез Шаҳидӣ низ, ки дар хориҷи кишвар зиндагӣ менамоянд, бо мусиқӣ сару кор доранд ва номбардори бобои бузурги хеш ҳастанд. Фарангис, ки ҳоло дар Канада зиндагӣ мекунад, хатмкардаи Донишгоҳи мусиқавии Гетеборги Шветсия аст ва ҷоизадори чандин озмунҳои бонуфузи байналмилалии мусиқӣ гаштааст.
"Зи сӯзи сина"
Устод Зиёдулло Шаҳидӣ ҳарчанд ба мартабаҳои баланди эҷодӣ расида, соҳиби оилаи обод ва фарзандон ва шуҳрати беандоза буданд, аммо табиист, ки дарду ранҷҳои солҳои наврасию ҷавонӣ, махсусан тақдири падараш Муқаддасхонро ба ёд меоварданд. Чунки солҳои 20-30 уми асри гузашта таъқиби равшанфикрон шиддат гирифта буд, падари ӯро ба Сибир бадарға намуда, дар он ҷо ҳукми қатл медиҳанд.
Гуноҳи ягонаи Муқаддасхон ва равшанфикрони дигари тоҷик дар он буд, ки онҳо соҳибмаърифат буда, китобҳои зиёде доштанд. Китобҳои ӯро дар майдони марказии Самарқанд- Регистон дар назди халқ оташ заданд. Худи Муқаддасхон ҳарчанд ба Душанбе паноҳ мебаранд, аммо дар он ҷо низ пайдо намуда, ба Сибир мефиристанд.
Зиёдулло Шаҳидӣ ба ғазали Ҳилолӣ “Сӯзи сина” оҳанг мебанданд ва табиист, ки дарду аламҳои худро тавассути нолаи сеҳрангези ин оҳанг ифшо намудаанд. Ин сурудро аввалин маротиба Ҳоҷӣ Аҳмадов сароида буданд ва баъдан Аҳмад Бобоқулов машҳур намуданд.
Суруди дигар, “Эй шӯх”- и Муҳаммадҷон Раҳимиро низ оҳанг баста буданд, ки маҳз бо ҳамин суруд Раъно Ғолибова соли 1943 дар назди Шоҳи Эрон Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ баромад менамояд ва тарзи иҷрои суруд бо лаҳни тоҷикӣ ва оҳанги дилфиреби он эрониёнро мафтун месозад.
Пас аз Раъно Ғолибова ин сурудро сарояндаҳои дигар низ иҷро намуданд Аз ҷумла сарояндаи ҷавон, солисти ансамбли эстрадии “Гулшан” Ҷеҳрон Салимов бо иҷрои ин суруд дар озмунҳои дохилию хориҷӣ дастболо гаштааст.
Бо ташаббуси бевоситаи Мунира Шаҳидӣ имрӯз дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе осорхонаи ҷумҳуриявии мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии фарҳанги Зиёдулло Шаҳидӣ фаъолият мебарад. Соли 2016 100- солагии Зиёдулло Шаҳидӣ бо қарори махсуси Ҳукумати Тоҷикистон ва ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва берун аз он таҷлил гардид.
Таҳсил дар Маскав
Устод Лоҳутӣ доимо таъкид менамуданд, ки Шаҳидӣ бояд дар консерваторияи Москва таҳсил намуда, маҳорати касбии худро мукаммал созанд. Аммо устод бо сабаби вазъи саломатиашон ин корро мавқуф мегузоштанд. Бо вуҷуди ин Лоҳутӣ истодагарӣ менамуданд ва барои таҳсил ташвиқ менамуданд. Шаҳидӣ ба Москва рафта, бемор мешаванд ва гашта меоянд. Аммо соли дигар боз ба консерваторияи Москва дохил мешаванд. Дар хобгоҳ ҷойгир шуда, пас аз муддате ҳамсарашон ва ду кӯдакашонро низ мебаранд.
Рӯзе дар вокзал тасодуфан Бобоҷон Ғафуровро мебинанд ва аз Шаҳидӣ ҳолу аҳвол мепурсанд. Чун устод одати шикоят кардан надоштан ҷавоб медиҳанд, ки хуб аст, аҳли оиларо низ овардам ва таҳсилу зиндагӣ идома дорад.
Медонед чӣ, як фикр ба сарам омад, шуморо депутат таъин мекунем ва ҳар моҳ маош дода мешавад. Бо ин васила шароити зиндагиатонро беҳтар мекунед. Воқеан ҳам ҳамин тавр шуд.
“Ситораи ман”
Охири солҳои 60- уми асри гузашта қарори ҳукумат дар бораи таъсис ва тақвият додани эстрадаи миллӣ баромад. Шаҳидӣ низ тасмим гирифтанд, ки дар ин кор бетараф набошанд. Рӯзе дар хонаашон Қудратулло Яҳёев бо писарашон Толиб ба бозии теннис машғул буданду устод ғарқи эҷод. Ба берун баромада, “Тилло, ин ҷо биё” гуфта Қудратуллоро даъват намуданд. Сурудро замзама намуда пурсиданд, ки ба назари ту ин сурудро ба кӣ диҳем?
-Ба Барно апа да, ба Барно Исҳоқова.
- Не, ин суруди классикӣ нест, ин эстрада аст.
Сипас шумораи телефони Муқаддас Набиеваро пайдо намуда, занг мезананд. Он вақтҳо Муқаддас яке аз сарояндаҳои ҷавону муваффақгашта буд. Баъдан, борҳо Муқкаддас Набиева дар ин бора чунин мегуфт: “Худи устод Шаҳидӣ ба ман занг заданд ва дар ҷоям шах шудам, ки чунин композитори бузург маҳз ба ман занг зада, пешниҳоди ҳамкорӣ намуданд.”
Муқаддас зуд ба хонаи устод меояд ва суруди навро бо ӯ тамрин мекунанд. Устод одате доштанд, ки ба санъаткорон на танҳо аз рӯи оҳанг, балки аз болои матн, тарзи дурусти иҷроишро низ мефаҳмонданд. Муқаддас хурсандонаю қаноатмандона баромада меравад.
Ҳамин тавр яке аз машҳуртарин сурудҳои Муқаддас Набиева “Ситораи ман” шеъри М. Турсунзода бо оҳанги З. Шаҳидӣ эҷод гашт, ки дар муддати кӯтоҳ вирди забонҳо гашт ва бо гузашти солҳои зиёд шуҳрати ин суруд баландтар мегардад. Аз ин ҷост, ки онро даҳҳо сарояндагони дохилӣ ва ҳатто хориҷӣ бозхонӣ намудаанд...
Чӣ тавр манзили устод ба осорхона табдил ёфт?
Соли 1987 Мунира Шаҳидӣ аз яке аз конфронсҳои байналмилалӣ, аз шаҳри Берлини Олмон тавассути Москва ба Душанбе бармегаштанд. Ходими ҳавопаймо пеш аз парвоз ба Душанбе аз муаллима хоҳиш менамояд, ки ба ҷои дигар рафта шинад.
Вақте сабаб мепурсад, ходим мегӯяд, инҷо роҳбари ҳукумати Тоҷикистон мешинад. Мунира Шаҳидӣ, ки он замон ба гуфтаи худаш ҷавону мағрур буд, розӣ намешавад. Ин роҳбар, Ғоибназар Паллаев раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон буд, ки баъди исрори мунира мегӯяд, «мушкиле нест, ман назди ин духтари зебо мешинам».
Паллаев ба китоби дасти Мунира Шаҳидӣ нигоҳ мекунад ва мепурсад, ки ӯ чӣ китоберо мехонед. Духтари Шаҳидӣ посух медиҳад, китобе, ки ба ҳукумати Тоҷикистон тамоман дахл надорад ва муқоваи китобро нишон медиҳад. Он китоби олими рус Елена Орлова дар бораи устод Шаҳидӣ буд. Паллаев мегӯяд, чи хел ба мо дахл надоштааст. Охир ин китоб дар бораи Шаҳидӣ аст.
«Агар дахл медошт, 70- солагии падарамро ба таври шоиста таҷлил мекардед»-, посух медиҳад Мунира Шаҳидӣ ба Ғоибназар Паллаев.
Воқеан бо сабабҳои номаълум ва “маълум” 70 солагии Зиёдулло Шаҳидӣ дар Душанбе таҷлили хос нагашта буд. Ҳарчанд дар Москва ва Тошканд онро тантанавор таҷлил намуданд, дар Душанбе бошад, бо ирсоли як “грамота” қонеъ гаштанд.
Сипас, Ғоибназар Паллаев пешниҳод мекунад, ки барои Зиёдулло Шаҳидӣ осорхона ташкил кунем ва ҳамин тариқ, Паллаев ба ин иқдом мусоидат намуда, ба расмиётдарорӣ ва корҳои дигари ташкилӣ муоидат намуд.
Дар муддати кӯтоҳ осорхона таъсис мсеёбад. Шиносону шогирдон, санъаткорон ва хайрхоҳони зиёде асбобҳои мусиқӣ ва нигораҳои зиёдро ба осорхона меоранд. Мутаасифона, солҳои ҷанг осорхона низ зарар дид ва чанде аз экспонатҳои нодири он гум шуданд. Ҳатто ҳуҷҷату номаҳои зиёд, аз ҷумла номаҳои устод Лоҳутӣ ба Шаҳидӣ.
Cоли 2024-ум 110 -солагии устод Зиёдулло Шаҳидӣ аст. Воқеан ҳам асарҳои сершумори ин нобиғаи олами ҳунар то ҳанӯз аз репертуарҳо нарафта, маҳбубияти бештаре касб мекунад. Будани чунин санъакору бузургу хештаншинос бахти баланде барои миллати тоҷик буду ҳаст.
Баъди мурдан шӯълаи овози ман хомӯш нест,
Хезад аз тори раги санги мазор оҳанги ман...
“Ҳукми сангин” ва “додгоҳ кӯдаки ширхорро ба инобат нагирифт”. Вокунишҳо ба ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимова
Нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд
"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”
Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард
Хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои пардохти қарзи давлатӣ хеле зиёд мешавад
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста