Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҷиҳати баргузории вохӯрии навбатии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 бо тими Ӯзбекистон озими шаҳри Тошканд мегардад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол», сарпарасти дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои даста хатсайри махсуси ҳавоӣ ташкил кардааст.
Мутобиқи маълумот, ба шаҳри Тошканд 23 нафар футболбозон раҳсипор мегарданд, ки инҳоянд:
Дарвозабонҳо: Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Миралӣ Муродов («Энергетик»), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ»);
Ҳимоятгарон: Фарҳод Восиев («Шинник», Ярославл), Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Акмал Сабуров, Соҳиб Сувонқулов (ҳама – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Аҳтам Назаров («Энергетик»),
Нимҳимоятгарон: Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама– «Истиқлол»), Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Абдусамад Ҳоҷибоев («Энергетик»);
Ҳамлагарон: Комил Саидов (ССКА «Помир»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод Тоҳиров («Истиқлол»).
Бозии дастаҳои мунтахаби Узбакистону Тоҷикистон пагоҳ, 15-уми ноябр, соати 18-и вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Тошканд оғоз меёбад ва дастаи Тоҷикистон дарҳол пас аз вохӯрӣ ба ватан бармегардад.
Мавриди зикр аст, ки дар мусобиқоти давраи интихобӣ дар гурӯҳи «С»-и қораи Осиё дастаҳои футболи Ҷопон ва Ӯзбекистон аллакай дорои 10-имтиёзӣ гардида, пеш аз мӯҳлат ба даври 4-ум роҳ ёфтанд. Футболбозони тоҷик дар ҳамаи вохӯриҳо – аз Ҷопон бо ҳисобҳои 0 бар 8 ва 0 бар 4, аз Корея 0 бар 1 ва Ӯзбекистон 0 бар 1 ба шикаст дучор шуданд.
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Нархи хадамоти интиқолу тақсимоти барқ ҳам гарон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста