Дар вохӯрии сеюми мусобиқоти интихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Ал-Қувайт дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз дастаи мизбон – мунтахаби наврасони Кувайт бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, голи дуюмро футболбозони навраси Кувайт дар вақти изофашуда (90+1) ба ҳадаф расониданд. Ин шикаст роҳ ёфтани дастаи Тоҷикистон ба даври финалии Чемпионати Осиёро хеле мушкил сохт.

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» дастаи Ҳиндустон бар дастаи Бутан бо бузурги 8 бар 1 пирӯзӣ ба даст овард. Ҳамин тариқ, пеш аз бозиҳои ниҳоӣ дар гурӯҳ дастаи Кувайт бо 9 имтиёз пешсаф буда, тими Ҳиндустон бо касби 7 имтиёз дар мақоми дуюм қарор дорад. Дасти Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир аст.

Дар вохӯрии ниҳоии рӯзи 29-уми сентябр дастаи Тоҷикистон бо дастаи Лубнон ва тими Кувайт бо Ҳиндустон қувваозомоӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки вохӯриҳои давраи инихобии Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар гурӯҳи «А» аз 21 то 29-уми сентябр баргузор мешаванд. Ҳамаи вохӯриҳо дар варзишгоҳи Алӣ Сабоҳ Ал-Салом дар Ал-Қувайт доир мегарданд.

Ғолибони 10 гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин аз ҳисоби тимҳои зинаи дуюмро ишғолнамуда ба даври финалии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Чемпионати футболи Осиё миёни наврасон (U-16) соли оянда дар Тайиланд баргузор мешавад.