Чемпиони ҷаҳон–2019 оид ба дзюдо миёни ҷавонон, варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков медали биринҷии Гранд Слами Осакаро ба даст овард.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг гуштин гирифт. Ӯ дар даври аввал озод буд ва дар даври дуюм бар варзишгари Фаронса Бенймин Ахус, дар даври сеюм бар варзишгари Русия Евгений Прокопчук ғалаба кард. Аммо дар чорякфинал аз варзишгари мизбон Масашӣ Ебинума, ки медали тиллои ин вазнро сазовор шуд, мағлуб гардид.
Гуфта мешавад, Сомон сипас дар қувваозмоии тасаллобахш варзишгари Қазоқистон Жансай Смагулов ва дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм варзишгари дигари мизбон Арата Татсукаваро шикаст дод. Медали нуқра насиби варзишгари Ҷопон Соишӣ Ҳашимото, медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари Муғулистон Одбайар Ганбаатар шуд.
Зикр мешавад, ки ду варзишгари дигари Тоҷикистон Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) ва Акмал Муродов (-81кг) дар даври муқаддамотӣ аз ҳарифонашон мағлуб гаштанд.
Сомон Маҳмадбеков барои ҷойи сеюм медали биринҷӣ ва 1500 доллари ИМА ҷоизапулӣ гирифт. Ӯ ҳамчунин соҳиби 500 хол гардида, мавқеашро дар радабандии ҷаҳонии олимпӣ беҳтар карда, феълан бо 2060 хол дар мавқеи 16-уми вазни -73кг ҷойгир аст.
Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 486 варзишгар (280 мард ва 206 зан) аз 87 кишвар иштирок карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста