Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки аз 25 то 30 март дар шаҳри Душанбе доир гардид, ҷамъбаст шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, дар рӯзи охир устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 61км ва ҳаваскорон дар масофаи 111км сабқат карданд.

Гуфта мешавад, мусобиқа миёни устодони варзиши велосипедронӣ аз рӯи 5 синну сол баргузор гардида, намояндагони Ӯзбекистон, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон ғолиб шуданд. Дар мусобиқаи даставии устодон бошад тими Ироқ пирӯз гардид.

Намояндагони Тоҷикистон 7 медал - 2-тогӣ тилло ва нуқра, инчунин 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Александр Игонин (то 50-сола) ва Ринат Батиршин (аз 50-сола боло) дар мусобиқаҳои синнусоли худ ғолибият ба даст оварданд.

Зинаҳои дуюмро велосипедронҳои зерин соҳиб шуданд: Ромин Худоиев (то 45-сола) ва Баҳриддин Исомиддинов (то 50-сола). Беҳзод Ҳакимов (то 40-сола) ва Павел Салимов (аз 50-сола боло) ба дарёфти ҷойҳои сеюм ноил гардиданд.

Дар мусобиқаи даставӣ низ байни устодон намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти мақоми сеюм шарафёб гардиданд.

Қобили зикр аст, ки дар Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ дар пойтахти Тоҷикистон 428 намоянда аз 27 давлати қора иштирок карданд.

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ байни ҷавонони синни то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор шуд.

Ғолибону ҷоизадорони 18 пойга бо ҷому медал ва туҳфаҳои ташкилкунандагон ва сарпарастони чемпионат қадрдонӣ шуданд.

1/5

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки бори нахуст дар Тоҷикистон баргузор шуд, аз ҷониби Конфедератсияи велосипедронии Осиё таҳти сарпарастии Иттифоқи байнулмилалии велосипедронҳо (UCI) дар ҳамкорӣ бо Федератсияи варзиши велосипедронии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳукумати шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.

Натиҷаҳои чемпионат

Мусобиқаҳои асосӣ

1. Қазоқистон – 7 медали тилло, 8 нуқра, 4 биринҷӣ

2. Ӯзбекистон – 5 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ

3. Ветнам – 1 тилло, 1 биринҷӣ

4. Баҳрайн – 1 тилло

5. Ҷопон – 2 нуқра

6-7. Эрон, Муғулистон – 1-тогӣ тилло ва 3-тогӣ биринҷӣ

8. Индонезия – 1 нуқра

9. АМА – 1 биринҷӣ.

Паралимпичиҳо

1. Таиланд – 6 тилло, 4 нуқра

2. Ӯзбекистон – 6 тилло, 3 нуқра, 1 биринҷӣ

3. АМА – 2 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ

4. Ҳиндустон – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ

5. Эрон – 1 тилло

6. Қазоқистон – 1 биринҷӣ.


Устодон ва ҳаваскорон

1. Тоҷикистон – 2 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ

2. Ироқ - 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ

3-5. Қазоқистон, АМА, Ӯзбекистон – 1-тогӣ тилло

6. Покистон – 2 нуқра

7. Муғулистон – 1 нуқра.

Сарпарастони чемпионат «Tcell», «Al Shafar Group», “IM Group”, осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ», “FIFTYFIVEGROUP” ва “Huawei”, сарпарастони техникӣ - “TezNet” ва “Asian Express”, шарикони расонаӣ - «Азия-Плюс» ва ТВ «Варзиш» мебошанд. “Сиёма” оби чемпионат шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.