Толибон* бозии футболро дар Афғонистон мамнӯъ эълон карда, гуфтаанд, он ҷанбаи динӣ надорад ва пас аз ин дар ин кишвар набояд бозии футбол баргузор шавад.
Хабаргузории “Иттилои рӯз” менависад, Вазорати иршод ва даъвати гурӯҳи Толибон дар шаҳри Дашти Қалъаи вилояти Тахор эълон кард, ки дигар бозии футбол дар ин шаҳр мамнӯъ аст.
Ба гуфтаи манобеъи маҳаллӣ, Толибон варзиши базкашӣ ва футболро иғвобарангез хонда, баргузории тамоми мусобиқотро мамнӯъ кардаанд.
Сокинони шаҳри Дашти Қалъа ба “Иттилои рӯз” гуфтанд, аз сӯи Вазорати иршод ва даъвати Толибон дар шаҳри Дашти Қалъа ба мураббиёну бозигарон ҳушдор дода шудааст, ки то эълони дигар иҷозаи баргузории мусобиқаҳои футбол дар ин шаҳрро надоранд.
Ба иттилои хабаргузории “8-и Субҳ”, Толибон ба Федератсияи футболи Бодғис гуфтаанд, ки футбол пас аз ин мамнӯъ хоҳад шуд.
“Ҳоло Толибон бозиҳои футболро дар вилояти Бодғис қатъ карданд”, - хабар медиҳад “8-и Субҳ”.
Ба иттилои ин хабаргузорӣ, Федерасияи футболи Бодғис ба дунболи ин дастури Толибон, ба тимҳои футбол хабар додааст, ки пас аз ин футбол бозӣ накунанд.
“Бозии футбол ҷанбаи динӣ надорад ва набояд пас аз ин футбол баргузор шавад”, - гуфтаанд намояндагони Толибон дар Бодғис.
Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки Вазорати иршод ва даъвати Толибон ба мураббиёни варзиши бадансозӣ ва гуштӣ низ дастур додааст, ки дар вақти варзиш бо мусиқӣ бозӣ накунанд.
Дар ин баробар, Вазорати иршод ва даъвати Толибон бозии бузкаширо ҳам мамнӯъ эълом кардаанд. Ин бозиро ҳам онҳо иғвобарангез зикр мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки футбол ва бузкашӣ дар Афғонистон аз намудҳои варзиши роиҷ аст.
Толибон баъди ғасби қудрати сиёсӣ дар Афғонистон бар зидди урфу одат, ҳуқуқи занон, озодиҳои фардӣ ва иҷтимоии мардуми кишвар қонунҳо ва муқарраротҳои худро ҷорӣ карда, озодиву ҳуқуқҳои онҳоро маҳдуд мекунанд.
Амалкарди Толибон борҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар маҳкум шудааст ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ аз Толибон дархост кардаанд, ки ба озодиҳои ҳуқуқи башар ва занон эҳтиром гузоранд. Толибон ҳамеша амалкарди худро дуруст ҳисобидаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста