Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир бо ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) Отабек Умаров дар Душанбе дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки Федеатсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди варзиш дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҷудоро баррасӣ карданд.

Шӯрои олимпии Осиё - созмони байнулмилалиест, ки 45 кумитаи миллии олимпии кишварҳои Осиё ба он шомиланд. Таҳти сарпарастии ОСА Бозиҳои Осиё баргузор мешаванд. Намояндаи Ӯзбекистон Отабек Умаров ду сол пеш ноиби президенти ин созмон интихоб шуда буд.

Гуфта мешавад, Отабек Умаров, ки дар Гран-Прии Душанбе ширкат дошт, ба Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд ва бошукуҳ баргузор кардани аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо – Гран Прии Душанбе, инчунин дастгирии мухлисон ва меҳмоннавозии тоҷикон баҳои баланд дод.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи Гран-Прии Душанбе 315 варзишгар аз 40 кишвари дунё иштирок карданд. Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа мунтахаби Тоҷикистон бо дарёфти 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ зинаи аввалро ишғол намуд. Дар мусобиқаи Гран-Прии Душанбе шахсан президенти Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) Мариус Визер ҳузур дошт.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ташкилоти варзишии «J-Sport»-и Ҷопон шартномаи ҳамкорӣ, инчунин бо мурабии ҷопонӣ Тамура Тори дар бораи ба ҳайси сармураббии мунтахаби Тоҷикистон кор карданаш қарордод ба имзо расонид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.