Дастаи футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар доираи даври 5-уми Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бозиро бо дастаи “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бо ҳисоби 2 бар 0 бохт ва имконияти баромад аз гурӯҳро аз даст дод.

Бозӣ дирӯз, 27-уми ноябр, дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар баргузор шуд.

Қисми аввали бозӣ бидуни гол ба анҷом расид, аммо дар қисми дуюм, дар дақиқаи 47-ум Майкл Олунга ҳисобро боз кард. Баъдан ӯ боз як гол ба дарвозаи “Истиқлол” зад.

Сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Игор Черевченко дар бораи вохурӣ чунин кайд кард:

“Дар натиҷаи хатоҳои кӯдакона ва  такрори он мо ду голи шабеҳро ба дарвоза сар додем. Дар робита ба фидокории бачаҳо, ман шикоят надорам. Дар вохӯрӣ мо низ фурсатҳои хуби голзанӣ доштем. Аммо, мутаассифона, онҳоро истифода карда натавонистем”, - гуфт Игор Черевченко.

Сармураббии “Истиқлол” ваъда дод, ки дар даври ниҳоӣ дар бозӣ бо “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ дастааш “ба хотири мухлисон бо тамоми қувва мубориза хоҳад бурд”.

Баъди ин бохт “Истиқлол” имкони баромадан аз гурӯҳро аз даст дод. Датсаи “Ад-Дуҳайл” ҳам наметавонад аз гуруҳ барояд, зеро дар бозии дигари ин гуруҳ ду даста мусовӣ карданд.

Акс аз ФФТ

Дастаи “Персеполис”-и Эрон бо “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар Теҳрон бозӣ кард. Ягон даста ба задани гол муваффақ нашуд ва бозӣ бо ҳисоби 0:0 поён ёфт.

Ҳамин тавр, айни ҳол дастаи “Ан-Наср” - 13 хол, “Персеполис” – 8 хол, “Ад-Дуҳайл” – 4 ва “Истиқлол” – 2 хол доранд.

Дар даври охир дастаи “Истиқлол” дар майдони худ бо “Ан-Наср” ва “Персеполис” дар Теҳрон бо “Ад-Дуҳайл” бозӣ хоҳанд кард. Ин бозӣ рӯзи 5-уми декабр баргузор мешавад.

Дар бораи нархи чипта барои бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср” аз матлаби “Аз 100 то 3 ҳазор сомонӣ. Фурӯши чипта барои бозии “Истиқлол” ва “Ан-Наср” оғоз шуд” маълумоти муфассал гиред.