Ҳамакнун, ҳамасола рӯзи 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад. Ин пешниҳод аз сӯи Рустами Эмомалӣ, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд ва дирӯз, 7-уми май Ассамблеяи генералии СММ дар ин бора қатънома қабул кард.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (ВКХ) хабар медиҳад.
Бори нахуст, моҳи феврали соли равон Рустам Эмомалӣ ба СММ пешниҳод карда буд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шавад ва бо қабули қатъномаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расман Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардад.
“Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаро оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол ба тасвиб расонд, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон ду кишвари дигар – Баҳрайн ва Либия низ онро дастгирӣ карданд”, - гуфта мешавад дар хабарномаи ВКХ Тоҷикистон.
Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ, ки онҳо хусусияти муттаҳидкунанда ва мусолиматомез доранд, таъкид шудааст.
Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар бахши амалиётии қатънома аз ҳамаи кишварҳои узв ҷиҳати дастгирии варзиш, аз ҷумла футбол, ки нақши он ҳамчун воситаи мусоидат барои таъмини сулҳ, рушд, тавонмандсозии занону духтарон ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин мусоидат ба фарогирии иҷтимоӣ, муколамаҳои байнифарҳангӣ ва байни тамаддунҳо назаррас аст, даъват ба амал оварда шудааст.
Зимнан, дар ҷаҳон беш аз 120 миллион нафар ба футболбозӣ машғуланд. Соли 1863 қоидаҳои расмии бозии даставӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи футболи Англия муқаррар карда шуд. Он вақт андозаи майдони бозӣ ва дарвозаҳо муқаррар карда шуданд. Соли 1904 Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ташкил карда шуд. Дар айни замон он 211 ташкилоти футболро ба ҳам меорад.
Тибқи қатъномаи нави СММ ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ташаббусро якдилона пазируфта, акнун ҳамасола Рӯзи ҷаҳонии футбол 25 май таҷлил мешавад.
Қобили зикр аст, ки Рӯзи байналмилалии футбол 10 декабр таҷлил мешавад, ки он низ бо ибтикори СММ муқарар шуда буд, аммо ин ҷашн мақоми расмӣ надошт.
Ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ баргузор мешавад?
Шавкат Мирзиёев нишасти аввали “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”-ро таърихӣ номид
Боздошти як марди 35-сола бо гумони куштори ҳамсараш дар пойтахт
Баҳси марзӣ ҳал ва сарҳад боз шуд. Аз Тоҷикистон чӣ гуна метавон ба Қирғизистон рафт?
Муҳоҷирон чӣ тавр ва дар куҷо метавонанд ҳузури худро дар Русия қонунӣ кунанд?
Ба футболбозони “Хуҷанд” 4 моҳ маош пардохт нашудааст
Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 апрели соли 2025
Пас аз 1-уми апрел муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Пасандоз бо 20% даромади солона. Иқдоми нави LOLC Молия дар Наврӯз
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста