Дар доираи даври дуюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал мунтахаби Тоҷикистон бо қаҳрамони футзали ҷаҳон ва Аврупо тими миллии Пуртуғол (Португалия) рақобат кард.
Набарди дастаҳо дар варзишгоҳи “Ҳумо Арена”-и шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор гардида, бо натиҷаи 3 бар 2 ба фоидаи ҳамватанони Роналду анҷом ёфт. Ду голи футзалбозони тоҷикро Комрон Алиев ва Бахтиёр Солиев ба ҳадаф расонданд.

Пас аз сипарӣ шудани ду даври марҳилаи гурӯҳӣ то ҳанӯз Тоҷикистон имтиёзе ба даст наовардааст, аммо бо дарназардошти фарқияти голҳо аз Панама пешсаф буда, дар зинаи сеюми гурӯҳи "Е" ҷой гирифтааст.
Яъне бо вуҷуди нокомӣ дар ду бозӣ то ҳол тими миллии кишвар имкони баромадан аз гурӯҳро дорад. Барои ин миллипӯшони кишварро лозим аст, ки дар бозии охир муқобили Панама пирӯз шаванд ва ду дастаи дигари зинаҳои сеюми гурӯҳҳои дигар аз мо натиҷаи бадтаре ба даст биёранд. Зеро аз 6 гурӯҳ танҳо чаҳор дастаи зинаҳои сеюм имкони баромадан ба марҳилаи баъдиро доранд.

Вохӯрии мунтахаби футзали кишвар бо Панама, ки дар даври дуюм дар баробари Марокаш бо ҳисоби 3 бар 6 бозиро бохт, рӯзи 22-юми сентябр доир мегардад.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон дар бозии аввали худ муқобили Марокаш бо натиҷаи 2 бар 4 ноком гардида буд.
Бояд гуфт, ки даҳумин мусобиқоти Ҷоми ҷаҳони футзал аз 14-уми сентябр то 6-уми октябри соли ҷорӣ дар се шаҳри Ӯзбекистон – Бухоро Тошканд ва Андиҷон баргузор мегардад.
Дар асоси қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 дастаҳо ба шаш гурӯҳ, иборат аз чаҳор дастаӣ ҷудо карда шуданд. Мунтахабҳое, ки дар даври гурӯҳӣ зинаҳои аввал ва дуюмро соҳиб мешаванд ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини зинаҳои сеюм ба марҳилаи финалӣ роҳ меёбанд.
Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърих дар ин мусобиқа иштирок мекунад. Тими миллии футзали кишвар баъди баромадан ба даври нимниҳоии Ҷоми Осиё ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифта буд.
Дар он мусобиқот шогирдони Пайрав Воҳидов бозии хуб нишон дода, то марҳилаи нимфиналӣ баромаданд, аммо дар ин марҳила аз Ӯзбекистон шикаст хӯрданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста