Тими миллии футболи Тоҷикистон дар радабандии навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) як зина боло рафта, бо 1224.93 хол дар байни 211 даста дар ҷойи 101-ум қарор гирифт.
Дар феҳристи қаблӣ, ки моҳи октбяр нашр шуд, Тоҷикистон 4.72 имтиёз камтар дошт ва аз ҷои 104-ум ба зинаи 102-юм баромада буд.
Мавқеи тими миллии кишвар, як рӯз пас аз ғалабаи бузург бо ҳисоби 5:0 бар муқобили дастаи Тимори Шарқӣ дар давраи панҷуми марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 боло рафт.
Дар феҳристи нави FIFA, ки рӯзи 19-уми ноябр нашр шуд, дар миёни дастаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбакистон пешсаф аст. Тими миллии ин кишвар дар феҳристи нав 5 зина боло ҷаҳиш карда, бо 1462,03 хол дар ҷои 50-ум қарор дорад. Тоҷикистон дар ин минтақа ҷои дуюм, Қирғизистон (104) сеюм, Қазоқистон (115) чаҳорум ва Туркманистон (137) дар ҷойи панҷум аст.
Cегонаи аввали он мисли радабандии қаблӣ ҷойҳои худро тағйир надодаанд.
Испания, қаҳрамони феълии Аврупо бо 1877,18 имтиёз дар зинаи аввал, Оржонтин (Аргентина), қаҳрамони феълии ҷаҳон бо 1873,33 хол дар ҷои дуюм ва Фаронса, ҷоизадори медалҳои нуқраи Ҷоми ҷаҳон бо 1870,00 имтиёз дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтаанд.
Бояд гуфт, натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар феҳристи FIFA моҳи феврали соли 2024 сабт шуда буд. Он замон тими мо пас аз баромадан ба даври ¼-ниҳоии Ҷоми Осиё дар Қатар ба зинаи 99-уми радабандии FIFA баромад.
Поёнтарин мавқеи Тоҷикистон дар феҳристи FIFA бошад, соли 2003 ба қайд гирифта шудааст. Он замон тими милли кишвар зинаи 180-умро касб мекард.




Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста