Душанбе . 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Қабл аз ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ахири моҳи август дар шаҳри Душанбе доир мегардад, сарони кишварҳои Русия Дмитрий Медведев, Чин ХуТсзинтао ва Муғулистон Намбарин Энхбаяр ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф меоранд.
Аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд, ки сарони кишварҳои номбурда ба сифати сарвари давлат бори нахуст аз Тоҷикистон бо сафари расмӣ боздид мекунанд.
«Айни замон вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ҳамдастӣ бо хадамоти тадорукотии ҷонибҳо барномаи сафари расмии сарони кишварҳои номбурдаро омода месозад», - иттилоъ дод манбаъ.
Ба гуфтаи намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҳамоиши Душанбе ба ҷуз сарони кишварҳои узви созмон (Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон) иштироки сарони давлатҳои Эрон, Муғулистон, Ҳиндустон ва Покистон чун кишварҳои нозир пешбинӣ шудааст. Президентони Туркманистон ва Афғонистон ба сифати меҳмон ба ҳамоиш даъват карда шудаанд.
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Нархи хадамоти интиқолу тақсимоти барқ ҳам гарон шудааст
Сокинони кишвар метавонанд як рӯз аз ташхиси тиббии ройгон гузаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста