Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аъзои гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ - Иттиҳодияи байнулмилалии молиявӣ (
IFC
) барои нахустин бор ҷиҳати беҳтар сохтани таҷрибаи ченкунии заминҳо аз ҷониби фермерони минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба кӯмаки онҳо технологияи моҳвораии
GPS
ҷорӣ месозад.
Аз дафтари кории
IFC
хабар доданд, ки бо истифода аз
GPS
фермерон имкон пайдо хоҳанд кард, ки андозаи дақиқи қитъаҳои замин, ҳамвории он, баландӣ ва нишебиии онро муайян намоянд. Ба иттилои манбаъ, бахши кишоварзӣ, аз ҷумла соҳаи пахтакории он яке аз бахшҳое мебошад, ки аксари аҳолӣ дар он машғули коранд ва ҳамзамон соҳаест, ки зери интиқоди бештар қарор дорад.
«Ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ки ба мустақилияти хоҷагиҳо ва аз тобеъияти марказ ҷудо кардани фермерон нигаронида шудаанд, ба ташкили тақрибан 30 ҳазор хоҷагиҳои хусусӣ боис шуданд ва ҳудуди 70 дарсади заминҳои кишт имрӯз ба онҳо тааллуқ дорад, - идома дод манбаъ. - Сатҳи пасти донишу малакаҳои нокифояи идоракунӣ дар бахши кишоварзӣ ба фермерон имкон намедиҳад, ки аз заминҳояшон самаранок истифода намоянд».
Бар замми ин, таъкид гардид, ки донистани андозаи дақиқи замин ҳамчунин зимни банақшагирии хароҷоти таҷҳизоту техника ва тухмиву нуриҳои минералӣ низ муҳим аст. Бонкҳоро низ барои молиягузории сарфакорона донистани андозаи мушаххаси заминҳо аз аҳамият холӣ нест.
Маълумотнома: Технологияи
GPS
дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи
IFC
оид ба беҳтар кардани дастрасӣ ба сармоягузории фермерони пахтакори минтақаи ҷануби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бонкҳои «Тоҷиксодиротбонк» ва «Бонки аввалини молиявии хурд» ҷорӣ гардида буд.
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Нархи хадамоти интиқолу тақсимоти барқ ҳам гарон шудааст
Сокинони кишвар метавонанд як рӯз аз ташхиси тиббии ройгон гузаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста