Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Корпоратсия «Гуандун»-и Чин ба коркарди конҳои урани Тоҷикистон мароқ зоҳир намудааст, вале феълан қонунгузории ҶТ ба таври истисно танҳо ба корхонаҳои давлатии ҶТ иҷозат додааст, ки ба корҳои иктишофӣ ва ҷустуҷӯии конҳои уран машғул бошанд.
Муовини аввали сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Раҳмонбек Бахтдавлатов имрӯз дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки онҳо ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардаанд, ки ба моддаи мазкури қонун тағйирот ворид карда шавад, то сармоягузорони хориҷӣ ба коркарду истихроҷи маъдани урани Тоҷикистон дастрасӣ пайдо намоянд.
Ба қавли ӯ, маълумоти дар Тоҷикистон мавҷуд будани 14 дарсади захираҳои урани ҷаҳон омӯзишу санҷиши иловагиро тақозо дорад. «Масалан, захираҳои урани минтақаи шимоли Тоҷикистон қариб тамом шудаанд, - гуфт Р.Бахтдавлатов.
«Дар сурати аз ҷониби парлумон рафъ сохтани маҳдудият дар коркарди урани Тоҷикистон, мутахассисони Чин ба кор шурӯъ хоҳанд кард», - афзуд ӯ.
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Нархи хадамоти интиқолу тақсимоти барқ ҳам гарон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста