Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Муовини
сармуҳандиси
ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик»
Рустам Раҳимов
ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ шояд аз моҳи август оғоз гардад ва ширкат бо чунин дархост ба ҳукумат муроҷиат кардааст.
«Агар пешниҳоди моро ҳукумат маъқул шуморад, аз моҳи август тартиби аз рӯи меъёр истифода намудани барқ шабона ҷорӣ хоҳад шуд», - таъкид сохт ӯ.
Дар мавриди шарҳи мавзӯъ
Рустам Раҳимов
зикр кард, ки айни замон сатҳи оби обанбори «Норак» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта
Ёдрас мекунем, ки вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки меъёри истифодаи барқ дар Тоҷикистон пас аз 9-уми сентябр ҷорӣ мегардад.
Ҳамчунин 18-уми июн зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи энергетика президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буд, ки меъёри истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон на дар фасли зимистон, балки тирамоҳ, аз 1-уми сентябр ҷорӣ карда шавад.
Вазир зикр карда буд, ки ба иллати хушксолӣ ва камобии имсола Тоҷикистонро зарурат пеш омадааст, ки дар обанбори Норак оби кофӣ захира намояд.
Ба қавли Г.Шералӣ, то ахири моҳи август мизони об дар обанбори Норак бояд ба
«Захира кардани об бояд бо дарназардошти баргардонидани қарзи нерӯи барқи кишвар ба Ӯзбекистон амалӣ гардад», - гуфт ӯ ва афзуд, ки феълан дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳудуди 63-64 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад ва аз ин миқдор 11 млн. кВт/соат ба Ӯзбекистон ва 1 млн. кВт/соат ба Қирғизистон интиқол дода мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста