Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки дар 20 километрии ғарби Душанбе воқеъ аст, аз ҷониби нерӯҳои ҳарбии ҳар ду кишвар истифода хоҳад шуд.
Вазири мудофиаи Тоҷикистон низ дар мулоқот ширкат варзид ва чунин изҳори ақида намуд, ки ин ҷо гап сари масъалаи иҷораи фурудгоҳ аз ҷониби Русия нест, балки ҳар ду кишвар дар ҳамбастагӣ аз он истифода хоҳанд кард.
«Мо ба президент иттилоъ додем, ки нақшаи муштараки ҳамкориҳои низомӣ миёни кишварҳо муваффақона амалӣ мегардад ва барои соли оянда лоиҳиа нақша барои имзо омода аст, - гуфт А.Сердюков.
Ӯ зикр кард, ки дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус ба омӯзиши кадрҳои низомии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимоти ҳарбии Русия зоҳир гашт.
Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, айни замон дар макотиби олии низомии Русия ҳудуди 500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ аз Тоҷикистон таҳсили илм мекунанд.
Дар посух ба суоли дар як замон иттифоқ афтодани боздиди ӯ бо сафари роҳбари Фармондеҳии марказии Амрико Мартин Демпс вазири мудофиаи Русия изҳор дошт, ки ин танҳо тасодуф аст.
Зимни боздид А.Сердюков ҳамчунин аз пойгоҳи мушоҳидаи кайҳонии «Норак» ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ боздид хоҳад кард.
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми гузашта дода буд, иҷро шуд?
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста