Душанбе. 4-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров чанде қабл аз Истанбул ба ватан баргашт.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ иттилоъ дод, ки ҳамроҳи намояндагони доираҳои коршиносони сиёсии Тоҷикистон онҳо дар конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти амният аз тундгароӣ ва ифротгароӣ», ки дар таърихи 28-29-уми июл доир гашт, иштирок кардаанд. Чорабинӣ дар Донишгоҳи илмҳои Истанбул баргузор шудааст.
Ба гуфтаи Р.Зойиров, дар масъалаи «тундгароӣ ва ифротгароии исломӣ» баҳси доманадоре сурат гирифтааст. «Коршиносони Аврупои Ғарбӣ дар бораи мафҳумҳои «тундгароӣ» ва «ифротгароӣ» танҳо тасаввуроти илмиву назариявӣ доранд, - гуфт ӯ. - Онҳо танҳо аз мавҷудияти чунин мушкилот моро мӯътақид месохтанд, вале ҳеҷ кадоме
ин мафҳумҳоро шарҳу тафсир дода наметавонист».
Ба таври дигар, мегӯяд ӯ, мутахассисони ғарб дар бораи «тундгароӣ ва ифротгароии исломӣ» танҳо тасаввурот доранду халос, ки он асоснок набуда, бозгӯи воқеият ҳам нест.
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2025
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста