Вақтҳои охир атрофи литсейҳои тоҷикӣ-туркӣ гуфтугузорҳои мухталиф ба гӯш мерасанд. Иддае бар ин назаранд, ки маҳз дар ин литсейҳо наврасони мо нисбат ба макотиби миёнаи «худӣ» дониши фарохтару замонавӣ гирифта метавонанд... Аксари мардум бошанд, дар ин росто андешаашон ин аст, ки толибилмон дар ин литсейҳо забони хориҷӣ, аз ҷумла, анлисиро ёд мегирифтаанд, вале бояд гуфт, акнун ки ин гуна марказҳои омӯзишии забонҳо ва аз худкунии компутар афзудаанд, ба назари аксари мардум ҳоҷат ба ин гуна литсейҳои «гароннарх»-и пулакӣ боқӣ намондааст.

РЕКЛОМ ВА Ё «ДАЪВАТ»-И МИЗО Ҷ ОН?!..

                Чанде қабл тавассути баъзе ВАО-и дохилӣ литсейҳои тоҷикӣ -туркӣ хонандагони синфҳои 6-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳуриро «даъват» мекарданд, ки «биёед ба литсейҳои мо, агар бихоҳед, ки саводи хубтар аз худ намоеду забон омӯзед ва компутарро аз худ кардан хоҳед, ҳама шароит барои шумо муҳайёст...».

                Албатта, ҳар наврас ва хонанда ҳам мехоҳад дар он ҷое таҳсил бикунад, ки шароит барои аз худ кардани дониш беҳтар аст ва чунин хоҳишро падару модарон низ барои фарзандони хеш доранд. Пас аз ин «даъватхо» кас ба андешае меравад, ки агар ин литсейҳо ин қадар «марказҳои хуби таълиму тарбия бошанд», чӣ ҳоҷат аст ба даъвату рекломи онҳо? Ё худи сабаби ин ҳама «мизоҷковиҳо» чист?...Бештар кӣ ба ин ҳавасманд аст?

                Аз ин ру, барои ба «ҷонибдорон» ва «мухолифон»-и литсейҳои туркӣ посухи аниқу дақиқ додан, зарур донистем, ки мисоли мушаххас биёрем, то «пешқадамӣ» -и ин литсейҳо ба «хоҳишмандон» рӯшантар гардад ва дар тасмимгирӣ ба иштибоҳу саросемагӣ роҳ надиҳанд.

«ТИЛЛО» - И К Ӣ БЕШТАР?...

                Рӯзноманигори тоҷик Ормони Озарахш гӯё ба ин масъалаи баҳсангез дар мақолаи хеш «Литсейҳои туркӣ: бошад ё набошад-2» (19.03.09с.) ҷавоби аниқу дақиқ дода, аз ҷумла ёдрас мекунад:

«... барои муқоиса ширкати чанд кишвар дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ аз фанни риёзиро пешкаш мекунем, то чи ҳад арзандаи намунаи ибрат қарор додан мебошад:

                Амрико дар 31 соли ширкат: 80 медали тилло, 96 нуқра ва 29 биринҷӣ ба даст овардааст;

                Британияи Кабир-дар 41 сол ширкат: 34 медали тилло, 82 нуқра ва 106 биринҷӣ;

                Булғористон- 49 сол ширкат: 50 медали тилло, 89 нуқра ва 88 биринҷӣ;

                Венгрия-48 сол ширкат: 74 медали тилло, 138 нуқра ва 77 биринҷӣ;

                Ҷумҳурии исломии Эрон -23 соли ширкат: 30 медали тилло, 63 нуқра ва 27 биринҷӣ;

                Чин-23 сол ширкат: 101 медали тилло, 26 нуқра ва 5 биринҷӣ;

                Россия-17 сол ширкат: 65 тилло, 28 нуқра ва 9 -то биринҷӣ;

                Туркия-дар 25 соли ширкат дар ин олимпиадаи байналхалқй, 8 медали тилло, 33 нуқра ва 59-то медали биринҷӣ ба даст овардааст;

                Ҷопон-19 сол ширкат: 23 медали тилло, 52 нуқра ва 30 биринҷӣ гирифтааст.

                Ин маълумотро метавон дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ аз рӯи дигар фанҳо низ пайгирӣ кард ва ба натиҷа расид, ки нишондиҳанда ба нафъи Туркия нест.

                Ҳамин тоҷик аст, ки солона 800 доллар мепардозад, то фарзандаш дар муассисаҳои туркӣ бихонад. Шояд барои туркҳо ин муассисаҳо манбаи даромад ё ба қавле фаъолияти тиҷорӣ бошад. Аммо барои тоҷик бояд набояд чунин шавад».

                Акнун «хоҳишмандон» - и мӯҳтараме, ки хоҳишманди толибилми чунин литсейҳо кардани бачаҳояшон мебошанд, аз мисолҳои овардаи рӯзноманигори дақиқсанҷ хонданд ва фаҳмиданд, ки литсейҳои кадом давлат пешқадам будаанд.

                Мо гуфтанӣ нестем, ки фарзандони хешро ба чунин ҷойҳолитсейҳои тоҷикӣ-туркӣ насупоред. «Ихтиёр ба дасти бахтиёр аст»...Вале боре лаҳзае сари андеша биравед, ки оё шумо маблағҳои бо сад ранҷ ёфтаатонро ба манфиат масраф мекардаед?!...

ЛИТСЕЙҲОИ ОМ Ӯ ЗИШЙ Ё «ТИ Ҷ ОР Ӣ ?!»...

                Рӯзномаи «Нигоҳ» (№4 (123), 16.04.09 с.) бошад, ба ин масъала таваҷҷӯҳ карда, овардааст: «Дар ҷумҳурӣ мавқеи литсейҳои туркӣ, ки лоиҳаҳои тиҷоратианду на ҳама вақт фаъолияти шаффоф доштаанд, рӯз аз рӯз мустаҳкамтар мегарданд. Бархе ақида доранд, ки онҳо аз ҷониби мансабдорони алоҳида дастгирӣ меёбанду имтиёзҳои зиёд доранд. «Нигоҳ» аз ду тан аз соҳибназарон пурсид:

- Шумо ба литсейҳои туркӣ имтиёз медодед?

                Хайринисо Мавлонова -раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ:

-Бале, агар ман имконият медоштам, имтиёз медодам. Ана шумо натиҷаҳои онро бубинед, ки чӣ қадар хонандагони ин литсейҳо ғолибони олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ шудаанд. Дар як қатор озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳои намоён гардидаанд. Сатҳи дониши толибилмони литсейҳои туркӣ баланд аст. Аз нигоҳи молиявӣ низ ниёзманд нестанд.

                Нуриддин Саидов , ректори ДМТ:

-На, ҳарчанд ки таҳсил дар ин литсейҳо мисли ҳамаи литсейҳои дигари муштарак хубанд, онҳо сатҳи дониши хонандагонро боло мебаранд. Толибилмони ин литсейҳо хеле фаъоланд. Ман ба ин гуна литсейҳо имтиёз медодам, аммо бо чанд шарт: аввал ин ки ин литсейҳо дар доираи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёриву ҳукуқии Вазорати маорифи ҶТ амал ва фаъолият намоянд, дуюм ин ки онҳо набояд ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ рабт дошта бошанду аз пайи вусъати пантуркизм дар ҷумҳурии мо гарданд.

                Ҳақ ба ҷониби Нуриддин Саидов аст: «онҳо набояд ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ рабт дошта бошанду аз пайи вусъати пантуркизм дар ҷумҳурии мо гарданд!!!»,- мегӯяд ӯ. Яъне, агар чунин «мақсад»...доранд, ман ба онҳо «имтиёз» доданӣ нестам. Ва агар ҳар як соҳибмансаб ва масъули мо мисли Саидов ин гуна ақида медошт, «олам гулистон мешуд», вале...

                Шояд мӯҳтарама Хайринисо Мавлонова то мусоҳиба доданаш ба рӯзномаи «Нигоҳ» мақолаи «Литсейҳои туркӣ: бошад ё набошад-2»-ро нахонда бошад, вагарна бовар доштем, ки «дилаш то ин андоза ба литсейҳои туркӣ намесӯхту ба онҳо «имтиёз» доданӣ намешуд»...

                Мо низ то хондани мақолаи ёдшуда хаёл мекардем, ки «шояд чун литсейҳои туркӣ дар олам дигар чунин литсейҳо набошанд»...

                Аз рӯи маълумоти дар боло овардашуда аёнамон мегардад, ки таълиму тадриси беҳтари имрӯзии насли наврас, аз ҷумла, дар пешаи риёзӣ ва риёзидонй авлавият бештар дар ҷониби кишварҳое ба монанди Чин, Амрико, Венгрия ва Булғористон будааст...

«МИССИЯАШОН» -РО ИҶРО КАРДАНД?!...

                Литсейҳои туркӣ дар айёме ба «мадад» - и насли навраси мо омаданд (1993), ки хурду бузурги мо аз таҳсилу омӯзиш дида, бештар ба сулҳу салоҳу тинҷиву оромӣ ниёз доштанд. Ба қавле «Фалак дар чӣ хаёлу...». Вале аз як сӯи дигар, ташаккур ба онҳо ва ҷои зикр аст, ки эшон натарсидаву аз чизе хавф набурда, ба мисли баъзе кишварҳо ба мо на яроқу аслиҳа, балки компутару «забон» оварданд... Ва имрӯз, ки дар кишвар тинҷиву оромӣ Ҳукмрон асту аз компутару «забономӯзӣ» «таъминем», метавон гуфт, ки ин бародарон аллакай ҳанӯз чанд сол пеш «миссияашон» -ро иҷро карда буданд ва ҳоҷат ба «ташвиш», яъне таълимдиҳии беохири мо надоранд. Ва боз мусаллам аст, ки на ҳама оилаҳои тоҷик дороанду қудрати дар чунин литсейҳо бо маблағ таҳсили илм карданро доранд...

                Оё чунин литсейҳои «ҳамранг»-и Тоҷикистон дар Русия-русӣ-туркӣ, Эстония-эстонӣ-туркӣ, Арманистон-арманй-туркӣ мавҷуданд, ҳастанд ва агар бошанд, тарзи таълимашон ин гуна аст?!...Ва агар танҳо дар ҷумҳурии мо бошанд, мақсад аз кушоданашон танҳо дар ҷумҳурии мо дар чист?! ... Боз чунин суолҳои ба ин монанд зиёданд, ки посухи онҳоро хонандагони гиромии рӯзнома ва масъулони Вазорати маорифи ҷумҳурӣ шояд аниқтар гардонда тавоханд...

                Дар фарҷом, тавсия мекардам, ки бобати мавҷудият: «ҳа» ё «не»-и литсейҳои туркӣ бархе аз ҳамкасбони мо, мақолаи бо факту далеловардаи «Литсейҳои туркй: бошад ё набошад-2»-ро хонда, ба хулоса меомаданд...