Фараҳбахш Аҳмедзода бо вуҷуди нобино будан дар озмуниФурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи “Адабиёти классикӣ” сазовори ҷойи сеюм гардид. Ӯ чор сол пайиҳам дар озмуни мазкур ширкат намуд ва барои ғолиб шудан мубориза кард. Фараҳбахш ҳамаи осору абёти азбаркардаашро бо шунидан дар хотирааш ҳифз кардааст.

Рӯзи 23-юми ноябр дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуд, ки Фараҳбахш Аҳмедова  яке аз ғолибон эълон гардид. Ӯ аллакай чаҳор сол аст, ки дар озмуни мазкур иштирок мекунад.

Фараҳбахш тибқи низомномаи озмун 16-асари насрӣ аз адабиёти класcикӣ, 100 ғазал, 135 рубоӣ ва дубайтӣ, 280 байт достон, 280 байт қасида ва 180 байт шеърро аз бар кардааст.

“Ба ман осори адибони класcики тоҷик писанд аст. Бештар ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ ва Мавлоно бароям писанд аст, ки аз худ кардаам”,- бо хурсандӣ баён намуд ӯ.

Гулноз Ҳақдодова, модари Фараҳбахш дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки чор сол мешавад духтарашро ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тайёр мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар аввал барои Фараҳбахш омодагӣ ба озмун осон набуд, аммо новобаста аз мушкилиҳо дилшикаста нашуда, барои муваффақ шудан мубориза кард.

“Дар соли аввал аз даври шаҳрӣ нагузашт, дар соли дуввум аз даври вилоятӣ ҷойи ифтихориро ба даст овард, соли сеюм низ мутаасифона муваффақ нашуд. Фараҳбахш имсол дар даври вилоятӣ ҷойи якум ва дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи сеюм гардид”, - бо хурсандӣ нақл мекунад модари ӯ.

Дар ин роҳ Фараҳбахшро модар ва хонаводааш кӯмаку дастгирӣ намудаанд. Ӯ мегӯяд, ки “модарам ҳамаи китобҳоро аз рӯйи низомномаи озмун мехонданд ва ман дар хотирам нигоҳ медоштам. Модарам маро зиёд кӯмаку дастгирӣ карданд то ба ҳадафам расам”.

Фараҳбахш Аҳмедзода бо модараш
Акс аз хонаводаи Фараҳбахш Аҳмедзода

“Ҳаррӯз бо Фараҳбахш ба озмун омодагӣ медидем. Ман мехондам ӯ ҳифз мекард, ҳамин тавр тибқи низомнома ба озмун тайёрии комил дидем. Ҳатто баъзе рӯзҳо то соатҳои 2-3-и шаб китобхонии мо идома мекард”,- мегӯяд Гулноз Ҳақдодова.

Бародари Фараҳбахш дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, аз сабабе ки хотираи хоҳараш хуб аст, ҳамаи маълумотро зуд ҳифз мекунад, барояш омодагӣ ба озмун мушкил набуд.

“Вақте барояш китоб мехонӣ, зуд азхуд мекунад, хотираи мустаҳкам дорад. Дар мактаб низ ба тарзи шифоҳӣ ба дарсҳо гӯш карда, онро ҳифз менамояд ва ба суолҳои муаллимон посух медиҳад. Фараҳбахшро дар мактаб бисёр эҳтиром мекунанд, ҳам муаллимон ва ҳам дӯстонаш ба ӯ ҳамеша кӯмак мекунанд”, - гуфт бародари Фараҳбахш.

Хонаводаи Фараҳбахш ба хотири нобино буданаш ӯро ду сол дертар ба мактаб сабти ном кардаанд. Ӯ ҳоло хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и шаҳри Панҷакент мебошад.

Фараҳбахш Аҳмедзода мехоҳад дар оянда рӯзноманигор шавад. Ӯ тасмим дорад, ки дар озмуни “Шоҳномахонӣ” низ ширкат намуда, ҷойи ифтихориро соҳиб гардад.

“Вақте маро дар миёни он ҳама иштирокчии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиби ҷойи сеюм эълон карданд, хеле хурсанд шудам ва бовариам ба худ бештар шуд. Акнун боҷуръатона ба озмуни “Шоҳномахонӣ” тайёр мешавам ва ғолиб мегардам”, - мегӯяд ӯ.

Ёдрас мешавем, ки шоми 23-юми ноябр дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуд. Дар озмун 4 нафар сазовори “Шоҳҷоиза” ва 126 нафар ғолиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дониста шуданд.

Имсол озмуни мазкур аз рӯйи 6 бахш – адабиёти кӯдакона, адабиёти классик, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон, эҷоди назм ва эҷоди наср байни 4 қишр - хонандагони синфҳои 1-4, хонандагони синфҳои 5-11, донишҷӯён (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорон, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор шуд. Дар ҳар бахш як ҷойи аввал, ду ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм муқаррар гардида буд.

Тафсилоти бештарро дар бораи “Киҳо соҳиби ҷоизаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” шуданд?”, дар матлаби зерин пурра мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.